, Панҷшанбе, 21-ноябр

Шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ


Шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ (минбаъд - Шуъба), сохтори таркибии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ буда, фаъолияти худро дар самти таъмини ҳуқуқии фаъолияти донишгоҳ амалӣ гардонида, ба ректори донишгоҳ тобеъ ва ҳисоботдиҳанда аст.

Шуъба дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оинномаи донишгоҳ ва Дастурамали шуъбаро ба роҳбарӣ мегирад. 

Вазифаҳои асосии шуъба:

  1. Назорати риояи қонунгузории маориф дар фаъолияти таълимӣ, тарбиявӣ ва илмӣ – тадқиқотӣ дар донишгоҳ;
  2. Мутобиқ намудани лоиҳаҳои фармоишҳое, ки аз тарафи сохторҳои донишгоҳ пешниҳод мегарданд;
  3. Омӯзиши санадҳои меъёрию ҳуқуқие, ки аз рӯи он донишгоҳ фаъолият мекунад;
  4. Андешидани чораҳои дахлдор нисбати ашхосе, ки ҳуҷҷатҳои ѓайриқоунуниро барои имзо ба ректори донишгоҳ пешниҳод намудаанд ва бекор намудани онҳо;
  5. Ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои донишгоҳ дар мурофиаҳои судӣ, судҳои ҳакамӣ ва дигар масъалаҳои ҳуқуқӣ;
  6. Иштирок дар таҳияи шартномаҳои меҳнатӣ (қарордодҳо) ва шартномаҳои меҳнатӣ;
  7. Шинос намудани ҳайати кормандони донишгоҳ ба қонунгузории маориф ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;
  8. Расонидани ёрии амалӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ ба кормандони донишгоҳ;
  9. тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои дигарро анҷом медиҳад.

КОРМАНДОН

NazarovB
   Назаров Бахтиёр
   мудири шуъба

 






RahmonovZ

   Ра
ҳмонов Зафар
   Мутахассиси бахш

   



 


Реҷаи корӣ:

Душанбе                         аз 08:00   то 17:00 
Сешанбе                         аз 08:00   то 17:00
Чоршанбе                      аз 08:00   то 17:00
Панҷшанбе                    аз 08:00   то 17:00
Ҷумъа                             аз 08:00   то 17:00
Шанбе                            аз 08:00   то 14:00
Хуроки нисфирӯзӣ:     аз 12:00 то 13:00 
Рӯзи истироҳат:           якшанбе


Суроға: ш. Кӯлоб, кӯчаи С.Сафаров 16, ДДК ба номи А. Рӯдакӣ, бинои маъмурӣ, ошёнаи сеюм, утоқи 305.
Тел: (8 33 22) 2-20-25
E-mailhuquq@kgu.tj

Донишгоҳи мо

ОХИРИН ХАБАРҲО