,
Душанбе, 29-май
Маркази бақайдгирӣ, тестӣ ва омор яке аз воҳидҳои сохтории донишгоҳ ба ҳисоб рафта, дар ҳайати Раёсати таълим фаъолият менамояд. Маркази бақайдгирӣ, тестӣ ва омор нахустин маротиба дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар соли хониши 2007-2008 дар Факултаи физика-математика ва информатика таъсис ёфта буд.
Асоси ҳуқуқии фаъолияти марказро Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Стандарти давлатии таълимии маълумоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Консепсияи рушди таҳсилоти касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Низомномаи намунавии муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбӣ», «Консепсияи миллии маълумоти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ, фармонҳо ва мактубҳои Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Оинномаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ», қарорҳои Шурои олимон, фармону дастурҳои ректор, муовини ректор оид ба таълим ва низомномаи маркази бақайдгирӣ ва иттилоотии низоми кредитии таҳсилот ташкил медиҳанд.
ФАЪОЛИЯТИ МАРКАЗИ БАҚАЙДГИРӢ, ТЕСТӢ ВА ОМОР БАРОИ ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОИ ЗЕРИН РАВОНА ГАРДИДААСТ:
Ҳайати кормандон
Дар марказ 11 нафар корманд: сардор, муовини сардор, сармутахассис ва 8 нафар мутахассис кору фаъолият мекунанд.
Зоиров Абдулманон
сардори марказ
Абдуллоев Муҳаммадносир
муовини сардори марказ
Раҳмонов Муҳаммадулло
сармутахассис
Сафаров Абдулвоҳид
мутахассис
Маҳсиддинов Бахтовар
мутахассис
Назаров Абдулқодир
мутахассис
Сайдалиева Фотима
мутахассис
Чолова Майрамбӣ
мутахассис
Раҳимова Сарвиноз
мутахассис
Яқубов Некбахт
мутахассис
Суроға: ш. Кӯлоб, куч. С.Сафаров 16, ДДК ба номи А.Рӯдакӣ, бинои таълимии №3, ошёнаи якум, Маркази бақайдгирӣ, тестӣ ва омор
Телефони корӣ: (+992 83322) 2-59-56
E-mail: testi@kgu.tj
ОХИРИН ХАБАРҲО