, Сешанбе, 18-ноябр

СЕМИНАРИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ АЗ ҶОНИБИ ХОНУМ КЕДИ ДУНКАН


СЕМИНАРИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ АЗ ҶОНИБИ ХОНУМ КЕДИ ДУНКАН

Дар факултети филологияи хориҷии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ семинари илмӣ-назариявии баргузор гардид, ки онро омӯзгори забони англисӣ аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико - хонум Кеди Дункан роҳбарӣ намуд.

Семинар бо мақсади такмили малакаҳои методӣ, баланд бардоштани сатҳи забондонӣ ва таҳкими донишҳои амалии омӯзгорон дар самти таълими фанни забони англисӣ ташкил карда шудааст. Хонум Кеди Дункан, ки мутахассиси забони англисӣ мебошад, дар ҷараёни барнома ба иштирокчиён усулҳои муосири таълим, тарзҳои баланд бардоштани фаҳмиши нутқ, роҳҳои муаррифии мавзуъ дар дарс ва дигар таҷрибаҳои пешрафтаи омӯзиширо пешниҳод намуд.

Дар раванди семинар миёни омӯзгорон ва мутахассиси хориҷӣ мубодилаи афкор, саволу ҷавобҳо ва баррасии мисолҳои амалӣ сурат гирифт, ки барои ғанӣ гардонидани таҷрибаи касбии ҳайати омӯзгорон нақши муҳим бозид.

Таъкид гардид, ки минбаъд низ ҳар ҳафта чунин семинарҳои илмӣ-назариявӣ барои ҳайати омӯзгорони факултети филологияи хориҷӣ бо роҳбарӣ ва иштироки мустақими хонум Кеди Дункан баргузор мегарданд. Ин иқдом ҷузъи барномаи ҳамкорӣ бо Сафорати ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ба баланд бардоштани сифати таълим ва татбиқи стандартҳои байналмилалӣ равона шудааст.




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!