,
Сешанбе, 21-октябр
(вохӯрии ректори донишгоҳ, дотсент Сафарзода Мунир Ватан бо донишҷӯёни варзишгар дар ҳошияи истиқбол аз ҷашни 80-солагии донишгоҳ)
“Варзиш яке аз василаҳои муҳимми ҳифзу таҳкими саломатии аҳолӣ, қосиди сулҳу субот, омили ташаккулдиҳандаи нерӯву тавоноии инсон ва инъикоскунандаи симои халқу миллат дар арсаи ҷаҳон ба ҳисоб меравад”.
Эмомалӣ Раҳмон
Имрӯз, 20-уми октябри соли 2025, дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо баҳрагирӣ аз сиёсати варзишпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вохӯрии судманду муассири ректори донишгоҳ, дотсент Сафарзода Мунир Ватан дар доираи ҷашни пуршукӯҳи 80-солагии муассиса бо донишҷӯёни варзишгар баргузор гардид.
Зимни суханронӣ ректори донишгоҳ иброз дошт, ки варзиш имрӯз ба унвони василаи муассири тарғиби тарзи ҳаёти солим, таҳкими дӯстиву рафоқат миёни ҷавонон, ҳамчун унсури муҳими пайвандсозу муаррифигари фарҳангу тамаддуни миллӣ дар сатҳи байналмилалӣ эътироф шудааст.
Дотсент Сафарзода Мунир Ватан бо ишора ба дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди варзиш зикр намуд, ки раёсати донишгоҳ пайваста дар талош аст то шароити заруриву инфрасохтори мусоидро барои омӯзишу тамрини варзишгарони ҷавон фароҳам оварда, рушди қобилиятҳои варзишии донишҷӯёнро ҳамаҷониба дастгирӣ намояд.
Муовини ректор оид ба тарбия, дотсент Шарифзода Одинамо, дар зимни мулоқот доир ба дастовардҳои намоёни варзишгарони донишгоҳ маълумот дода, мавриди таваҷҷуҳ ва ғамхории доимии роҳбарияти донишгоҳ қарор доштани ин гурӯҳи фаъолу умедбахши донишҷӯёнро таъкид намуд.
Дар идома донишҷӯён бо таклифу пешниҳодоти худ, масъалаҳои марбут ба омӯзиш ва фаъолияти варзишии худро бо роҳбари донишгоҳ дар миён гузоштанд.
Мулоқот дар рӯҳияи ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтиром ва ҷонибдорӣ аз арзишҳои миллӣ ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат ҷараён гирифта, таъкид шуд, ки минбаъд низ роҳбарияти донишгоҳ тамоми талошҳоро барои фароҳам овардани имкониятҳои бештари омӯзишӣ ва варзишӣ ба харҷ хоҳад дод.