, Сешанбе, 18-ноябр

БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ КОРИИ КОМИССИЯИ САЛОҲИЯТНОК ДАР ДОНИШГОҲ


БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ КОРИИ КОМИССИЯИ САЛОҲИЯТНОК ДАР ДОНИШГОҲ

Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати санҷиши сатҳи сифати таҳсилот дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ба фаъолияти кории худ оғоз намуд.

Имрӯз, 17 ноябри соли 2025, пеш аз оғози санҷишҳо гурӯҳи кории Агентӣ ҷаласаи хешро бо иштироки ҳайати роҳбарият ва масъулони сохторҳои донишгоҳ баргузор кард.

Ректори донишгоҳ, дотсент Сафарзода Мунир Ватан зимни ифтитоҳи ҷаласа ҳайати меҳмононро ба муассиса самимона хайрамақдам гуфта, аз тамоми роҳбарон ва шахсони масъули донишгоҳ даъват ба амал овард, ки дар раванди санҷишҳо аз худ масъулиятшиносӣ нишон диҳанд ва барои пешбурди кори комиссия ҳамкории фаъолона дошта бошанд.

Сипас, Олимзода Шоҳин - сардори шуъбаи баҳодиҳӣ ва мониторинги сифати таҳсилоти Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда, ҳайати кормандони донишгоҳро ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 80-солагии таъсисёбии донишгоҳ табрик гуфт. Дар зимн ҳадафи гурӯҳи кориро дар робита ба санҷиши сатҳу сифати таҳсилот дар донишгоҳ шарҳ дода, масъулонро ба ҳамкории зич дар ҷараёни иҷрои ин рисолат даъват кард.

Мавриди зикр аст, ки комиссияи корӣ аз 7 нафар иборат буда, таҳти роҳбарии Саидзода Муҳаммадтоҳир - директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм фаъолият мебарад. Ҳамчунин, ба ҳайати комиссия Олимзода Шоҳин, Табаров Икромиддин, Олимов Ашурмад, Тоҷуддинзода Абдулазиз, Соҳибназаров Зуҳуршо ва Намозов Нуриддин шомил мебошанд.

Комиссия фаъолияти таълимии донишгоҳро аз дидгоҳи меъёрҳои сифати таҳсилот мавриди таҳлилу санҷиш қарор медиҳад. Ин иқдом ба баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия ва таҳкими равандҳои таълим дар донишгоҳ равона шудааст.




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!