,
Панҷшанбе, 31-июл
Санаи 17.07.2025 Маҳмадизода Абдураҳмон Маҳмадӣ - муаллими кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва методикаи таълими они факултети омӯзгорӣ ва фарҳанги Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ диссертатсияи илмии худро дар мавзуи "Шароитҳои ташкилӣ-педагогии рушди ҳамкории муассисаи таълимӣ ва оила дар таълиму тарбияи хонандагони синфҳои ибтидоӣ”, зери роҳбарии доктори илмҳои филологӣ, профессор Ҷумъахон Алимӣ барои дарёфти дараҷаи илмии номзади имлҳои педагогӣ аз рӯи ихтисоси 13.00.01 – Педагогикаи умумӣ, таърихи педагогика ва таҳсилот дар Шурои диссертатсионии 6D.КОА-077 назди Академияи таҳсилоти Тоҷикистон бомуваффақият дифоъ намуд.
Раёсат ва ҳайати профессорону омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ муҳаққиқ ва роҳбари илмияшро барои муваффақона дифоъ намудани рисолаи илмӣ табрику шодбош гуфта, дар фаъолияти минбаъдаи илмиву таҳқиқотияшон барору музаффариятҳои нав ба нав таманно менамоянд.