, Душанбе, 16-март

КАФЕДРАҲОИ ТАХАССУСӢ» Назарияи иқтисодӣ


Дар бораи кафедра 

Кафедраи «Назарияи иқтисодӣ» бо фармони ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ аз 16.04.2013 № 13 ташкил карда шудааст, ки ҷузъи таркибии сохтори муассисаи таҳсилоти олии касбӣ буда, дар байни донишҷуёну омӯзгорон корҳои таълимӣ, илмӣ-методиро ба роҳ мемонад. Устодони кафедра дар факултаҳои мухталиф аз фанҳои вобастаи кафедра дарс меомӯзонанд. Дар кафедра 14 нафар омӯзгорон ба фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ, таълимӣ ва тарбиявӣ машғул мебошанд, ки аз ин шумора 3 нафар н.и.и., и.в. дотсент, 1 нафар н.и.и., м.к., 4 нафар муаллими калон, 5 нафар тассистент ва 1 нафар коргузор мебошанд. Айни замон мудирии кафедраро номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Сафаров Азамҷон Аҳмадхонович ба ӯҳда дорад. 


Таърихи кафедра

Кафедраи «Назарияи иктисодӣ ва молия» дар асоси ду кафедра собиқ кафедраи «Молия ва қарз», мудири кафедра муаллими калон –Куганов Н ва собиқ кафедраи «Назарияи иктисодӣ ва баҳисобгирии бухгалтерӣ» мудири кафедра н.и.с.,дотсент - Пирназаров Э. ташкил шудааст.

Собиқ кафедраи «Молия ва қарз» бо фармони ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ аз 6-уми апрели соли 2014, №57 бо номи кафедраи «Молия ва қарз» таъсис ёфтааст. Кафедра соли 2014 дар назди факултаи молиявию иқтисодӣ таъсис ёфта, дорои ду ихтисос «Баҳисобгирии бухгалтерӣ таҳлил ва аудит дар муассисаҳои буҷетӣ ва илмӣ», “Иқтисодиёти ҷаҳон” мебошад.

Собиқ кафедраи «Назарияи иқтисодӣ ва баҳисобгирии бухгалтерӣ» моҳи апрели соли 2014 дар сохтори факултаи молиявию иқтисодӣ ташкил шудааст. Кафедра аз рӯйи ихтисоси «Баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит дар муассисаҳои буҷетӣ ва илмӣ» фаъолият мекунад.

Метавон чунинигуфт, ки ду кафедра мутаҳид шуда, номаш кафедраи «Назарияи иқтисодӣ ва молия» мебошад, ки бо фармони ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдақи аз 16.01.2018 № 13 ташкил карда шудааст, ихтисосҳои «Молия ва қарз», «Андоз ва андозбандӣ», «Кори бонкӣ», «Баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит дар муассисаҳои буҷетӣ ва илмӣ» , «Иктисоди ҷаҳон» фаъолият мекард.

Бо фармоиши ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ №162 аз 17.06.2021, (§1 аз 21.06.2021) ба кафедраи Назарияи иқтисодӣ ҷудо карда шуд, ки ихтисосмандони соҳаи иқтисодиро, аз рӯйи ихтисоси  -250103 - иқтисодиёти ҷаҳонӣ (тоҷикӣ, англисӣ) тайёр мекунад.


Ҳайати кафедра

Сафаров А


  Сафаров Аъзамҷон Аҳмадхонович
  номзади илмҳои иқтисодӣ, и.в. дотсент, мудири кафедра  





MahmudovB
   Маҳмудов Баҳриддин Нуриддинович
   номзади илмҳои иқтисодӣ, и.в. дотсент







AsoevI

   Асоев Илҳом Зикрёевич  
  доктори фалсафа (PHD), муаллими калон






Каримов Г


Каримов Гадомад Урозович
муаллими калон

 





Давлатова Қ
   Давлатова Қаламнисо Одинаевна
   муаллими калон







NaimovaZ
 Наимова Зебунисо Холмуратовна
  муаллими  калон






Давлатова Р


 Давлатова Рухсора  
 ассистент  








SultonzodaN
 Султонзода Насиба Абдулло
ассистент







RahimovaQ

  Раҳимова Курбонби Одинаевна
  ассисент







BoymadovaS

  Боймадова Сайёра Ашуровна  
  ассистент








Фаъолияти маҳфилҳо дар кафедра

Дар кафедра семинари илмӣ ва маҳфили “Олами иқтисод” амал мекунанд. Маҳфил дар як моҳ ду маротиба гузаронида шуда, роҳбарии онро ассистент Боймадова Сайёра ба ӯҳда доранд. Шумораи иштирокчиёни маҳфил 21 нафар мебошанд. Мутобиқи накшаи корӣ семинари илмӣ-назариявӣ ва методии кафедра ҳар як моҳ дар мавзӯъҳои гуногуни актуалӣ гузаронида мешавад.


Суроға: ш. Кӯлоб, кӯч. С.Сафаров 16, ДДК ба номи А. Рӯдакӣ, бинои таълимии №5, ошёнаи 3-юм, утоқи №311
Телефони корӣ: (+992) 985-90-59-90
E-mail:  k-nazariyai.iqtisodi@kgu.tj

Кафедраҳо