,
Панҷшанбе, 09-апрел
Факултети филологияи хориҷӣ дар заминаи собиқ факултети забон ва адабиёти рус моҳи августи соли 2002 таъсис ёфтааст. Аз рўзҳои аввали таъсисёбии факултети филологияи хориҷӣ омӯзгорони соҳибэҳтиром номзадҳои илмҳои филологӣ, дотсент Канкова Ирина Павловна, Мамадрасулова Тоҷиниссо, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Талбаков Қурбон Чиллаевич, Самариддинов Қурбон, саромӯзгорон В.И. Богасова, М.С.Сайдамирова, Т.А. Сайфуддинова, З. Мирзоев, С. Зауров, М.Т. Менлашев, Ф.А. Менлашева, Ш. Раҳимов, Р. Сафарова, У. Собирова, И. Д. Исобоева, Муродов Ғайраталӣ, Шарипов Амрохон, Ятимова Раънохон ва Муродов Шариф ва дигарон фаъолияти пурсамар доштанд.
Дар тӯли бештар аз 24 сол факултети филологияи хориҷӣ (собиқ факултети забонҳои хориҷӣ) маркази ягонаи тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси соҳаи омӯзгории забонҳои хориҷӣ дар минтақаи Кӯлоб ба шумор рафта, яке аз марказҳои беҳтарини ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад.
Аввалин декани факултаи филологияи хориҷии ДДК марҳум номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Талбаков Қурбон Чиллаевич (аз соли 2002 то соли 2006) ба ӯҳда дошт ва саҳми худро барои рушди фаъолияти факултет гузоштааст.
Асоси факултетро дар соли таъсисёбиаш танҳо ихтисоси забони англисӣ ва кафедраи забони англисӣ, ки он вақт 10-нафар муаллимон кор мекарданд, ташкил медод. Дар байни омӯзгорон 2-нафар номзадҳои илм, 2-нафар муаллимони калон ва 6-нафар ассистентон фаъолият мекарданд.
Бо тақозои замон ва фароҳам гардидани шароити моддию техникӣ дар факултет дар соли 2015 ихтисосҳои нав 1-02030601 -«Забонҳои англисӣ-олмонӣ» ва 1-020307-«Забонҳои англисӣ-хитоӣ» таъсис дода шуд:
Айни замон дар факултет 3 кафедра аз руйи 3 ихтисос дар зинаи бакалавр, дар зинаи магистратура ихтисос -1-02-04-03-забони англисӣ ва дар зинаи докторантони PhD ихтисоси 6D02.1300 Забоншиносӣ амал мекунанд:
Кафедраҳо
Ихтисосҳо. Зинаи бакалавр
Зинаи магистратура
Зинаи докторантура
Дар зинаҳои мазкур садорати факултет амал мекунад. Факултети филологияи хориҷӣ бо ҳайати омӯзгорон ҷиҳати баланд бардоштани сифати таълиму тарбияи донишҷуён ва омода намудани кадрҳои баландихтисоси соҳаи омӯзгории забонҳои хориҷӣ кӯшиш карда истодаанд. Дар факултет аз рӯи ихтисосҳои зерин мутахассисон омода карда мешаванд:
1-020306 «Забони англисӣ»
Хатмкунандагони ихтисоси мазкур ба ҳайси омӯзгори фанни забони англисӣ метавонанд дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидои касбӣ, миёнаи касбӣ ва донишгоҳҳо кору фаъолият намоянд. Баъди хатми донишгоҳ аз рӯи ихтисоси забони англисӣ соҳиби дипломи дараҷаи бакалаврият мегарданд.
1-02030601«Забони англисӣ-олмонӣ»
Хатмкунандагони ихтисоси мазкур ба ҳайси омӯзгори фанни забони англисӣ-олмонӣ метавонанд дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидои касбӣ, миёнаи касбӣ ва донишгоҳҳо кору фаъолият намоянд. Баъди хатми донишгоҳ аз рӯи ихтисоси забони англисӣ соҳиби дипломи дараҷаи бакалаврият мегарданд.
1-020307«Забони англисӣ-хитоӣ»
Хатмкунандагони ихтисоси мазкур ба ҳайси омӯзгори фанни забони англисӣ-хитоӣ метавонанд дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидои касбӣ, миёнаи касбӣ ва донишгоҳҳо кору фаъолият намоянд. Баъди хатми донишгоҳ аз рӯи ихтисоси забони англисӣ соҳиби дипломи дараҷаи бакалаврият мегарданд.
Дар факултет кафедраҳои зерин амал менамоянд:
Кафедраи забоншиносӣ ва типологияи муқоисавӣ
Кафедраи забоншиносӣ ва типологияи муќоисавӣ бо фармоиши ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ таҳти № 177 аз 02.10.2020 ташкил шудааст. Кафедра аз рӯи ихтисосҳои «Забони англисӣ (1-1-020306-01), забони англисӣ-олмонӣ (1-1-020306-01) ва забони англисӣ-хитоӣ (1-1-020306-01)» ихтисосманди соҳавӣ тайёр мекунанд. Дар кафедра 18 – нафар ҳайати омӯзгорон аз рӯи фанҳои таълимии тахассусӣ ба донишҷӯён таълим медиҳанд, ки аз онҷо 3 – нафар номзадони илмҳои филологӣ, дотсент 5-нафар муаллими калонон, 9 нафар ассистентон ва 1 нафар коргузори кафедра фаъолият доранд. Вазифаи мудири кафедраро номзади илмҳои филологӣ, дотсент Давлатзода Файзиддин Ҷамил ба ӯҳда дорад.
Кафедраи методикаи таълими забонҳои хориҷӣ
Дар таърихи фаъолияти кафедраи методикаи таълими забонҳои хориҷӣ чандин мудирони ботаҷрибаву кордон фаъолият намуданд, оғози фаъолияти кафедраи методикаи таълими забонҳои хориҷӣ баъд аз таъсисёбии факултет дақиқан аз соли 2005 оғоз гардида, бо мурури замон аз ҳисоби нарасоии кадри унвони илмидошта ба қарори Шурои олимони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ аз 28.08.2020, №2/4-1 ва фармоиши ректори донишгоҳ аз 24.09.2020, №187 оид ба норасоии кадр ба кафедраи забони англисӣ (ҳоло забоншиносӣ ва типологияи муқоисавӣ) муттаҳид шуда, номи кафедраи забонҳои хориҷӣ ва методикаи таълими он гирифт. Бо дар назардошти зарурият ва ба вуҷуд омадани кадрҳои илмидошта дар асоси фармоиши ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ аз 02.10.2020 таҳти № 177 ҷудо гардида кафедраи методикаи таълими забонҳои хориҷӣ номгузорӣ гардид. Аввалин мудири он баъд аз муттаҳидшавӣ дар соли 2020 мудири онро номзади илмҳои филологӣ Муродов Б. Р. ба ӯҳда дошт. Дар соли 2021 бо тағйироти кадрӣ дар факултет дар муддати 4 моҳ (аз моҳи сентябр то моҳи декабрӣ соли 2021) вазифаи онро бар души номзади илмҳои педагогӣ Шарипов Х.А. гузошта шуда буд. Аз соли 2024 то инҷониб вазифаи мудири кафедраи методикаи таълими забонҳои хориҷиро Робияи А. ба душ дошта, дар самти самаранокии баланд бардоштани малакаву дониши донишҷӯён фаъолияти кории кафедраро ба роҳ мондааст.
Кафедраи забонҳои хориҷӣ
Кафедраи забонҳои хориҷӣ аз соли 1967 арзи вуҷуд дорад ва аз 09.04.2018 бо фармоиши ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳамчун зерсохтори факултети филологияи хориҷӣ кору фаъолият дорад Аъзоёни кафедра барои тайёр кардани омӯзгорони баландихтисоси забонҳои хориҷӣ такони пурмаҳсуле доранд. Дар кафедраи забонҳои хориҷӣ дар соли таҳсили 2025-2026, 19 нафар омӯзгорон кор ва фаъолият мекунанд. Қайд кардан ба маврид аст, ки ҳамаи аъзоёни кафедра кормандони доимӣ мебошанд. Дар натиҷаи ин дар соли таҳсили 2025-2026 3- нафар номзади илмҳои филологӣ, 2- нафар номзади илмҳои педагогӣ, 5- нафар муаллими калон, 8- нафар ассистент ва 1- нафар коргузори кафедра барои фаъолияти корӣ ба кафедра ҷалб гардидаанд.
Дар кафедра инчунин муаллимони соҳибтаҷриба ба монанди Муродов Ғайраталӣ, Шарипов Амрохон, Ятимова Раънохон фаъолият мекарданд. Айни ҳол кафедраи забонҳои хориҷӣ зерсохтори факултети филологияи хориҷӣ буда, фаъолият дорад. Вазифаи мудири кафедраро номзади илмҳои педагогӣ, муаддими калон Ҷамолбии Ҳабибулло ба ӯҳда дорад.
Факултети филологияи хориҷӣ бо ташаббус ва талошҳои дурбинонаи омӯзгорони соҳибэҳтиром номзади илмҳои филология, дотсент Канкова И.П, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Қурбонов Т, муаллими калон Сайдамирова М., Собирова У., Муродов Ғ., Шарифов А., ва дигарон моҳи августи соли 2002 ба сифати сохтори мустақил ташкил карда шудааст. Новобаста ба шароити вазнини зиндагӣ ва душвории кор дар шароити Ҷанги шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон омӯзгорони зикргардида тавонистанд дар рушди таълиму тарбияи донишҷӯён ва эҳёи як мактаби нави ихтисосманди соҳаи филологияи хориҷӣ дар шаҳри Кӯлоб саҳм гузоранд. Асоси факултетро дар соли таъсисёбиаш кафедраи забони англисӣ, ки он вақт 10-нафар муаллимон дар он кор мекарданд, ташкил медод. Дар байни онҳо 2-нафар номзади илм, 2-нафар муаллимони калон ва 6-нафар ассистентон фаъолият мекарданд. Тули солҳо факултетро шахсиятҳои наҷиб ба ӯҳда доштанд. Устодони беҳтарин ба монанди дотсент Канкова Ирина Павловна, Мамадрасулова Тоҷиниссо номзади илмҳои филологӣ ва муаллимони калон Сайдамирова Муқаддас Сайдалиевна, Сайфудинова Татяна Николаевна ва Собирова Уғулбӣ Саъдуллоевна дар факултет дарс медоданд. Дар кафедра муаллимони соҳибтаҷриба ба монанди Муродов Ғайраталӣ, Шарипов Амрохон, Ятимова Раънохон кору фаъолият карда, дар таърихи фаъолияти факултет чандин омӯзгорони пуртаҷриба ба ҳайси мудирони ботаҷрибаву кордон фаъолият намуданд.
Деканҳои факулет




САИДОВА НИЛУФАР АБДУЛМАҶИДОВНА
Муовини декан оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои хориҷӣ
номзади илмҳои филологӣ, дотсент

НАИМОВА ДИЛОСО ДАВЛЯТШОЕВНА
коргузори факултет
Суроға: ш. Кӯлоб, кӯч. С.Сафаров 16, ДДК ба номи А. Рӯдакӣ, бинои маъмурӣ, ошёнаи 6-8-ум
Телефони корӣ: (+992 3322) 2-25-96
E-mail: fil.khoriji@kgu.tj