,
Сешанбе, 18-ноябр
Шоми 15-уми ноябри соли 2025 бо ташаббуси факултети филологияи тоҷик ва журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар хобгоҳи донишҷӯёни муассиса ҳамоиш таҳти унвони “Тадбири ватандӯстона” бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ баргузор шуд. Дар рафти чорабинӣ донишҷӯён ва устодон бо ифтихору садоқат аз саҳми Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ дар сарнавишти давлатдории навини тоҷикон ва хизматҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи таҳкими Истиқлолияти давлатӣ ёдовар шуда, дар ин робита маърӯзаҳои пурмуҳтаво ироа намуданд. Ҳамчунин гурӯҳе аз донишҷӯён бо қироати порчаҳои шеърӣ дар раванди ҳамоиш иштироки фаъолона доштанд.
Ҳамоиш бо мақсади тақвияти тарбияи ватандӯстӣ, боло бурдани худшиносӣ ва густариши донишҳои сиёсиву таърихии донишҷӯён роҳандозӣ гардид. Иштирокчиён таъкид карданд, ки ошноӣ бо натиҷаҳои Истиқлолият ва саҳми Раҳбарияти давлат дар роҳандозии воқеаҳои тақдирсоз, ҳисси масъулият назди Ватанро дар рӯҳияи ҷавонон боз ҳам пурқувват месозад. Ҳамоиш ҳамчун иқдоми муассир дар бедор намудани маърифати шаҳрвандӣ ва арҷгузорӣ ба дастовардҳои соҳибдавлатӣ дар мафкураи ҷавонон нақши муассир хоҳад гузошт.