, Сешанбе, 18-ноябр

ҒОЛИБИЯТ МУБОРАК БОШАД!


ҒОЛИБИЯТ МУБОРАК БОШАД!

Дар шаҳри Кӯлоб бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи варзиши вазнини Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба варзиши вазнин (мардон ва бонувон) бахшида ба гиромидошти хотираи Нуридинов Аслиддин-собиқадори варзиш баргузор гардид.

Дар мусобиқаи мазкур Зарифов Неъмат-донишҷӯи курси дуюми факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар вазни 81 кг сазовори ҷойи якуми мусобиқа гардида, бо диплом ва медали тиллои мусобиқа сарфароз гардонида шуд.

Раёсати Донишгоҳ Зарифов Неъматро барои ин музаффарият самимона табрик гуфта, дар корҳои минбаъдааш барор мехоҳад.




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!