, Душанбе, 06-октябр


ХУШХАБАР

 30.09.2025

ХУШХАБАР

Имрӯз (30.09.2025) муаллими калони кафедраи фалсафаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ - Ҳасанов Маҳмадсаид Маҳмадисуфович дар мавзуи “Моҳият, раванди ташаккул ва дурнамои соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти давлатӣ (таҳлили иxтимоӣ-фалсафӣ дар мисоли Ҷумҳурии Тоҷикистон)”, зери роҳбарии Маҳмадизода Нозим Давлатмурод доктори илмҳои фалсафа, профессор барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои фалсафа аз рӯйи ихтисоси 09.00.11 дар Шурои диссертатсионии 6D.КОА-089-и назди Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон рисолаи номзадиашро бомуваффақона дифоъ намуд.

Раёсат ва ҳайати профессорону омӯзгорони Донишгоҳ муҳаққиқи ҷавон ва роҳбари илмии ӯро бо ин дастоварди арзишманди илмӣ сидқан табрик гуфта, дар роҳи минбаъдаи таҳқиқот ва фаъолияти илмӣ ба онҳо барору комёбиҳои нав орзу менамоянд.

Лутфан барномаи моро насб намоед!