,
Сешанбе, 28-апрел
Мояи ифтихор ва саодатмандии беинтиҳост, ки тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 02.09.2014, 565 «Дар бораи ҷашни 70-солагии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ» Ҷашни 70-солагии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ 1 сентябри соли 2015 дар Донишгоҳи номбурда гузаронида мешавад. Мардуми шарифи Кӯлоб ва мардуми азизи Тоҷикистон дар паҳлуи ҳайати устодону омӯзгорон, донишҷӯён, хатмкардагони солҳои гуногун ва кормандони сохторҳои донишгоҳ 70-солагии таъсисёбии Донишгоҳи давлатии Кӯлобро бо ифтихору сарбаландӣ ҷашн хоҳанд гирифт. Ба истиқболи ин санаи муҳими таърихӣ раёсати донишгоҳ кумитаи тадорукот таъсис дода, силсилаи чорабиниҳои ҷашниро таҳия ва тасдиқ намуд. Барои ҳамаи мо муҷиби ифтихору сарфарозӣ ва ёддошти бузург аст, ки 12-уми октябри соли 1994 нахустин вохӯрии Сарвари давлат, Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи маъракаи райъдиҳии умумихалқӣ оид ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва интихоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ барпо шуд. Ин падидаи рӯҳбахшу хотирмон ҳеҷ гоҳ аз ёд зудуда нахоҳад гардид, зеро суханони хирадмандона ва дурандешонаи арзандатарин номзад ба вазифаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба масоили роҳҳои асосии таъмини сулҳу амонӣ, аз буҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ наҷот додани мамлакат ва ба даст овардани истиқлоли комил ҳанӯз ҳам садо медиҳанд. Муроҷиатномаи интихобкунандагони ҳамоиш ба ҳамаи интихобкунандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида буд. Ва дар ёд аст, ки баъди эълони аввали ҳисоби райъдиҳӣ ва ғалабаи комил Эмомалӣ Раҳмон ба Кӯлоб омаданд ва ба эҳтироми халқ шарафёб шуданд; кӯчаҳои шаҳри Кӯлоб моломоли одамони шоду фархунда буд!
Баробари ғалабаи музаффаронаи халқи Иттиҳоди Шӯравӣ бар фашизми Германия ва оғози азнавбарқароркунӣ ва тараққиёти хоҷагии халқ Донишкадаи давлатии Кӯлоб бо номи Институти давлатии дусолаи муаллимтайёркунии Кӯлоб, тибқи қарори Вазорати маданияти СССР аз 15 августи соли 1945, таҳти рақами 1373 дар заминаи омӯзишгоҳи омӯзгории Кӯлоб, ки дар гузашта номҳои курси педагогӣ (1931-1934), техникуми педагогӣ (1934-1935), комбинати педагогӣ (1935-1938)-ро доштааст, таъсис ёфт ва баъдан бо Қарори Вазорати маорифи ИҶШС аз августи соли 1945 Донишкадаи муаллимтайёркунии дусола ба Донишкадаи давлатии омӯзгории чаҳорсола табдил дода шуд. Институт дар ибтидо дорои факултаҳои таърих ва филология, физика-математика, табиатшиносӣ ва ҷуғрофия буд.
Соли аввали фаъолияти Институт дар факултаҳои мазкур ҳамагӣ 48 нафар абитуриентон қабул гардиданд, ки ба онҳо 9 нафар омӯзгорони таҳсилоти олидошта таълим медоданд. Нахустин директори он Раҳмон Каримов буда, тибқи фармони вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 августи соли 1945 ба ин вазифа таъйин мешавад. Дар соли аввали таҳсил нақшаи қабули донишҷуён 80% таъмин карда шуд. Вале бо кӯмак ва дастгирии идораҳои марбутаи давлативу ҳизбии шаҳру вилояти Кӯлоб барои шогирдон ба миқдори зарурӣ синфхонаҳо, дафтарҳои корӣ, озмоишгоҳҳо ва хобгоҳ пайдо карда шаванд. Раванди таълиму тарбия ба низом даромад. Омӯзгорони беҳтарин аз дуру наздик ҷамъ оварда шуданд.
Соли таҳсили 1947-1948 дар ин маркази илму маърифат кафедраҳои асосҳои марксизм-ленинизм (мудир Хоҷабобо Ортиқов), забону адабиёт (мудир Шаҳидӣ Каримов), физика-математика (мудир Аъзам Акбаров), табиатшиносиву ҷуғрофия (мудир, худи директор Раҳмон Каримов), педагогика ва психология (мудир Абдулло Раҳимов) фаъолият мекарданд.
Ректор Муҳаммадӣ Исматуллоев бисёр олимону омӯзгорони ҷавонро аз шаҳрҳои Самарқанд, Бухоро, Хуҷанд ва Душанбе ба Кӯлоб даъват намуд. Солҳои ректории Худойназар Мамадназаров дигаргуниҳои чашмрас рӯи кор омада, нақшаи қабули абитуриентон ба Институт хеле меафзояд, кафедраву факултаҳои нав ташкил меёбанд, сифати таълиму тарбия беҳтар мегардад ва дар ҷобаҷогузории кадрҳо тағйиротҳои ҷиддӣ ба амал меоянд. Чунончи, муаллими калон Ҳ.Б.Боғиров котиби бюрои партиявӣ, А.Сиддиқов раиси иттифоқи касаба ва Д.Г.Резник мудири шуъбаи таълими ғоибона таъйин карда шуданд. Ҷиддияти вазъиятро аз ин ҳам қиёс бояд кард, ки мудири кафедраи асосҳои марксизм-ленинизм аз ҷониби бюрои Кумитаи Марказии Партияи Коммунистии Тоҷикистон таъйин мегардид. Роҳбарии кафедраи мазкурро Б.Т. Абдураҳимов ба душ дошт ва дар он омӯзгорон Х.Мамадназаров, А.Сиддиқов, Ғ.Ятимов, М.Шукуров, Маллаев, Варханин кору фаъолият мекарданд. Дар кафедраи таърихи халқҳои СССР бошад, омӯзгорон Ҳ.Б.Боғиров, Р.Усмонов, Минязов, Д.Г.Резник таъйин карда шуданд.
Институт қадам ба қадам афзоиш меёбад ва таъминоти кафедраҳо бо омӯзгорон рӯ ба беҳбудӣ меоварад. Шумораи онҳо дар соли таҳсили 1952-1953 ба 576 нафар ва теъдоди олимону омӯзгорон ба 100 нафар расид, мутахассисони лаёқатманд Салоҳиддин Атоев, Ё.А.Бобоев, М.Г.Кабина, Ҳ.Назаров, Моёншо Назаршоев, Мирзо Султонов, Парвиз Ирфон, Ҳомид Хоҷаев ва дигарон ба ҳайси омӯзгор қабул карда шуданд. Институти дусолаи муаллимтайёркунии Кӯлоб дар зарфи 8 соли фаъолияти худ (солҳои 1945-1953) дар тайёр кардани кадрҳои педагогӣ ва таъмин намудани мактабҳои ҷумҳурӣ бо муаллимони таҳсилоти олии нопурра нақши бориз дорад. Дар ин муддат дар шуъбаҳои таълими рӯзона ва ғоибонаи он беш аз 900 нафар донишҷӯён таҳсил намуда, беш аз 750 нафарашон соҳиби дипломи таҳсилоти олии нопурра гардиданд.
Бо ҳамин марҳилаи аввали фаъолият ва рушди Институти муаллимии Кӯлоб хотима ёфта, аз соли таҳсили 1953-1954 марҳилаи дуюми он шурӯъ мешавад. Бо вуҷуди натиҷаҳои чашмгир ошкор буд, ки Институт тақозои афзояндаи соҳаи маорифро қонеъ гардонида наметавонад. Роҳҳои нав бояд ҷуст.
Қайд кардан бамаврид аст, ки заминаҳои моддӣ-таълимӣ дар зарфи 8 соли мавҷудияти Институт пайдо шуда буд. Қабл аз ҳама, ҳайати устодону омӯзгорони ботаҷриба ҷиҳати пешбурди кори таълиму тарбия дар мактаби олӣ – Институти 4-солаи педагогӣ омода буд. Роҳбарияти Институт дар назди мақомоти шаҳру вилояти Кӯлоб ва Ҳукумати мамлакат доир ба таъсис додани Институти давлатии педагогии Кӯлоб батакрор дархостҳо пешниҳод мекард. Ниҳоят, ин хоҳишу дархостҳои садорати Институт аз тарафи Ҳукумати Иттиҳоди Шӯравӣ пазируфта шуд ва 7 августи соли 1953 фармони Вазорати маорифи СССР таҳти рақами 1373 «Дар бораи барҳам додани Институти дусолаи муаллимтайёркунии Кӯлоб ва дар заминаи он ташкил намудани Институти давлатии педагогии Кӯлоб дар соли таҳсили 1953-1954» ба тасвиб расид.
Дар асоси фармони мазкур Совети Вазирони РСС Тоҷикистон низ аз 15 августи соли 1953 «Дар бораи дар заминаи Институти муаллимпайёркунии шаҳри Кӯлоб кушодани Институти давлатии омӯзгории Кӯлоб» қарори махсус қабул намуд.
Акнун марҳилаи дуюми фаъолият ва рушди Институти давлатии педагогии Кӯлоб шурӯъ гардид. Директори Институт Худойназар Мамадназаров аз 10 августи соли 1953 бо сабаби ба кори дигар гузаштан озод карда шуда, ба ҷои ӯ мудири кафедраи асосҳои марксизм-ленинизм Ашраф Сиддиқов муваққатан иҷрокунандаи ректори Институти давлатии педагогии Кӯлоб таъйин гардид.
Ҳамин тавр, дар соли таҳсили 1953-1954 миқдори донишҷӯёни шуъбаҳои таълими рӯзона ва ғоибонаи Институт ҳамагӣ 572 нафарро ташкил кард. Вобаста ба тавсеаи доираи ҳар як ихтисос афзоиши шумораи донишҷӯёну ҳайати омӯзгорон дар Институт, кафедраҳо, озмоишгоҳҳо ва дафтарҳои кории нав таъсис дода мешаванд. Дар китобхона миқдори адабиёти илмӣ, методӣ, бадеӣ ва адабиву техникӣ афзуда, масъалаи баланд бардоштани сифати омодасозии кадрҳои баландихтисос низ ба миён гузошта шуд. 19 декабри соли 1953 номзади илмҳои таърих, дотсент Ҳ.К. Хоҷаев ректори Институти давлатии омӯзгории Кӯлоб таъйин карда шуд. Ҷиҳати дуруст ба роҳ мондани сифати таълиму тарбия, мустаҳкам гардидани заминаи моддиву техникӣ ва ривоҷу равнақи корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва таъминоти моддию маишии омӯзгорон дар Институт корҳои шоиста ба анҷом мерасонад. Масалан, бо кӯмаку талошҳои ӯ биноҳои дуошёнаи рақамҳои 25, 27 воқеъ дар кӯчаи ба номи Карл Маркс (ҳоло С.Сафаров) ва бинои якошёнаи воқеъ дар кӯчаи ба номи С.Орҷонкидзе (ҳоло дар ҷои он бинои чорошёнаи шуъбаи таъминоти иҷтимоии шаҳрӣ қомат афрохтааст) аз ҷониби мақомоти шаҳр ба ихтиёри Институт дода шуд. Ҳайати устодону омӯзгорон бо истиқоматгоҳ таъмин карда мешаванд. Дар натиҷа тарк кардани донишгоҳ аз ҷониби кадрҳои омӯзгорӣ ҳаталимкон қатъ гардид, ҳайати асосии омӯзгорон нигоҳ дошта мешавад.
Институт дар марҳилаи дуюми рушди худ садҳо муаллимонро ба камол расонида, соҳиби таҳсилоти олии касбии пурра гардонид. Аз ҷумла, Муаллими халқии СССР Идӣ Халифаев, Муаллимони хизматнишондодаи Тоҷикистон Сония Аккалаева, Сарахон Турахонов, Карим Қодиров, Аҳмад Ҳаётов, Санг Самадов, Барот Мирзоев ва дигарон.
Дар соли таҳсили 1956-1957 Институт аз таҳсили 4-сола ба таҳсили 5-солаи ҳамгиро гузашт, зеро мамлакат ба муаллимони гуногунсоҳа эҳтиёҷ дошт. Дар факултаҳо ихтисосҳои ҳамгиро амал мекарданд. Масалан, дар факултаи таъриху филология муаллимони забонҳои тоҷикӣ ва русӣ, адабиёт, таърих, дар факултаи физика-математика омӯзгорони фанҳои математика, физика, нақшакашӣ, астрономия ва ғайра тайёр карда мешуданд. Гузаштан ба таълими ҳамгиро роҳбарияти Институтро водор сохт, ки нақша ва барномаҳои таълимӣ, такмили корҳои мустақилонаи донишҷӯён, ҳаҷму меъёри машғулиятҳои амалӣ ва лабораторӣ таҷдиди назар карда шаванд.
Соли 1957 барои Институт соли бобарор ва комёбиҳои бузург маҳсуб мешавад. Аз ҷумла, пояи моддӣ-техникии он пойдор ва устувор мегардад. Ду бинои таълимӣ ва толори варзишӣ ба кор даромаданд, ки дар натиҷа миқдори дарсхонаҳо афзуд, ба кори кабинету озмоишгоҳҳо самаранок гарид.
Шумораи донишҷӯёни Институт дар ҳамин давра ба 750 нафар расид. Онҳо дар се факулта – физика-математика, таъриху филология (дар 30 гурӯҳи таълимӣ) таҳсил мекарданд. Чунин раванди босуръати тараққиёт дар бобати тайёр кардани кадрҳои омӯзгорӣ тақозои замон буд. Соли 1957 Институтро беш аз 100 нафар хатм намуда, ба соҳаҳои гуногуни ҳоҷагии халқ, хосса, соҳаи маориф ва муассисаҳои давлатӣ фиристода шуданд. Миёни онҳо аз факултаи забон ва адабиёти тоҷик 41 нафар (Каромат Муродов, Машраб Муродов, Пӯлод Раҳматов, Бобо Эгамбердиев, Тӯрахон Шамсов, Сония Аккалаева, Ғазал Зардов, Барот Мирзоев), аз факултаҳои физика-математика 34 нафар (Аҳмад Ҳаётов, Идӣ Халифаев ва дигарон) буданд. Моҳи майи соли 1957 Х.К.Ҳоҷиев аз вазифаи ректори Институти давлатии педагогии Кӯлоб озод ва ба ҷои вай номзади илми таърих, дотсент Назришо Латифов таъйин карда шуд. Ин дигаргуниҳо натиҷаи мусбат дод.
Марҳилаи севуми фаъолият ва рушди Институти давлатии педагогии Кӯлоб ба соли 1960 садаи 20-ум рост меояд, ки онро марҳилаи рӯ ба таназзул овардани Донишгоҳ меноманд. Ташкилотҳои партиявии мактабҳои олӣ низ нисбат ба такмили сифати таълиму тарбияи донишҷӯён бетараф набуданд. Намояндагони КМ партияи коммунистии Тоҷикистон зуд-зуд ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ ташриф оварда, дар ҷаласаҳои партиявӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва Шӯроҳои олимони онҳо ширкат варзида, зарурати омода намудани муаллимони соҳибмаълумотро барои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ пайваста таъкид месохтанд. Масалан, моҳи октябри соли 1959 котиби дувуми КМ Партияи Коммунистии Тоҷикистон П.С. Обносов, котиби якум ва нозири кумитаи партиявии шаҳри Кӯлоб З.М.Абдулин ва Раҳматов дар маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботии бюрои ташкилоти партиявии Институти давлатии педагогии Кӯлоб иштирок менамоянд.
Соли таҳсили 1959-1960 дар Институт беш аз 750-800 нафар донишҷӯ таҳсил мекарда бошанд, дар соли таҳсили 1960-1961 320 нафар дар Институт боқӣ монда буданду бас.
Қатъи фаъолияти Институти педагогии Кӯлоб ба фарҳангу маънавиёти мардуми собиқ вилояти Кӯлоб хисороти ҷиддии маънавию фарҳангӣ ворид сохт; фонди китобхона хароб гашта, нусхаҳои нодиртарини он ба китобхонаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айни интиқол ёфт. Адабиёти зарурии илмӣ, бадеӣ, оммавӣ, сиёсӣ аз истифода соқит карда шуданд.
Ҳаёт собит сохт, ки қарори муттаҳид намудани мактабҳои олии омӯзгорӣ бар зарари рушду нумӯи низоми мактабу маориф дар кишвари азизамон гардид.
Бо қарори КМ Партияи Коммунистии Тоҷикистон ва Совети Вазирони РСС Тоҷикистон аз 27 июли соли 1962 Институти давлатии педагогии Кӯлоб барқарор гардид. Ректори он номзади илмҳои таърих, дотсент Тоҳир Умаров таъйин карда шуд.
Бо ҳамин марҳилаи сеюми таърихи душвори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (1960-1962) анҷом ёфта, марҳилаи нави таърихи Институти давлатии педагогии Кӯлоб (1962-1991) шурӯъ мегардад.
Дар соли таҳсили 1962-1963 дар ду факулта: факултаҳои филология бо ду шуъба – тоҷикӣ ва рӯсӣ, физика-математика 150 нафар абитуриентон ба Институт қабул гашта, дар маҷмӯъ бо донишҷӯёни курсҳои якум, дуюм ва чоруму панҷум 241 нафарро ташкил медод ва ҳамагӣ 19 нафар омӯзгорон ба таълиму тадрис машғул буданд. Дар назди ректор Т.Умаров дар эҳёи Институт мушкилоти зиёде рӯ ба рӯ омаданд, ки ҳаллу фасли онҳо ҷасорат, коршиносӣ, ташкилотчигӣ тақозо мекард. Институт боз аз нарасидани дарсхонаҳо, хобгоҳ, адабиёти таълимӣ ва илмӣ, аз мутахассисони варзида танқисӣ мекашид.
Дар соли таҳсили 1962-1963 шуъбаи таълими ғоибона аз нав барқарор гардид. Қабули донишҷӯён ба Институт меафзояд. Шумораи умумии донишҷӯён дар соли таҳсили 1965-1966 анқариб ба 1500 (аз ин 570 нафарашон дар шуъбаи таълими ғоибона) мерасад.
Дар интиҳои солҳои 60-ум ва ибтидои 70-ум шумораи кафедраҳо зиёд гашт. Омӯзгорони ҷавони Институт рӯ ба илм ниҳоданд. Дар ибтидои солҳои 70-ум Қодир Рустамов, Бобоқул Қурбоналиев, Ислом Ғуломов, Соат Чалишев, Раҳим Саидов, Достӣ Шарифов, Барот Нозимов, Хушвахт Ғафуров, Кароматулло Қаландаров ва дигарон рисолаҳои номзадӣ дифоъ намуда, ҳайати олимони Институтро афзун гардониданд.
Баъди ба кори дигар гузаштани Т.У. Умаров як муддати кутоҳ (аз соли 1971-1972) номзади илми фалсафа, дотсент Абдулло Раҳимов, ки чандин сол муовини ректор буд, ректори Институти таъйин гардид. Ҳиссаи ин олим ва инсони наҷиб дар танзими таълим ва илм дар Институт бузург мебошад.
Аз соли 1973 ректори Институти давлатии педагогии Кӯлоб номзади илмҳои иқтисодӣ, профессор И.Д. Хушвахтов таъйин мегардад. Соли таҳсили 1975-1976 дар Институт 198 нафар профессорону омӯзгорон, аз ҷумла 28 нафар номзадҳои илм, 13 дотсент, 162 омӯзгор, 7 ассистент фаъолият мекарданд. Шумораи кафедраҳои Институт дар ҳамин соли таҳсил ба 19 адад расид.Теъдоди олимону омӯзгорон дар давраи ректории дотсент Иқбол Давлатович Хушвахтов ба 227 нафар – 35 нафар номзадҳои илм ва дотсентон, 72 нафар муаллимони калон, 120 нафар омӯзгорону ассистентон расид.
Солҳои 70-ум ва 80-уми асри ХХ робитаи Институт бо марказҳои илмӣ ва донишгоҳҳои ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ қавӣ гардид. Солҳои 1980-1990 дотсентон С.К.Каримов, Х. Ғафуров, М. Маликов, К. Қодиров, М.О.Ибодов, И.Икромов, А.Маҳмадов, Қ.Б.Қодиров, Х. Афзалов, Р.Саидов, Ҷ.Шарифов, А.Кӯчаров, А.Паҳлавонов, Ҷ.Алимӣ ва дигарон рисолаҳои докторӣ дифоъ намуданд.
Дар марҳилаи чоруми рушд (1962-1991) роҳбарони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ номзади илмҳои таърих, дотсент Тоҳир Умаров, (1962-1971), доктори илмҳои фалсафа, профессор Абдулло Раҳимов (1971-1972), номзади илмҳои иқтисодӣ, профессор Иқбол Давлатович Хушвахтов (1973-1980), номзади илмҳои фалсафа, дотсент Тағай Раҳмонов (1980-1990), доктори илмҳои таърих Маҳмуд Ҳакимович Маликов (1991-1993) буданд.
Хушбахтона, Иҷлосияи тақдирсози XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз 16-уми ноябри то 2-юми декабри соли 1992 дар қасри фарҳанги Арбоби ноҳияи Хуҷанд ҷамъ омад, Ҳукумати конститутсионӣ дар кишвар аз нав барқарор ва эҳё гардид. Бо кӯшишу талошҳои фарзанди фарзонаи миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва дигар ҷонибдорони сулҳу ваҳдат ва бо миёнаравии сарони давлатҳои дӯст 27-уми июни соли 1997 «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон» ба имзо расид. Дар давраи бисёр ҳассосу душвори ҳаёти ҷамъиятии кишвар Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24-уми июли 1992 таҳти рақами 235 қарор «Дар бораи ба Донишгоҳи давлатии Кӯлоб табдил додани Институти давлатии педагогии Кӯлоб» ба тасвиб расонд. Дар он рӯзҳои сангину ҳалокатбор Донишгоҳи ба истилоҳ «навташкил» таълиму тардрисро ягон рӯз ҳам қатъ накарда, раванди таълиму тарбияро пеш мебурд.
Бо ибтикороти шахсан академик С.К.Каримов ва Вазорати маориф аз соли таҳсили 1992-1993 дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ факултаҳо, шуъбаҳо ва ихтисосҳои нав ташкил менамоянд. Ин аз аввалин самараи соҳибистиқлолӣ, Ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва заҳматҳои Президенти Ватани маҳбубу азизамон мебошад.
Дар тӯли 80 соли пурфайз инҳо ба вазифаи бошарафи ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ таъйин ва интихоб гардидаанд: Раҳмон Каримов (авг.1945 - фев.1948), Бозор Шарифзода (фев.1948 - дек.1948), Муҳаммадӣ Исматуллоев (сен.1948 -ноя.1950), Худойназар Мамадназаров (янв.1951 - авг.1953), Ашраф Сиддиқов (авг.1953 - дек.1953), Ҳамид Қосимович Хоҷаев (дек.1953 -авг.1957), Назришо Латипов (авг.1957 - авг.1960), Ниёз Сафаров (авг.1960 -июл.1962), Тоҳир Умаров (июл 1962 – июл 1971), Абдулло Раҳимов (июл.1971 – март 1972), Иқбол Давлатович Хушвахтов (март 1973 - май 1980), Тағай Раҳмонов (май 1980 – май 1990), Маҳмуд Ҳакимович Маликов (май 1990 – сен.1993), Самариддин Каримович Каримов (сен.1993 – дек.2004), Хурсанд Саидович Аъзамов (дек.2004 – окт. 2008), Каримҷон Қодиров (окт.2008 – сен.2010), Нуралӣ Назарович Солеҳов (сент.2010 – авг. 2012), Абдулло Ҳабибулло (авг. соли 2012-2019), Мирализода Абдусалом Мустафо (аз январи соли 2019 то июни 2022), Раҳмон Дилшод Сафарбек (аз 10-уми июни соли 2022 то соли 2025), Сафарзода Мунир Ватан (аз майи соли 2025 то ҳоло)
ОХИРИН ХАБАРҲО