, Сешанбе, 23-апрел

КАФЕДРАҲОИ ТАХАССУСӢ» География ва сайёҳӣ


умумӣДар бораи кафедра 

Кафедраи география ҷузъи таркибии сохтори муассисаи таҳсилоти олии касбӣ буда, дар байни донишҷӯён ва омӯзгорон корҳои таълимӣ, илмӣ-методӣ ва тарбиявиро роҳандозӣ менамоянд. Устодони кафедра дар факултаҳои мухталиф аз фанни география дарс мегузаранд. Кафедраи география аз рӯйи ихтисосҳои зерин мутахассисонро омода менамоянд:

Теъдоди омӯзгорону устодони кафедра ба 23-нафар мерасанд. Масоили тадқиқоти илмии кафедра ҷойгиркунӣ ва инкишофи қувваҳои истеҳсолкунанда дар вилояти Хатлон ба ҳисоб мераванд.


Таърихи кафедра

Кафедраи мазкур 2 - юми феврали соли 2004 дар заминаи факултети иқтисодӣ таъсис ёфт. Мақсади кафедра омода намудани мутахассисони соҳаи география дар мактабҳои ҷумҳурӣ ба шумор меравад. Аввалин мудири кафедраи номбурда номзади илмҳои педагогӣ Маҷидова К. муддати зиёд сарварии онро ба ӯҳда дошт. Дар баробари ин дигар устодон ба монанди Шарифова Ф, Баротов Ҷ, Муродова Н ва Ҷумаев Т, Сайдаҳмадова Д мудирии кафедраро ба ӯҳда гирифтаанд.

Соли 2011 вазифаи мудири кафедраро н.н.п. Сайдаҳмадова Д.Л ба дӯш дошт. Аз соли 2012 – ум вазифаи мудири кафедра ба ӯҳдаи номзади илмҳои география Баротов Ҷ.Қ. вогузор гардидааст. Кафедра дар тӯли фаъолияти нӯҳсолаи худ ба як қатор комёбиҳои назаррас ноил гардид. Аз ҷумла дар кафедра китобҳои нави географӣ, туристӣ ва демографӣ, харитаҳо бо забони тоҷикӣ мавҷуд аст. Ҳоло шумораи кормандони кафедра ба 16 нафар мерасад. Аз ин шумора 1 - нафар номзади илм, 5 – саромӯзгор, 9 - ассистент. 


Ҳайати кафедра

Гадоев Ш копия
 
Гадоев Шералӣ Давлатович
  н.и.г., саромӯзгори кафедраи география ва сайёҳӣ

 

 



Баротов


 Баротов Ҷумахон Қосимович
 номзади илҳои география, дотсент



  

 

Бобоев Н

   
  Бобоев Неъмат Давлатович
  муаллими калон







Мирзоев А   
  Мирзоев Азиз 
  муаллими калон






Иброҳимова Р


  Иброҳимова Рухшона
  муаллими калон

 

 

 


Кенҷаев В
   Кенҷаев Ворис
   муаллими калон 







Мирзоева А
 Мирзоева Арафа Давлатовна
  муаллими калон








Бахтовари А
  Бахтовари Анвар
  ассистент








Зоиров И
  Зоиров Исмон
  ассистент 








Бозоров Ҳ
  Бозоров Ҳасан
  ассистент







Амирхони Ш
  Амирхони Шарифхон
  ассистент







Нозимова И  
 Нозимова Ибодат
 ассистент







Мадасани А
  Мадасани Азизмад
  ассистент 







Манзураи М
  Манзураи Муродмад
  ассистент








Фаъолияти маҳфилҳо дар кафедра

Дар назди кафедра маҳфили «Географ – сайёҳони ҷавон» фаъолият дорад. Ба вай 20 нафар донишҷӯён аъзо мебошанд. Нақшаи корӣ ва руйхати аъзоён мавҷуд аст. Маҳфил моҳе (рӯзи ҷумъа) ду маротиба баргузор мегардад. Ба маҳфил донишҷӯёне, ки ба илми география ва туризм шавқ доранд, ҷалб карда мешавад.

Роҳбарии маҳфилро ассистент Амирхони Шарифхон ба ӯҳда дорад. Дар маҳфил масъалаҳои муҳими география ва туризм баррасӣ мешаванд. Дар соли 2020 маҳфил 14 маротиба ҷамъомад доир намудааст. Ҳамаи мавзӯъҳо рунамо доранд. Кори маҳфил дар шабакаи иҷтимоии «Фейсбук» мавҷуд аст.

Аъзоёни маҳфил дар озмунҳои шаҳрӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ фаъолона иштирок менамоянд. Донишҷӯён дар чорабиниҳои илмии сатҳи кафедра, факултет ва донишгоҳ фаъолона иштирок мекунанд. Ҳамчунин, дар озмунҳои вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ширкати фаъол доранд. 


Дастовардҳои кафедра

1
 Дипломи ҷойи якуми озмуни "Илм фуруӯғи маърифат" аз рӯи номинатсияи география ба Саймақсуди Ҳайёт






2
    Ҳисайнов Амирҷон «Роҳнамои таълимӣ»








3
   Турсунзода Некрӯз «Географияи шаҳрҳои Тоҷикистон»

 






4


   Ҷ. Баротов.
 «Географияи минтақаи Кӯлоб» Дастури таълимӣ.

 

 

 

5

 

Иброҳимова Рухшона. “Роҳнамои сайёҳии минтақаи Кӯлоб”. 




 

6

 

 Муродова Н. “Феҳристи истилоҳоти географӣ ва экологӣ”.  Дастури таълимӣ – методӣ.

 

 

 


Суроға: ш. Кӯлоб, кӯч. С.Сафаров 16, ДДК ба номи А. Рӯдакӣ, бинои таълимии №3, ошёнаи 2-юм, утоқи №206
Телефони корӣ: (+992) 985-25-74-78
E-mail: k-geografiya@kgu.tj

Кафедраҳо

*/