, Чоршанбе, 06-май

ФАКУЛТЕТҲО» Филологияи тоҷик ва журналистика



МАЪЛУМОТИ УМУМӢ

Факултети филологияи тоҷик ва журналистика ҳамсоли Донишгоҳ буда, соли 1945 бо номи факултети забон ва адабиёти тоҷик таъсис ёфтааст. Дар соли таҳсили 1956-1957 факултети забон ва адабиёти тоҷик бо факултети таърих муттаҳид карда шуда, факултети таърих ва филология номгузорӣ гардид. Аз соли 1961 то давраи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон факултети таърих барҳам дода шуд ва факултет номи забон ва адабиёти тоҷикро гирифт. Шурӯъ аз соли 2009 баъди таъсиси шуъбаи журналистика факултети забон ва адабиёти тоҷик ба факултети филологияи тоҷик ва журналистика номгузорӣ карда шуд. Айни замон факултет аз рӯи таълими рӯзона ихтисосҳои забон ва адабиёти тоҷик, забоншиносӣ ва технологияи нави иттиилоотӣ, забон ва адабиёти тоҷик. Ихтисоси иловагӣ (маърифати оиладорӣ) ва рӯзноманигорӣ ва дар таълими фосилавӣ аз рӯи ихтисоси забон ва адабиёти тоҷик мутахассисонро тайёр менамояд.

Забон ва адабиёти тоҷик

Ихтисоси “Забон ва адабиёти тоҷик” дар факултет дар таълими рӯзона ва ғоибона (фосилавӣ) донишҷӯён ба таълим фаро гирифта шудаанд. Хатмкунандагони ихтисоси мазкур ба ҳайси омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ кору фаъолият карда метавонанд.

Рӯзноманигорӣ

Дар факултет аз соли 2009-ум инҷониб ихтисоси «Рӯзноманигорӣ» таъсис дода шудааст. То имрӯз хатмкунандагони ин ихтисос дар вазифаҳои гуногун кору фаъолият доранд. Хатмкунандагони ихтисоси мазкур метавонанд дар телевизиону радио, рӯзномаю маҷаллаҳо ва ВАО фаъолият намоянд. Гузаронидани машғулиятҳои амалӣ ва КМРО дар ихтисоси мазкур дар радиои факултетии донишгоҳ «Сурӯши ҷавонӣ» ба роҳ монда мешаванд. Инчунин таҷрибаомӯзии таълимии ихтисоси рӯзноманигорӣ дар ТВ Кӯлоб, филиали ТВ Сафина дар шаҳри Кӯлоб ва ТВ Ҷаҳоннамо гузаронида мешаванд.

Забоншиносӣ ва технологияи нави иттилоотӣ

Ихтисоси «забоншиносӣ ва технологияи нави иттилоотӣ» мутахассисонеро омода менамояд, ки забоншиносиро дар технологияи нави иттилоотӣ инъикос менамояд. Донишҷӯёни ин навъи ихтисос давоми таҳсил омӯзиши фанҳои забони русӣ, забони англисӣ, технологияи информатсионӣ ва илмҳои филологиро мехонанд. Омӯзгорони соҳибунвон ва донандаи забонҳои хориҷӣ ба онҳо дарс мегузаранд. Ҳамчунин дар машғулиятҳои технологияи информатсионӣ донишҷӯён ба тарзи таҳия намудани пайкараи аҳли илму адаб, таҳия намудани фарҳангҳо ва луғатҳо машғул мешаванд. Хатмкунандагони ин ихтисос дар вазифаҳои омӯзгори фанни забони тоҷикӣ, барномасоз, саҳифабанд ва дигар вазифаҳо кору фаъолият намуда метавонанд.

Забон ва адабиёти тоҷик. Ихтисоси иловагӣ (маърифати оиладорӣ)

Ихтисоси мазкур соли 2020 таъсис дода шуда, мутахассисони соҳаи забон ва адабиёти тоҷик, инчунин омӯзгорони фанни маърифати оиладорӣ омода карда мешаванд.

Ихтисосҳои факултет ба ҷамъият манфиатрасон буда, хатмкунандагони ин ихтисосҳо дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар кору фаъолият менамоянд. Бояд гуфт, ки ҷараёни таълим дар таълими рӯзона аз рӯи низоми кредитӣ ва дар таълими фосилавӣ низ аз рӯи низоми кредитӣ ва фосилавӣ ба роҳ монда шудааст.

Дар факултет 3 кафедра амал менамояд:

Кафедраи забоншиносӣ ва таърихи забон

Кафедраи забоншиносӣ ва таърихи забон ҷузъи таркибии сохтори муассисаи таҳсилоти олии касбӣ буда, дар байни донишҷӯёну омӯзгорон корҳои таълимӣ, илмӣ-методиро ба роҳ мемонад. Устодони кафедра дар факултет аз фанҳои забони тоҷикӣ, таърихи забон, услубшиносӣ, забонҳои эрони бостон, маданияти сухан, таҳлили лингвистии матн, хат ва имлои матни калассикӣ, ҳусни баён дарсҳои назарӣ ва машғулиятҳои амалӣ мегузаранд. Мудирии кафедраро номзади илмҳои филологӣ Давлатов Абдулмаљид ба зимма дорад. Дар кафедра 15 омўзгор, аз љумла омӯзгорони соҳибунвон ба донишҷӯён дарс мегузаранд.

Дар кафедра як маҳфил амал менамояд. Роҳбарии маҳфили “Забоншинос ва методисти љавон”-ро ассистенти кафедра Одинаева Њуснигул  роҳбарӣ менамоянд.

Кафедраи адабиёти тоҷик

Кафедраи адабиёти тоҷик ҷузъи таркибии сохтори донишгоҳ ва факултети филологияи тоҷик ва журналистика буда, дар байни донишҷӯён ва омӯзгорон корҳои таълимию тарбиявӣ, илмию методиро ба роҳ мемонад. Мудирии кафедраро номзади илмҳои филологӣ, дотсент Шамшоди Љамшед ба ӯҳда дорад. Дар соли 2026 дар кафедраи журналистика ҳамагӣ 13 нафар омӯзгорон ва  1 коргузор фаъолият доранд, ки қисме аз онҳо омӯзгорони соҳиби унвони илмидошта мебошад.

Дар кафедраи адабиёти тоҷик ва журналистика ду маҳфил “Адабиётшинос”, «Шоњномахонї» амал менамояд. Роҳбарии маҳфили “Адабиётшинос”-ро саромӯзгори кафедра Гиёева Тахмина ба зимма дорад.

Кафедраи журналистика

Самти фаъолияти кафедари мазкур ба соҳаи ВАО марбут буда, мутахассисон аз рӯйи як ихтисос омода карда мешаванд. Дар соли 2026 дар кафедраи журналистика ҳамагӣ 9 нафар омӯзгорон 1 коргузор-тањиќиќотчи ва 1 коргузор фаъолият доранд, ки қисме аз онҳо омӯзгорони соҳиби унвони илмидошта мебошад. Дар кафедраи мазкур маҳфили “Рӯзноманигори ҷавон” амал карда, роҳбарии онро ассистенти кафедра Наврўзова Шамсия ба зимма дорад.


ТАЪРИХИ ФАКУЛТЕТ

Факултети филологияи тоҷик ва журналистика ҳамсоли Донишгоҳ буда, соли 1945 бо номи факултети забон ва адабиёти тоҷик таъсис ёфтааст.

Дар соли таҳсили 1956-1957 факултети забон ва адабиёти тоҷик бо факултети таърих муттаҳид карда шуда, факултети таърих ва филология номгузорӣ гардид. Аз соли 1961 то давраи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон факултети таърих барҳам дода шуд ва факултет номи забон ва адабиёти тоҷикро гирифт.

Муаллимони нахустини факултет Анвер Аминов, Муҳаммадӣ Исматуллоев, Қодир Рустамов, Саид Исмоилов, Ғулом Ятимов, Шаҳидӣ Каримов буданд. Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои минбаъда баъди ташкилёбии Донишкадаи давлатии омӯзгории Кӯлоб як зумра хатмкардагони Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ва аспирантураи донишгоҳҳои Душанбе аз қабили Асадулло Сӯфиев, Х. Муҳибов, Барот Муродов, Мадохир Қурбонов, Изатулло Тамлихоев, А. Сатторӣ, Анвер Аминов, Шукрӣ Иброҳимовро ба кор фиристод.

Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин олимони машҳури Пажуҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи илмҳои Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон, Донишкадаи омӯзгории Душанбе аз қабили академикҳо Абдулғанӣ Мирзоев, Бобоҷон Ниёзмуҳаммадов, Раҷаб Амонов, Муҳаммадҷон Шукуров, профессорон Соҳиб Табаров, Раззоқ Ғаффоров, Шарофиддин Рустамов, Додихудо Карамшоев, Муҳаммадӣ Исматуллоев, Абдулғанӣ Эшонҷонов, Носирҷон Маъсумӣ, Абдусаттор Мирзоев, Собирҷон Мирзоевро барои кору дастгирии ҳайати омӯзгорони Донишкадаи давлатии омӯзгории Кӯлоб фиристод.

Дар давраи фаъолияти Донишкадаи муаллимтайёркунии Кӯлоб дар факултети забон ва адабиёти тоҷик дар қатори мутахассисони забон ва адабиёти тоҷик инчунин мутахассисони забон ва адабиёти рус низ тайёр карда мешуд. Михайличенко Григорий Саввич муаллими фанни забон ва адабиёти рус дар кафедраи забон ва адабиёти тоҷик фаъолият мекард.

Нахустсоли таъсиси Донишкадаи омӯзгории Кӯлоб 5 кафедра фаъолият мекард, ки яке аз онҳо кафедраи забон ва адабиёти тоҷик мутаалиқ ба факултети филологияи тоҷик буд.

Соли 2009 баъди таъсиси шуъбаи журналистика факултети забон ва адабиёти тоҷик ба факултети филологияи тоҷик ва журналистика номгузорӣ карда шуд.

  1. Бунёдгузорони факултет. Дар солҳои аввали ташкилёбии Донишкадаи муаллимтайёркунии шаҳри Кӯлоб факултети филологияи тоҷик таъсис ёфтааст, ки ин тақозои ҳаёт маҳсуб меёфт, зеро барои муассисаҳои маорифу фарҳанги ҷумҳурӣ, матбуот ва дигар сохторҳои давлатию ҷамъиятӣ мутахассисони маълумотдор хеле зарур буд.

Бо сабаби нарасидани кадрҳои унвони илмидошта хатмкардагони факултет ба кор ҷалб карда шуданд. Аз ҷумла Саидқул Сабзаев, Саидов Раҳим, Муродалӣ Набиев, Шовалӣ Саидҷаъфаров, Аҳмад Алиев, Ғоиб Мирзоев, Искандар Икромов, Маъруфи Раҷабро ном бурдан лоиқ аст, ки то ба унвони докторӣ ва номзади илмӣ расиданд.

Аз солҳои 70-ум то охирҳои солҳои 90 – уми асри ХХ дар рушду нумуи минбаъдаи факултет олимони варзида, профессорон Раҳим Саидов, Искандар Икромов, Аламхон Кӯчаров, дотсентон Рустам Қодиров, Соат Чалишев, Барот Нозимов, Саидқул Сабзаев, Шовалӣ Саидҷаъфаров, Ёралӣ Содиқов, Ғоиб Мирзоев, Аҳмад Алиев, Қаюм Сангов, Ҷумъахон Алимӣ, Барот Латифов ва бисёр дигарон саҳми арзанда гузоштаанд.

  1. Сарварони факултет. Бисёр донишмандон ва чеҳраҳои маъруф ба ин факултет сарварӣ кардаанд. Нахустин декани факултети филология, ки он замон номи забон ва адабиёти тоҷикро дошт Абдулло Раҳимов таъйин мешаванд. Баъдан номзади илмҳои фиология Шаҳидӣ Каримов ба ин вазифа пазируфта мешавад. Баъди муттаҳид шудани факултет ба шуъбаи таърих факултет номи филология ва таърихро мегирад. Аз соли 1953 то 1965 Боғиров Хусайн Боғирович таъйин мегардад. Аз соли 1965 то соли 1974 сарварии факултетро номзади илмҳои филология Қодиров Рустам иҷро менамояд. Баъдан дотсент Соат Чалишев, аз соли 1974 то соли 1981, аз соли 1981 то соли 1985 профессор Раҳим Саидов, аз соли 1985 то1992 дотсент Барот Нозимов, аз соли 1992 то 2004 дотсент Шовалӣ Саидҷаъфаров, аз соли 2004 то 2009 маротибаи дуюм Раҳим Саидов доктори илмҳои филология, профессор, аз соли 2009 то соли 2012 дотсентон ва омӯзгорони зерин Сайдаҳтам Юнусов, Грез Иброҳимов, Ғоиб Мирзоев, Фарҳод Шафиев, Бахтиёр Ғаффоров, Ашурова Нодира, Холиқова Зайналбӣ, Зулфиев Гадомад (2017-2018), Сафарзода Манучеҳр, Абдусамадзода Эраҷ Абдусамад (2020-2023) сарварии факултетро ба ӯҳда доштанд. Аз соли 2023 то инҷониб ин вазифаи пурмасъул маротибаи дуюм бар души дотсент Зулфиев Гадомад вогузор шудааст.

4.Соҳаи фаъолият. Дар факултет то соли 2008 як шуъбаи забон ва адабиёти тоҷик амал мекард, ки барои соҳаҳои хоҷагии халқ ихтисоси омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик тайёр мекард. Бо кӯшиши босамару натиҷадеҳ маъмурияти донишгоҳ дар соли таҳсили 2008-2009 ихтисоси рӯзноманигориро дар назди кафедраи адабиёти тоҷик кушоданд ва аввалин донишҷӯён ба ин гурӯҳ қабул гардиданд. Баъдан соли 2011 дар натиҷаи мукаммал гардидани ин шуъба бо фармони ректор кафедраи мустақил бо номи журналистика ифтитоҳ меёбад. Дар соли таҳсили 2013 – 2014 шуъбаи нави ба замони нав мутобиқ «Забоншиносӣ ва технологияи нави иттилоотӣ» кушода шуд. Инчунин соли 2020 ихтисоси дигар - Забон ва адабиёти тоҷик. Ихтисоси иловагӣ (маърифати оиладорӣ) таъсис дода шуд.

Инчунин барои беҳбудии раванди таълим дар бахшҳои забономӯзӣ, адабиётшиносӣ, рӯзноманигорӣ кабинетҳои фаннӣ фаъолият мекунанд, ки бо адабиёт ва таҷҳизоти техникӣ таъмин карда шудаанд. Дар назди кафедраҳои тахассусӣ барои тарбияи илмӣ ва касбии шогирдон ва ҷалби онҳо ба корҳои илмӣ маҳфилҳои фаннии «Забоншинос ва методисти ҷавон», «Рӯзноманигор», «Адабиётшинос»фаъолият менамоянд. Дар факултет инчунин маҳфили илмӣ – амалии «Шоњномахонї» зери роҳбарии доктори илмњои филологӣ Ашурова Нодира амал мекунад, ки дар он донишҷӯён оид ба яке аз бузуогтарин њамосањои ҷањон ва шоњкорињои безаволи адабиёти форсу тоҷик маърӯзаҳо мекунанд.

Дар факултет корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар байни омӯзгорон ва донишҷӯён пайваста ба рафти таълим ҷараён дорад. Устодон, докторантон ва унвонҷӯёни кафедраҳо аз рӯи самтҳои муайяни илмӣ кори тадқиқотӣ мебаранд.

Устодони факултет дар конфронсҳои ҷумҳуриявӣ, байналмилалӣ фаъолона иштирок мекунанд. Махсусан олимони соҳаи филология профессорон Аламхон Кӯчаров, Ҷумъахон Алимӣ, Ҳотам Асозода, Нодира Ашурова, дотсентон Содиќов Ералї, Зайналбӣ Холиқова, Одинаева Гулбону,   Шарофат Худойдодова, Абдусамадзода Эраҷ Абдусамад,, Зулфиев Гадомад, Темуров Ҷаҳонгир ва Давлатова Фароғат, Шамшоди Ҷамшед, Давлатов Абдулмаҷид, Алишери Абдулмаҷид, Исмоилова Фарзона, Сафарзода Манучењр, Одинаева Марњабо ва Ќурбонзода Рудобаи Исмоил на танҳо дар шаҳру минтақа, балки дар ҷумҳурӣ маълуму машҳуранд.

САРВАРОНИ ФАКУЛТЕТ

  1. Абдулло Раҳимов - солҳои 1945-1947;
  2. Шаҳидӣ Каримов - солҳои 1947-1948;
  3. Боғиров Ҳусейн Боғирович - солҳои 1953-1965;
  4. Қодир Рустамов - солҳои 1965-1974;
  5. Соат Чалишев - солҳои 1974-1981;
  6. Раҳим Саидов - солҳои 1981- 1985; 2004-2009
  7. Барот Нозимов - солҳои 1985- 1992;
  8. Шовалӣ Саидҷаъфаров - солҳои 1992-2004;
  9. Сайдаҳтам Юнусов - аз феврали соли 2009 то ноябри 2009;
  10. Фарҳод Шафиев - аз ноябри соли 2009 то феврали соли 2010;
  11. Бахтиёр Ғаффоров - аз феврали 2010 то ноябри 2010;
  12. Грез Иброҳимов -  аз ноябри 2010 то ноябри 2011;
  13. Ғоиб Мирзоев - аз ноябри соли 2011 то декабри 2012;
  14. Нодира Ашӯрова – аз декабри соли 2012  то ноябри соли 2015.
  15. Холиқова Зайналбӣ – аз ноябри соли 2015 то сентябри соли 2017.
  16. Зулфиев Гадомад-аз сентябри соли 2017 то августи соли 2018;
  17. Ашурова Нодира –аз августи 2018 то 9-уми октябри соли 2018;
  18. Сафарзода Манучеҳри Наҷот-аз 9-уми октябр ;
  19. Абдусамадзода Эраҷ Абдусамад - аз соли 2019 то 2023;
  20. Зулфиев Гадомад Нурмадович – аз соли 2023 то инҷониб

САДОРАТИ ФАКУЛТЕТ

zulfiev g

 
 
  ЗУЛФИЕВ ГАДОМАД НУРМАДОВИЧ
 декан, номзади илмҳои филологӣ, дотсент 
 Тел: (+992 3322) 2 36 68
 

 

MirzorahmatovaG

  МИРЗОРАҲМАТОВА ГУЛНОРА
 
ҷонишини декан оид ба таълим

        

 





NasimjoniS 
 НАСИМҶОНИ САИДАЗАМ

 ҷонишини декан оид ба тарбия 

       

    

    


Ризоева Р
 РИЗОЕВА РАЪНО
 танзимгар 







Суроға: ш. Кӯлоб, кӯч. С.Сафаров 16, ДДК ба номи А. Рӯдакӣ, бинои маъмурӣ, ошёнаи 4-5-ум
Телефони корӣ: (+992 3322) 2-36-68
E-mail: fil.tojik@kgu.tj


Ба рӯйхат