,
Чоршанбе, 08-октябр
(Раёсати Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ аз дастовардҳои донишҷӯён ба таври сазовор истиқбол гирифтанд)
Имрӯз (07.10.2025) дар саҳни бинои маъмурии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маросими истиқбол ва қадршиносии донишҷӯёну кормандон-ғолибони даври ниҳоии озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва мусобиқаҳои ҷумҳуриявию байналмилаллӣ бо шукӯҳу шаҳомати хоса баргузор гардид.
Ғолибонро ректори донишгоҳ, дотсент Сафарзода Мунир Ватан, муовинони ректор, роҳбарони сохторҳо ва ҳайати омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ бо гулу гулдастаҳо истиқбол гирифтанд.
Сипас, дар бинои маъмурии донишгоҳ дар ҳошияи истиқбол аз дастовардҳои ифтихорафзо ҷамъомади тантанавӣ доир гардид. Ректори донишгоҳ, дотсент Сафарзода Мунир Ватан зимни суханронӣ, ғолибон ва роҳбарони онҳоро барои ноил гардидан ба муваффақиятҳои назаррас самимона табрик гуфта, ин дастовардҳои ҳайати кормандону донишҷӯёнро туҳфаи арзанда ба ифтихори ҷашни 80-солагии донишгоҳ арзёбӣ намуд.
Дар идомаи суханронӣ бо таваҷҷуҳ ба сиёсати маорифпарварона ва хирадмандонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, зикр гардид, ки ташкилу баргузории озмуну олимпиадаҳои сатҳи баланд яке аз самтҳои муҳим ва афзалиятноки сиёсати давлатӣ ба шумор меравад. Ин раванд ба баланд бардоштани сатҳи дониш, тавсеаи тафаккури эҷодӣ ва рушди қобилиятҳои илмию зеҳнии донишҷӯён мусоидат намуда, ҳар гуна ташаббусу навоварии ҷавонони болаёқат мавриди қадршиносӣ қарор мегирад.
Дар зимн таъкид гардид, ки Ҳукумати мамлакат дар баробари дастгирии соҳаи илму маърифат, ба рушду инкишофи самти варзиш низ таваҷҷуҳи хос зоҳир менамояд. Тибқи дастуру супоришҳои бевоситаи Роҳбарияти Олии мамлакат ва дастгирии моддиву маънавии раёсати донишгоҳ, барои донишҷӯёни болаёқат шароити мусоиди машқ ва ширкат дар мусобиқаҳои варзишӣ фароҳам оварда шудааст. Маҳз натиҷаи чунин дастгирӣ ва заҳмати пайваста аст, ки чанде аз донишҷӯёни донишгоҳ дар мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ шарафмандона парчами Тоҷикистон ва ҳамзамон нуфузи донишгоҳро боло бардошта, ҷойҳои намоёнро соҳиб гардиданд.
Қайд бояд кард, ки роҳандозии ҳавасмандгардонии саривақтӣ барои донишҷӯёни фаъол ва устодони роҳнамо яке аз омилҳои калидии тарбияи кадрҳои болаёқат ва ташаккули ҳисси масъулият худшиносӣ дар миёни насли наврас мебошад. Дар ҳамин замина, ғолибон ва роҳбарони онҳо аз ҷониби роҳбарияти донишгоҳ бо туҳфаҳо қадрдонӣ гардида, барои рушди минбаъдаи фаъолияти илмию таълимии онҳо иқдомҳои ҷиддӣ роҳандозӣ мегарданд.
Ёдовар мешавем, ки санаҳои 28-29.09.2025 дар Ҷумҳурии Озарбойҷон мусобиқа аз рӯйи намуди гуштини самбо баргузор гардид, ки дар ин мусобиқа донишҷӯи курси якум факултети тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ Холов Назаралӣ фаъолона ширкат варзида, дар вазни 64 кг сазовори ҷойи сеюм гардид.
Санаи 4.10.2025 шаҳри Душанбе мусобиқаи байналмилалии гуштингирӣ бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ баргузор гардид ва дар ин мусобиқа донишҷӯи курси сеюми факултети тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ Мустафои Абдулхайр фаъолона иштирок намуда, дар вазни 65 кг сазовори ҷойи аввал гардид.
Ҳамзамон таърихи 2 сентябри соли 2025 дар ноҳияи Ашт мусобиқаи ҷумҳуриявӣ аз рӯйи намуди гуштини тарзи озод баргузор гардид ва дар ин замина донишҷӯйи курси якуми факултети тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ Иброҳимов Билол дар вазни 48 кг сазовори ҷойи дуюм гашт.
Зикр бояд кард, ки 4 октябр, дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ҳамоиши ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» баргузор гардид. Дар озмуни мазкур Асозода Фарангис-корманди бахши фарҳанги донишгоҳ дар жанри эстрадии “Номинатсияи сарояндагӣ” сазовори дипломи озмун гардид.
1 октябри соли 2025 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон маросими тантанавии ҷоизасупорӣ ба ғолибони даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» баргузор гардид. Дар озмуни мазкур Саидова Нигора-донишҷӯи курси дуюми факултети филологияи тоҷик ва журналистика иштирок намуда, бо Сипосномаи кумитаи тадорукоти озмун сарфароз гардид.
Инчунин 4 октябри соли 2025 дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода озмуни ҷумҳуриявии «Забон донӣ - ҷаҳон донӣ» ҷамъбаст шуда, ғолибони озмун қадрдонӣ гардиданд. Дар ин замина Мавлонов Рамазон-донишҷӯи курси чоруми факултети филологияи хориҷӣ аз фанни забони хитоӣ сазовори ҷойи ифтихорӣ гардид.
Дар зимни ин ҷаласа муовини ректор оид ба тарбия, дотсент Шарифзода Одинамо фармоиши ректори муассисаро доир ба ҳавасмандгардонии донишҷӯён ироа намуда, ҳамчунин дар вазъияти тантанавӣ ба ғолибон Сипосномаи раёсати донишгоҳ тақдим карда шуд.
Инчунин дар идома муовини ректор оид ба тарбия, дотсент Шарифзода Одинамо Сипосномаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ва Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзодаро, ки барои ҳамкориҳои мутақобилаи судманд дар самти илму маориф ба унвонии раёсати донишгоҳ ирсол гардида буд, ба ректори донишгоҳ, дотсент Сафарзода Мунир Ватан супориданд.