Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ
МАКТУБИ ИТТИЛООТӢ
Раёсати Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Шуморо барои иштирок дар конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ дар мавзуи “Роҳҳои баланд бардоштани амнияти иттилоотии шахс, ҷамъият ва давлат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки санаи 25 апрели соли 2025 баргузор мегардад, лутфан даъват менамояд.
Самтҳои асосии фаъолияти конференсия:
- Навовариҳои технологӣ дар соҳаи амнияти иттилоотӣ: ҳифзи шахсият ва ҷомеа;
- Шабакаҳои иҷтимоӣ ва амнияти иттилоотӣ: мушкилот ва роҳҳои ҳалли он;
- Таҳдидҳои киберӣ дар ҷомеаи муосир: усулҳои муқовимат;
- Ҷанбаҳои ҳуқуқии амнияти иттилоотӣ: мувозинат байни озодии баён ва ҳифзи маълумот;
- Маърифат ва огоҳӣ дар соҳаи амнияти иттилоотӣ: омодасозии мутахассисони оянда;
- Психологияи киберамният: рафтори корбарон ва пешгирии ҳодисаҳо;
- Таҳқиқот оид ба омилҳои инсонӣ дар киберамният ва усулҳои баланд бардоштани огоҳии корбарон;
- Амнияти дастгоҳҳои IoT (Интернети ашё): мушкилот ва ҳалли онҳо барои шахсони алоҳида ва ҷомеа;
- Ҷанбаҳои иҷтимоӣ ва ахлоқии имзо ва изи рақамӣ: масъулияти шахс ва ҷомеа;
- Баррасии тамоюлҳои ҷаҳонӣ ва таъсири онҳо ба амнияти иттилоотии миллӣ.
Забони конференсия: тоҷикӣ ва русӣ.
Тарзи иштирок дар конференсия: мустақим (ҳузур доштан) ва фосилавӣ (онлайн-конфронс).
Маҷмуаи мақолаҳои конференсия ба табъ мерасад. Маводе, ки дар маҷмуаи мазкур ба нашр мерасад, дар сомонаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ низ ҷой дода мешавад.
Шартҳои иштирок дар конференсия. Сарфу харҷи сафари иштирокчиён ба зиммаи муассисае, ки онҳоро намояндагӣ мекунад, вогузошта шудааст.
Мақолаҳо то 10-уми апрели соли 2025 ба Кумитаи тадорукот дар ҳаҷми 4-6 саҳифа дар шакли электронӣ, ки мазмуни он ба масъалаҳои баррасишавандаи конференсия мувофиқ бошад, қабул карда мешаванд.
Мақолаҳо ба Кумитаи тадорукот ба нишонии электронии confrons@kgu.tj фиристода мешаванд. Тасдиқи гирифтани мавод, интихоби он ва даъватномаи расмӣ ба воситаи нишонии электроние, ки мавод ба Кумитаи тадорукот ворид гардидааст, иттилоъ дода мешавад.
Мақолаҳое, ки пас аз муҳлати муқарраргардида ва ё бе риояи талаботи пешниҳодшуда фиристода шудаанд, баррасӣ намешаванд. Аз муаллифон эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки мақолаҳоро пас аз таҳрири ҷиддӣ ирсол намоянд.
ҚОИДАҲОИ ПЕШНИҲОДИ МАҚОЛА:
Формати мақола– А 4, андозаи ҳуруф 12 Times New Roman ё Times New Roman Tj, фосилаи байни сатрҳо – 1, ҳошияҳо аз ҳама тарафҳо – 2 см, бо риояи баробарии сатрҳо, фосилаи сархат (абзатс) – 1,5 cм.
Унвони мақола аз мобайн ва бо ҳарфҳои калон. Пас аз фосилаи яккарата – насаб ва ҳарфҳои аввали ном ва номи падари муаллиф (муаллифон), номи муассиса (ташкилот) ва нишонии электронӣ.
Номгӯйи адабиёти истифодашуда дар охири мақола аз рӯйи тартиби алифбо оварда шуда, аз матни асосӣ бо як сатри холӣ ҷудо мешавад. Овардани манбаи иқтибос дар поварақ мумкин нест, яъне ҳангоми иқтибосоварӣ адабиёти истифодашуда ва саҳифаи мушаххаси он бояд дар қавси чаҳоркунҷа [] нишон дода шавад. Намуна: [3, с. 40], яъне адабиёти 3, саҳифаи 40.
Ёдовар мешавем, ки маводи конференсия дар системаи феҳристи иқтибосии Россия (РИНЦ) ворид мешавад. Аз ин хотир, дар охири мақола аннотатсия ва маълумот дар бораи муаллиф (насаб, ном ва номи падар пурра, дараҷа ва унвони илмӣ, вазифа, рақами телефон) бо 3 забон (тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ) бояд мувофиқи паҳнои саҳифа ҷойгир карда шаванд.
Дар ҳолати ба мавзуъҳои конференсия мутобиқ набудани матн ва риоя нашудани талаботи мазкур кумитаи тадорукот ҳуқуқи барои нашр тавсия надодани мақоларо дорад.
Телефонҳо: (833-22) 2-35-07, 918-48-44-05, 918-57-94-47.
Кумитаи тадорукот