,
Чоршанбе, 12-ноябр
Имрӯз (11.11.2025) дар саҳни бинои маъмурии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маросими истиқбол ва қадршиносии донишҷӯёни донишгоҳ-ғолибони озмуни ҷумҳуриявии “Илм-фурӯғи маърифат” ва мусобиқаҳои варзишӣ бо шукӯҳу шаҳомати хоса баргузор гардид.
Ғолибонро ректори донишгоҳ, дотсент Сафарзода Мунир Ватан, муовинони ректор, ҳайати раёсат, омӯзгорон ва донишҷӯён бо рӯҳияи баланди худшиносӣ ва ифтихор аз ватану ватандорӣ истиқбол гирифтанд.
Сипас, дар толори маҷлиси бинои маъмурии донишгоҳ ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Ректори донишгоҳ, Сафарзода Мунир Ватан зимни сухани шодбошӣ ғолибон ва роҳбаронашонро барои расидан ба ин муваффақияти назаррас табрик гуфта, дар корҳои минбаъдаашон барору комёбӣ таманно намуд.
Ректори донишгоҳ таъкид кард, ки чунин дастовардҳо натиҷаи дастгирии пайвастаи роҳбарияти давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соҳаи маориф буда, далели равшани таваҷҷуҳи хосаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонони соҳибистеъдод ва неруи зеҳнии насли нав мебошанд.
Зимнан таъкид гардид, ки роҳбарияти донишгоҳ ҳамеша барои рушди зеҳнӣ, илмӣ ва варзишии донишҷӯён шароити мусоид фароҳам меорад ва минбаъд низ тамоми неруро ба рушди ҳамаҷонибаи насли ҷавону умедбахш равона хоҳад намуд, то ин анъанаи нек-иштирок ва ғолибияти донишҷӯён дар озмуну мусобиқаҳои сатҳи гунонгун боз ҳам густариш ёбад.
Боиси қайди махсус аст, ки аз шарафи сиёсати хирадбунёду ояндасози Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон-Ватани азизи ман», «Илм-фурӯғи маърифат», «Тоҷикон-оинаи таърихи миллат» баргузор мегардад. Дар ин миён соли панҷум аст, ки таҳти сарпарастии Сарвари фарҳангсолори давлат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» барои дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав миёни наврасону ҷавонон, олимону муҳаққиқон ва устодону омӯзгорон баргузор мешавад.
Шарафи бузург ва ифтихори фаровон аст, ки дастаи олимпии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо гирифтани 4 ҷой (1 ҷойи якум дар номинатсияи “Ихтироъкорӣ ва навоварӣ”, 1 ҷойи сеюм дар номинатсияи “География” ва 2 “Ифтихорнома” барои иштироки фаъолона) миёни дастаҳои олимпии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар ифтихороти Донишгоҳро баланд бардоштанд.
Ғолибон ва иштирокчиёни фаъол барои нишон додани дониш, маҳорати эҷодӣ ва саҳми арзандаашон дар ин озмун аз ҷониби роҳбарияти донишгоҳ бо стипендия ва Ифтихорнома қадрдонӣ гардиданд.
#ҶОЙИ_ЯКУМ
#ҶОЙИ_СЕЮМ
#ИФТИХОРНОМА
Дар ин замина ёдовар мешавем, ки дар шаҳри Душанбе мусобиқаи ҷумҳуриявӣ байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯйи намудҳои варзиши футбол ва волейбол (мардон ва бонувон) баргузор гардид. Дар ин мусобиқа дастаи варзишгарони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ иштироки фаъолона нишон дода, бо гирифтани ҷойҳои намоён ифтихороти донишгоҳро баланд бардоштанд.
Дар натиҷа, дастаи футболи донишҷӯписарон сазовори ҷойи дуюм ва дастаи волейболи донишҷӯдухтарон сазовори ҷойи сеюм гардиданд, ки ин дастоварди шоиста боиси ифтихор ва нишоти афзуни ҳайати бисёрҳазорнафараи донишгоҳ мебошад.
Барои нишон додани маҳорати варзишӣ ва саҳми арзанда дар боло бурдани обрӯи донишгоҳ, ғолибони мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ аз ҷониби Раёсати Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо мукофотпулӣ дар ҳаҷми ду стипендияи муқаррарӣ ва ифтихорнома сарфароз гардонида шуданд.