, Сешанбе, 18-ноябр

УСТУВОНАИ КУРУШИ КАБИР ВА АРЗИШҲОИ ИНСОНМЕҲВАРӢ


УСТУВОНАИ КУРУШИ КАБИР ВА АРЗИШҲОИ ИНСОНМЕҲВАРӢ

Бо чунин ном дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо ибтикори кафедраи фалсафа бахшида ба қабул гардидани қатъномаи ЮНЕСКО таҳти унвони «Устувонаи Куруш: Эъломияи ибтидоии ҳуқуқи гуногунрангии фарҳангӣ» ҳамоиши илмӣ-назариявӣ баргузор шуд.

Кори ҳамоиш бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардид, ки дар он олимон, муҳаққиқон ва донишҷӯёни муассиса иштирок намуда, доир ба паҳлуҳои гуногуни Эъломияи Куруши Кабир ва нақши он дар замони муосир, инчунин саҳми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи муаррифии шоистаи арзишҳои таърихӣ ибрози назар намуданд.

Муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, дотсент Камолзода Шодмон зимни ироаи сухани ифтитоҳӣ аҳамияти Қатъномаи ЮНЕСКО ва ҷойгоҳи Устувонаи Куруши Кабирро ҳамчун гаронарзиштарин санади фарҳангию ҳуқуқии тамаддуни ориёӣ шарҳ дод.

Таъкид шуд, ки 6-уми ноябри соли 2025 дар иҷлосияи 43-юми ЮНЕСКО, дар рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон рост омадани қабули қатънома моҳияти рамзӣ дорад. Ин мувофиқати таърихӣ гувоҳи он аст, ки миллати тоҷик аз тамаддуни куҳан то давлатдории муосир ҳамеша дар меҳвари арзишҳои инсонмеҳварӣ қарор доштааст.

Ҳамчунин дар идомаи ҳамоиш дотсент, Холиқзода Сафар дар мавзуи “Куруши Кабир-бунёдгузори нахустин империяи мутамаддини ориёӣ”, Саймуминзода Фирӯз, муовини КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб оид ба “Хизматҳои шоёни фарзонагони миллат ба аҳли башар”,  Шокирзода Аёз, омӯзгори кафедраи фалсафа доир ба “Инқилоби Курушӣ” ва  мутахассиси осорхонаи донишгоҳ, Собирзода Сайёд  дар робита ба “Усулҳои бунёдии Куруши Кабир дар илми ҳарбӣ” маърӯзаҳои ҷолиби диққатро ироа намуданд. 

Дар муҳокимаҳои илмӣ таъкид гардид, ки қабули ин қатъномаи ЮНЕСКО на танҳо иқдоми эҳтиром ба таърихи тамаддуни ориёист, балки ба таҳкими арзишҳои умумибашарӣ, густариши муколамаи фарҳангҳо ва таҳкими дипломатияи фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ саҳми назаррас мегузорад.

Имрӯз Тоҷикистон бо роҳнамоии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо нигаҳбони ин мероси гаронбаҳо, балки ҳамзамон ташаббускори муаррифии он дар сатҳи ҷаҳонӣ мебошад.




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!