, Сешанбе, 18-ноябр

ПЕШГИРИИ НАШЪАМАНДӢ-КАФИЛИ СОЛИМИИ ҶОМЕА


ПЕШГИРИИ НАШЪАМАНДӢ-КАФИЛИ СОЛИМИИ ҶОМЕА

Бо чунин ном дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ аз тарафи мутахассисони Маркази вилоятии бемориҳои наркологии дар минтақаи Кӯлоббуда бо мақсади иҷрои муқаррароти “Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030” бо донишҷӯён вохӯрии судманд доир шуд.

Дар вохӯрӣ директори Маркази мазкур Бердиев Оқилҷон, сардори раёсати тарбияи донишгоҳ, дотсент Шарипов Анвар, намояндагони сохторҳои марбута доир ба солимгардонӣ ва ҳайати омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ иштирок доштанд.

Сардори раёсати тарбия Шарипов Анвар зимни сухани муқаддимавии вохӯрӣ баргузории ҷамъомадро бо ҳайати донишҷӯёни донишгоҳ муҳим ва судманд арзёбӣ намуд.

Сипас, директори Маркази вилоятии бемориҳои наркологии дар минтақаи Кӯлоббуда Бердиев Оқилҷон дар мавзуи “Пешгирӣ аз паҳншавии нашъамандӣ миёни ҷавонону наврасон”, сармутахассиси марказ Тағоева Сайлонбӣ дар мавзуи “Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030", намояндаи Маркази ВНМО-и шаҳри Кӯлоб Рафиев Ҷамшед дар мавзуи “Пешгирӣ аз паҳншавии бемории ВНМО ва БПНМ” маърӯза намуданд.

Вохӯрӣ бисёр муассир ва таъсиргузор сурат гирифта, зимни он оид ба пешгирии нашъамандӣ ва бемориҳои вобаста ба он маълумоти арзишманд пешниҳод гардид. Ҳамчунин аз тарафи ҳамшираҳои ҳифзи иҷтимоии Маркази вилоятии бемориҳои наркологӣ ва ҳамшираҳои ташакули тарзи ҳаёти солим ба иштирокчиён китобчаҳо оид ба солимгардонии аҳолӣ ва пешгирии нашъамандӣ дастрас карда шуд.

Вохӯрӣ бо суолу ҷавоб миёни иштирокчиён ва баромадкунандагон ба охир расид.




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!