, Ҷумъа, 06-Феврал

Парки технологӣ


Парки технологии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ яке аз сохторҳои муҳими инноватсионии донишгоҳ ба ҳисоб рафта, ҳадафи асосии он дастгирии фаъолияти ихтироъкорӣ, навоварӣ ва татбиқи идеяҳои илмӣ дар амал мебошад.

Дар доираи фаъолияти худ, парк бо ҳамкории зичи устодон, муҳаққиқон ва ихтироъкорони донишгоҳ то имрӯз зиёда аз 11 патентва нахустпатент ба даст оварда, инчунин як дархости экспертии патентпазирӣ дар сатҳи патенти Авруосиё пешниҳод намудааст. Ин дастовардҳо самараи меҳнати дастаҷамъона ва иродаи қавии олимону навоварони донишгоҳ мебошанд.

Дар доираи фаъолияти илмиву амалӣ, дар парк ду намунаи дастгоҳҳои нави соҳаи аграрӣ “Мошинаи ғаллатозакунӣ” ва “Дастгоҳи шустушӯи ғалладона – АгроTaj” таҳия ва сохта шудаанд, ки дорои аҳамияти амалӣ барои рушди соҳаи кишоварзӣ ва иқтисоди миллӣ мебошанд.

Ба фаъолияти Парки технологӣ таваҷҷуҳи устодон, муҳаққиқон ва донишҷӯён рӯ ба афзоиш дошта, онҳо ба ҷараёни таҳқиқоти илмӣ ва амалигардонии навовариҳо фаъолона ҷалб мегарданд.

Ғайр аз ин, дар ҳудуди парк Маркази омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ фаъолият дорад, ки бо таваҷҷуҳу дастгирии ректори донишгоҳ таҷдид ва навсозӣ гардида, дар остонаи соли таҳсили 2025–2026 ба истифода дода шудааст. Ин марказ барои эҳёи анъанаҳои миллӣ, омӯзиши ҳунарҳои дастӣ ва рушди зеҳни эҷодии ҷавонон саҳми арзанда мегузорад.

Парки технологии донишгоҳ ҳамчун майдони ҳамгироии илм ва амал, муҳити созанда барои парвариши ғояҳои навоварона, ташаккули стартапҳо ва рушди иқтидори зеҳнии донишҷӯён хизмат мекунад. Ҳадафи асосии он — табдил додани донишгоҳ ба маркази воқеии инноватсионӣ ва саҳмгузорӣ дар рушди илм, техника ва иқтисодиёти миллӣ мебошад.


Кормандон

NazarovA


  Назаров Аминҷон Алихонович
  директори Парки технологӣ








DosakovS

 Досаков Саймуҳамад Мухторович  
  мутахассиси Парки технологӣ







MirzoevaB

  Мирзоева Бунафша Исмоиловна
  мутахассиси Парки технологӣ







AlievB

  Алиев Бахром Чумахонович
 
мутахассиси Парки технологӣ







FayzovA

  Файзов Ҳамрохон 
  мутахассиси Парки технологӣ

Илм ва инноватсия

ОХИРИН ХАБАРҲО

Лутфан барномаи моро насб намоед!