, Шанбе, 08-ноябр

ПАРВОЗИ ШОҲИН. МАҲФИЛИ АДАБӢ БО ИШТИРОКИ ШОИР ДАВЛАТИ РАҲМОНИЁН


ПАРВОЗИ ШОҲИН. МАҲФИЛИ АДАБӢ БО ИШТИРОКИ ШОИР ДАВЛАТИ РАҲМОНИЁН

Маҳфили адабии "Парвози шоҳин"-и факултети филологияи тоҷик ва журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ таърихи 7-уми ноябри соли 2025 бо иштироки Давлати Раҳмониён-барандаи ҷоизаи адабии ба номи Мирзо Турсунзода, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Аълочии телевизион ва радиои Тоҷикистон, муовини сармуҳаррири маҷаллаи «Садои Шарқ», баргузор гардид.

Дар маҳфил ректори донишгоҳ, дотсент Сафарзода Мунир Ватан, муовинони ректор, намояндагони илму адаби кишвар ва устодону донишҷӯёни донишгоҳ иштирок доштанд.

Ректори донишгоҳ, дотсент Сафарзода Мунир Ватан зимни сухани ифтитоҳӣ ташрифи аҳли илму адаб ва меҳмонони гиромиро ба Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, ба парвозгоҳи ҳазорон фарзандони фарзонаву номвар, ходимони варзидаи илмиву сиёсӣ, ҳомиёни ҷонфидову эҳёбахши адабу фарҳанги миллӣ самимона хайрамақдам гуфта, таъкид намуданд, ки боиси ифтихор ва саодати бузурги мардуми фарҳангдӯсту адабпарвари тоҷик аст, ки аз шарафи истиқлоли давлатӣ ва сиёсати фарҳангии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рушди худшиносӣ, ташаккули эътимоди мардум ба фарҳангу арзишҳои миллӣ, чеҳраҳои маъруфу маҳбуби илму адаби мо ба таври шоиста муаррифӣ шуда, осори пурҳикмат ва рӯзгори ибратомӯзи эшон сафобахши ҷаҳонии ботинии наслҳои миллат гардидааст.

Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо баҳрагирӣ аз ин сиёсати хирадмандона, бо татбиқи иқдомҳои наҷибу созандаи Ҳукумати ҷумҳурӣ, ташаббусҳои маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иҷрои рисолати муқаддасу пуршараф, яъне тарбия ва омодасозии мутахассисони соҳибкасбу худшинос, ватандӯсту маърифатпарвар қадамҳои устувор гузошта, бо мақсади ноил гардидан ба дастовардҳои рӯзафзун  маҳфили адабии “Парвози шоҳин”-ро дубора эҳё карда, дар заминаи он вохӯрии аҳли илму адаби кишвар, аз ҷумла устодон Ҳақназар Ғоиб, Абдулҳамид Самад, Муҳаммад Ғоиб, Маҷид Салим, Сипеҳр Ҳасанзод, Хосият Вализода ва Файзи Ашӯрро бо ҷомеаи меҳнатии донишгоҳ ва донишҷӯёну муҳассилини муассиса доир намуд.

Ташкил ва баргузории маҳфили адабии “Парвози шоҳин” заминаи мусоидро ҷиҳати дар қалби ҷавонон бедор намудани ҳисси ватандӯстӣ, арҷгузорӣ ба забон, таъриху фарҳанг ва тамаддуни миллӣ фароҳам оварда, ба сифати анҷумани эҷодии адибони ҳамфикр шавқу рағбати аҳли илму адабро ба ин ҷомеа наздиктар намуда, рисолати омӯзандаро иҷро намуда истодааст.

Ҷавҳари аслии онро эҳтироми китобу девон ва илму маърифати фарзандони соҳибфарҳанги ин миллати тамаддунофар зинат бахшида, мазҳари поку беолоишашро дӯстории аҳли илму адаб ва дастгириву муаррифии онҳо рангин гардонидааст.

Бо ҳамин мақсадҳои созандаву фарҳангдӯстона маҳфили навбатии “Парвози шоҳин” бо иштироки Давлати Раҳмониён - узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Барандаи ҷоизаи адабии ба номи Мирзо Турсунзода, Аълочии радио ва телевизиони Тоҷикистон баргузор гашта истодааст.

Ҳузури устод Давлати Раҳмониён барои мо - аҳли Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ лаҳзаи хотирмон ва ифтихори бузург аст. Ӯ аз зумраи он суханваронест, ки дар миёни шоирони даврони истиқлол ҷойгоҳи вижа дорад, суханаш пандомез, андешааш пурмаъно ва ҷаҳонбиниаш инсондўстона аст.

Шеъри Давлати Раҳмониён, чунонки адабиётшиносон борҳо зикр кардаанд, ифодагари эҳсосоти баланди шоир, андешаҳои ҳикматомез нисбат ба зиндагӣ, изҳори меҳру муҳаббати самимӣ ба Ватан - Модар мебошад. Ӯ ба шеъру сухан рӯҳи тоза ва қудрату неруеро ато мекунад, ки хондани он инсонро водор ба андеша, бедорӣ ва дарки худшиносӣ менамояд.

Дар идома тибқи барнома Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ устод Ҳақназар Ғоиб; Нависандаи Халқии Тоҷикистон Шералӣ Мусо; дотсенти кафедраи журналистика Шарофат Худойдодова, шоир, корманди маҷаллаи миллии «Садои Шарқ»-Бузургмеҳри Ҳаким; шоирон Абдуқаҳҳори Мусо, Нуралӣ Яъқуб, Одина Раҳмон ва Файзи Ашӯр баромад намуданд.

Баромадкунандагон таъкид доштанд, ки Давлати Раҳмониён бо забони поки тоҷикӣ аз ҳаёт, аз ғами даргузар ва, муҳимтар аз ҳама, аз ормону саодати инсон мегӯяд. Адиб шеъри худро танҳо ба сифати зебоии зоҳирӣ намешиносад, балки онро василаи бедории шуур, тарбияи зебоипарастӣ ва поксозии руҳ медонад.

Шеъри шоир на танҳо васфи муҳаббат, балки дарси хирад ва ахлоқ аст. Суханвар ҳамеша дар ҷустуҷӯи маънои зиндагист ва мехоҳад инсонро аз ботин бедор созад. Ҳамин аст, ки ҳар байти устод Давлати Раҳмониён мисли ойинаи поки рӯҳ ва қалби инсон аст.

Дар зимн таъкид гардид, ки Давлати Раҳмониён аз зумраи он шоиронест, ки бо вуҷуди номдор шудан дар арсаи адабиёт, дар хоксорӣ, фарҳангпазирӣ ва муҳаббат ба илму маърифат намунаи ибрат аст. Ӯ бо сухани худ на танҳо дар дафтари адабиёт, балки дар хонаи дилҳо ҷой гирифтааст.

Бояд ёдовар шуд, ки гулчини ашъораш дар васоити ахбори умум ва маҷмӯаҳои «Растахези рӯҳ» (1995), «Найистон» (1996), «Марзи нисён» (2002), «Навишта дар пари парвона» (2007) «Қиёми рӯҳ» (2014), «Хайма дар офтоб» (2017), «Хотираҳо ва муҳокимаҳо» (2020), «Дар сояи қалам» (2021), "Ҳаҷми нигоҳ" (2021),  "Аз табори баҳор" (2022, Теҳрон) ва "Номаи офтоб" (2024) ба табъ расидаанд, ки дар анвои ғазал, «шеъри озод», чаҳорпора ва ғайра гуфта шудаанд. Забону тарзи баёни нигоранда пухтаву суфта, мушоҳидаву хулосбардориҳояш амиқу дақиқанд ва гувоҳ аз маҳорати баланди суханварии ӯ медиҳанд.

Дар фазои пурнишоти маънавии маҳфили адабӣ шоири маҳбуб Давлати Раҳмониён бо суханронии пурмаъно ва қироати зебопораҳои ашъори худ рӯҳи ҳозиринро болидатар карда, ба маҳфил нафаси тозаи илҳом ва завқи зебоӣ бахшид. Инчунин устод дар суханронии худ аз сиёсати фарҳангдӯстонаву маърифатпарваронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо эҳтирому сипоси хос ёдовар шуда, ба раёсати донишгоҳ барои дастгирӣ ва ташкили чунин маҳфили адабии сатҳи баланд изҳори сипосу миннатдорӣ баён намуданд.

Ҳамчунин савту навои ҳунармандон ва қироати порчаҳои шеърӣ аз ҷониби донишҷӯён ба маҳфил ҳусни тоза зам намуда, фазои маънавӣ ва адабии онро ғанӣ гардониданд. Ин садоҳои дилнишин ва шеъри рӯҳангез чун нури субҳгоҳӣ фазои маҳфилро мунаввар намуда, ҷилои тозае ба муҳтавои маърифатию адабии он бахшид.

Ровии маҳфили адабӣ, дотсент Зулфиев Гадомад бо таманнои он ки осмони кишвари соҳибистиқлоламон ҳамеша аз нури маърифат ва худшиносии миллӣ мунаввару беғубор бошад ва роҳи давлатдории пурифтихорамон ҳамеша равнақбору пурфайз боқӣ монад, маҳфилро ба анҷом расонд.




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!