, Душанбе, 06-октябр


ХУШХАБАР

 04.10.2025

ХУШХАБАР

Имрӯз (04.10.2025) унвонҷӯёи кафедраи сиёсатшиносии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ – Қурбонзода Далер Қурбон дар мавзуи “Сиёсати иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: равандҳо ва механизмҳои татбиқ”, зери роҳбарии Маҳмадизода Нозим Давлатмурод доктори илмҳои фалсафа, профессор барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои сиёсӣ аз рӯйи ихтисоси 23.00.02 – Ниҳодҳо, равандҳо ва технологияҳои сиёсӣ (илмҳои сиёсӣ) дар Шурои диссертатсионии 6D.КОА-089-и назди Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон рисолаи номзадиашро бомуваффақона дифоъ намуд.

Раёсат ва ҳайати профессорону омӯзгорони Донишгоҳ муҳаққиқи ҷавон ва роҳбари илмии ӯро бо ин дастоварди арзишманди илмӣ сидқан табрик гуфта, дар роҳи минбаъдаи таҳқиқот ва фаъолияти илмӣ ба онҳо барору комёбиҳои нав орзу менамоянд.

Лутфан барномаи моро насб намоед!