, Шанбе, 12-октябр

КАФЕДРАҲОИ ТАХАССУСӢ» Менеҷмент ва маркетинг


умуми

Дар бораи кафедра 

Кафедраи менеҷмент ва маркетинг ҷузъи таркибии сохтори муассисаи таҳсилоти олии касбӣ буда, дар байни донишҷуёну омӯзгорон корҳои таълимӣ, илмӣ-методиро ба роҳ мемонад. Ҳайати устодони кафедра дар факултетҳои мухталифи донишгоҳ аз фанҳои вобастаи кафедра ба донишҷӯён дарс мегӯянд. Айни замон барои пешбурди фаъолияти таълимию тарбиявӣ ва илмӣ таҳқиқотии кафедраро 21 нафар пешбурда, аз ин шумора 1 нафар ба ҳайси ҳамкори беруна, доктори илм, профессор ҳамкори дохила 2 нафар номзади илм, дотсент ва саромӯзгор ва асосӣ кору фаъолият намуда истодаанд, ки аз 4 нафар номзадони илм, дотсентон, 3 нафар саромӯзгорон, 10 нафар ассистентон ва 1 нафар корманди техникӣ ташкил намуда, фаъолияти густурда доранд. Бояд тазаккур намуд, ки кафедра дорои 3 ихтисос дар таълими рӯзона ва фосилавӣ, менеҷменти иҷтимоӣ, маркетинг ва менеҷменти инноватсионӣ ба таълиму тадрис машғул буда, дар зинаи докторантураи PhD аз рӯи ихтисоси менеҷменти иҷтимоӣ ва маркетинг таҳқиқотчиён ба таълифи рисолаҳои илмӣ машғул мебошанд. 


Таърихи кафедра

Аз санаи 7-уми январи соли 2008 кафедраи  Менеҷмент таъсис дода шуд ва ба вазифаи мудири  кафедраи  мазкур  номзади илмҳои иқтисодӣ Исмоилов С. таъин карда шуд. Ҷонишини мудири кафедра дар шакли ҷамъиятӣ муаллимаи кафедраи мазкур Бобохонова Ш.Х. таъйин карда шуд.

Бо назардошти  нарасидани мутахассисони дараҷа ва унвони илми дошта  кафедраи маркетинг ва менеҷмент тибқи бандҳои 2 ва 5-и Низомномаи кафедраи муассисаи таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (қарори мушовараи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 апрели 2006, таҳти рақами 8/4) муттаҳид карда шуда, кафедраи маркетинг ва менеҷмент номгузорӣ карда шуда аз 17-уми ноябри соли 2009 ба ҳайси мудири кафедраи маркетинг ва менеҷмент муаллимаи калони кафедраи мазкур  Бобохонова Шаҳрбону таъйин карда шуд.

Аз 1-уми марти соли 2010 ба ҳайси иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедраи менеҷмент ва маркетинг номзади илмҳои педагогӣ, муаллими калони кафедраи  информатика ва методикаи таълими математикаи факултаи математика ва информатика Юнусов Шамшер  таъйин карда шуд. Мутобиқи банди 100-уми «Низомномаи намунавӣ оид ба муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо қарори мушовараи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2005 таҳти № 254 тасдиқ шуда буд  аз 8-уми ноябри соли 2010 кафедраҳои менеҷмент ва маркетинг ҷудо карда шуданд ва и.в. мудири кафедраи Менеҷмент н.и.и. Шарипова Ф. ва ба ба ҳайси и.в. мудири кафедраи Маркетинг дар асоси ҷамъиятӣ н.и.и. Исмоилов С. таъйин карда шуданд.

Аз 1 уми апрели соли 2014  факултаи иқтисодӣ ба ду факултаҳо ва чор кафедраҳо таҷдид дода шуд, ки кафедраи «Менеҷмент ва маркетинг» ба факултаи «Иқтисод ва идора»  вобаста карда шуда и.в. мудири кафедра н.и.и. Шарипова Ф. таъйин карда шуд.

Аз 7 уми октябри соли 2014 и. в. мудири кафедраи «Менеҷмент ва маркетинг» муаллимаи калони кафедраи мазкур  Бобохонова Ш.Х. таъйин карда шуд.

Аз 4 –уми январи соли 2018 кафедраи менеҷмент ва маркетинг ва кафедраи иқтисод ва идора якҷоя гардида кафедраи иктисод ва идора ноим мегирад.

Аз санаи 17 уми октябри соли 2020 ба ҳайси иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедраи менеҷмент ва маркетинг муаллими калон Абдулов Д.Н. таъйин гирдид.

Аз 31-уми августи соли 2021 то моҳи октябри соли 2022 вазифаи мудири кафедраро номзади илмҳои иқтисодӣ, и.в., дотсент Навруз Носири иҷро намуд. Моҳи октябри соли 2022 ба вазифаи мудири кафедра н.и.п., дотсент Сафарзода М.В. таъин карда шуд.


Ҳайати кафедра

Ғуломов З
  Ғуломов Зикруллоҳ
  н.и.и., муаллими калон, мудири кафедра







Навруз Н
   Наврӯз Носирӣ
   н.и.и., и.в., дотсент







Содиқов

 Содиқов Зафаршоҳ Саидҷаъфарович
 н.и.и., муаллими калон

 

 


Бобохонова Ш

 Бобохонова Шаҳрбону
 н.и.и., саромўзгор







Сафарова М

 Сафарова Муборак 
 н.и.и., саромўзгор








Абдулов Д
 Абдулов Дилшод
 саромўзгор







Талбаков Л

 Талбаков Лутфулло
 ассистент







Раънои Н
 Раънои Нуралӣ
 асситент







Шарифов С
 Шарифов Суҳроб
 ассистент







Давлаталии А
  Давлаталии Абдусаломзода

  ассистент, докторанти PhD







Иброҳимов М
 Иброҳимов Маҳмадрасул
 ассистент, докторанти PhD







Сафаров А
 
Сафаров Аҳлиддин
  ассистент







Қурбонов Н
 Қурбонов Некрӯз

 ассистент








Фаъолияти маҳфилҳо дар кафедра

Дар кафедраи менеҷмент ва маркетинг маҳфили бо номи «Менеҷер ва маркетологҳои ҷавон» аз соли 2009-ум то ин ҷониб фаъолона амал намуда, тибқи нақша дар як моҳ як маротиби гузаронида мешавад. Роҳбарии маҳфилро ассистенти кафедра Ибрагимов Муҳаммадрасул ба ӯҳда дошта тибқи нақша як маърӯза шунида мешавад гузаронида мешавад.

Ҳамчунин дар баробари ин дар кафедра семинарии омӯзгорон амал мекунад, ки нақшаи кори семинар аз тарафи Раёсати илм ва инноватсия тасдиқ шуда моҳе як маротиба гузаронида мешавад.


Дастовардҳои кафедра

1

Навруз Носири номзади илмҳои иқтисодӣ, муаллими калони кафедра барои хизматҳои бисёрсолаи бенуқсон дар соҳаи илму маориф ба ифтихорномаи Вазорати моариф ва илми  Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2021 сарфароз гардонида шуд.






2
Сафарова Муборак Бобохоновна, Қурбонов Хуршед. Васоити таълимӣ «Маркетинги байналмилалӣ».

 

 



3

Абдулов Дилшод барои иштироки фаъолона дар конференсияҳои фосилавии ФР ба  воситаи интернет







4
 Сафарова  Муборак   барои иштироки фаъолона дар конференсияҳои фосилавии ФР ба  воситаи интернет





 


Суроға: ш. Кӯлоб, кӯч. С.Сафаров 16, ДДК ба номи А. Рӯдакӣ, бинои таълимии №3, ошёнаи 1-ум
Телефони корӣ: (+992) 
E-mail: 

Кафедраҳо