, Ҷумъа, 19-апрел

КАФЕДРАҲОИ ТАХАССУСӢ» Фанҳои табиию риёзӣ ва методикаи таълими он



Дар бораи кафедра
 

Кафедраи фанҳои табиию риёзӣ ва методикаи таълими онҳо ҷузъи таркибии сохтори муассисаи таҳсилоти олии касбӣ буда, дар байни донишҷуёну омӯзгорон корҳои таълимӣ, илмӣ-методиро ба роҳ мондааст. Устодони кафедра дар факултети омӯзгорӣ ва фарҳанг аз фанҳои вобаста ба кафедра ба донишҷӯён таълиму тарбия медиҳанд. Дар кафедра 7 нафар устодон ба фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ, таълимӣ ва тарбиявӣ машғул мебошанд. Аз ин шумора дар кафедра 1 нафар дотсент, 1 нафар н.и.п, 2 нафар саромӯзгор, 3 нафар ассистентон мебошанд.

Дар кафедра 3 нафар унвонҷӯ (Гулматов М., Сайдаҳмадова С. Абдулоев Д.) ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ машғул мебошанд. Синну соли миёнаи кормандони кафедра ба 40 сол баробар аст.


Таърихи кафедра

Кафедраи фанҳои табиию риёзӣ ва методикаи таълими онҳо аз соли 1968 бо номи кафедраи педагогика ва методикаи таълими ибтидоӣ арзи вуҷуд дошт. Муаллимони аввалини кафедра Сайдаҳмад Исоев, Соат Чалишев, Кароматулло Қаландаров, Куган Изатуллоев, Ёрали Содиқов, Одина Давлатов, Муродалӣ Набиев, Исроил Исмоилов, Ҷумахон Сайдаҳмадов, Сафар Наҷот, Тағоев Сафаралӣ, Ҳалимов Ғоибназар, Ибодов Назрулло ва дигарон буданд.

Аввалин мудири кафедра М. Р. Ярашевский буданд. Баъдан роҳбарии кафедраро устодон Боғиров, Исоев С. Исмоилов И. Изатуллоев К. Набиев М. Ҷӯраев Б. Фархуддинов Ю. Бозоров Х. Шералиева С. ба ӯҳда доштанд. Бо гузашти вақт кафедраи педагогика ва методикаи таълими ибтидоӣ номи кафедраи таҳсилоти ибтидоиро гирифт ва роҳбарии онро дотсент Шералиева С.М. ба ӯҳда доштанд. Бо қарори Шурои олимони донишгоҳ №1\3-2 аз 31 августи соли 2022 ва фармоиши ректори донишгоҳ профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек аз 08.09.2022 таҳти №180 кафедраи таҳсилоти ибтидоӣ ба ду кафедра: кафедраи фанҳои табиию риёзӣ ва методикаи таълими онҳо ва кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва методикаи таълими онҳо ҷудо карда шуд.

Айни ҳол мудирии кафедраро н.и.п. Акбарова М. Н. ба ӯҳда доранд.


Ҳайати кафедра

Акбарова М
 
   Акбарова Маҳрамбӣ Нусратуллоевна
   н.и.педагогӣ, дотсент, мудири кафедра

  




Изатуллоев К


   Иззатуллоев Куган
   н.и. педагогӣ, дотсент

 

 

 

 

Давлатов Т

   Давлатов Толқун
   муаллими калон

 

 





Сайдаҳмадова С
 Сайдаҳмадова Садбарг

 ассистент






Гулмадов М

    
 
 Гулматов Маҳмадалӣ Давлаталиевич

 муаллими калон






Абдулоев Д
 Абдуллоев Диловар

 ассистент

 





Мавлонов С  
  Мавлонов Сулаймон
  ассистент

 






Фаъолияти маҳфилҳо дар кафедра

Дар кафедра семинари назариявӣ ва илмӣ-методӣ (роҳбари он дотсент Изатуллоев К., котиб саромӯзгор Гулматов М.) ва маҳфилҳои «Риёзӣ табиӣ» (роҳбар омӯзгори кафедра Мавлонов Сулаймон., котиб донишҷӯйи курси чорум, ихтисоси таҳсилоти ибтидоӣ Сулаймонова Майрамбӣ); «Илм-фурӯғи маърифат» (роҳбари он саромӯзгор Давлатов Т.) фаъолият менамоянд. Маҳфилҳо дар як моҳ як маротиба гузаронида мешаванд. Аъзоёни ин маҳфилҳо дар конфересияҳо ва чорабиниҳои донишгоҳӣ бо маърӯзаҳои пурмуҳтавои худ баромад мекунанд. 


Дастовардҳои кафедра

 


Суроға: ш. Кӯлоб, кӯч. С. Сафаров 16, ДДК ба номи А. Рӯдакӣ, бинои таълимии №2, ошёнаи 1-ум, утоқи №8
Телефони корӣ:   (+992) 988 26 14 34
E-mail:  k-ilmhoi.tabiiy-riyozi@kgu.tj 

Кафедраҳо

*/