,
Сешанбе, 18-ноябр
Имрӯз, 15-уми ноябри соли 2025, дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ вохӯрии навбатии ректори донишгоҳ, дотсент Сафарзода Мунир Ватан дар доираи тадбирҳо ҷиҳати тақвияти раванди фаъолият дар муассиса бо ҳайати садорати факултетҳо ва мудирони кафедраҳои донишгоҳ доир гардид. Дар кори вохӯрӣ ҳамчунин муовинони ректор, сардорони раёсатҳо, мудирони шуъбаҳо ва масъулини сохторҳои донишгоҳ иштирок намуданд.
Тавре қаблан иттилоъ дода будем, мақсади баргузории силсилаи вохӯриҳо бо ҳайати кормадони бахшҳои гуногуни муассиса таҳкими минбаъдаи раванди корҳои таълимӣ, тарбиявӣ ва илмӣ-таҳқиқотӣ, баланд бардоштани интизоми меҳнат ва тақвият бахшидани сифати таълим дар асоси технологияҳои инноватсионӣ, татбиқи барномаҳои таълимии муосир, инчунин ташаккули фазои илмӣ дар заминаи таҳқиқоти бунёдӣ дар назар дошта шудааст.
Ректори донишгоҳ, дотсент Сафарзода Мунир Ватан зимни баромади худ аз таваҷҷуҳи ҳамешагии Роҳбарияти олии кишвар ба соҳаи маориф ва дастгириҳои пайвастаи давлату Ҳукумат ҷиҳати рушди минбаъдаи соҳа, аз ҷумла дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба масъулиятшиносӣ дар раванди таълиму тарбияи худогоҳиву ватандӯстии насли ҷавон, омоданамоии кадрҳои илмӣ педагогӣ таъкид намуд, ки ҳар як роҳбари сохторҳои марбутаи муассиса ва омӯзгор уҳдадор аст, ки дониш, малакаи педагогӣ ва ҷаҳонбинии илмии худро муттаассил такмил диҳад, бо тамоми неру ва завқмандӣ ба пешбурди кор машғул гардад. Дар посух ба ғамхориҳои пайвастаи Роҳбари давлат аз имкониятҳои фароҳамовардаи давлату ҳукмат ҷиҳати омоданамоии мутахассисони ҷавон самаранок истифода барад.
Ҳамчунин таъкид карда шуд, ки раванди ҷаҳонишавӣ ва рақобати шадиди бозори ҷаҳонии меҳнат тақозо мекунад, ки муассисаҳои таҳсилоти олӣ на танҳо ба тайёр кардани мутахассисони дорои донишҳои назариявӣ, балки ба омода кардани шахсияти дорои фарҳанги ташкилӣ, малакаи кор дар муҳитҳои рақобатӣ, омодагӣ ба қабули технологияҳои нав ва қобилияти ҳалли масъалаҳо таваҷҷуҳ намоянд.
Дар ҷараёни мулоқот муовинони ректор низ дар робита ба самти фаъолият ва баландбардории сифати корҳо бо мақсади мушарраф гардидан ба дастовардҳои рӯзафзун баромад намудаа, дар робита ба ҳалли масоили ҷойдошта ибрози назару таклифҳои судмандро ироа намуданд.
Дар фарҷоми мулоқот таъкид карда шуд, ки роҳбарияти донишгоҳ ҷиҳати беҳтар намудани шароити корӣ, беҳсозии инфрасохтори таълимӣ ва фароҳам овардани заминаҳои зарурӣ барои рушди ҳамаҷониба дар муассиса пайваста чораҷӯӣ менамояд ва интизор дорад, ки устодон низ бо истифода аз ин имкониятҳои мусоид дар таҳкими нуфузи донишгоҳ, баланд бардоштани сатҳи сифати таълим, тақвияти фазои илмӣ ва рушди неруи зеҳнии ҷавонон саҳми арзандаи худро гузоранд.