, Якшанбе, 19-октябр

КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА РУШДИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ


КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА РУШДИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

Бо чунин унвон, 15 октябри соли 2025, дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо ибтикори факултети таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалӣ дар ҳошияи истиқбол аз 31-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷашни 80-солагии таъсисёбии донишгоҳ ҳамоиши ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ бо иштирок ҳайати раёсат, олимону донишмандон аз муассисаҳои таҳсилоти олӣ, устодони варзида ва донишҷӯёни фаъол доир шуд.

Дар оғози ҳамоиш ҳайати меҳмонон ва иштирокчиён аз гӯшаҳои навтаъсиси бинои маъмурии муассиса ва “Маркази иттилотӣ-таҳлилии раванди таълим”, ки ба истиқболи ҷашни 80-солагии донишгоҳ оро ёфтаву мавриди истифода қарор гирифта буданд, боздид намуданд.

Кори ҳамоиш бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид. Дар зимн, ректори донишгоҳ, дотсент Сафарзода Мунир Ватан зимни ироаи сухани ифтитоҳӣ меҳмонон ва аҳли илму маорифи кишварро ба ин боргоҳи илму маърифат хайрамақдам гуфта, ҳузури шахсиятҳои соҳибандеша ва донишмандонро дар кори ҳамоиши илмию амалӣ нишони эҳтиром ба омӯзгор ва омили сарафрозиву хушнудии ҷомеаи донишгоҳ арзёбӣ намуд.

Ҳамчунин таъкид намуд, ки Конститутсия маҳсули андешаи миллӣ ва арзишҳои бунёдии мардуми Тоҷикистон буда, бо шарофати андешаву ҳувияти миллӣ, таҳаммулгароӣ ва ҷасорату матонати сиёсии миллати дорои маърифати баланди ҳуқуқӣ қабул гардид ва минбаъд барои устувор намудани пояҳои давлати мустақилу соҳибистиқлоли мо мусоидат намуд.

Дар рафти ҳамоиш муҳаққиқон ва устодони шинохта бо маърӯзаҳои пурмуҳтаво ва андешаҳои фарогири илмӣ ҳозиринро ба дунёи таҳлил ва баҳсҳои пурарзиш ворид карданд.

Доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, раиси дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Дилшод Сафарбек дар мавзуи “Конститутсия ва парламентаризми миллӣ” суханронӣ намуда, зикр кард, ки Конститутсия ҳамчун санади олии сиёсӣ ва ҳуқуқӣ асоси рушди парламентаризм ва ташаккули қонунгузории миллии кишварро фароҳам овардааст. Ӯ афзуд, ки таҷрибаи фаъолияти парламент дар заминаи Конститутсия ба таҳкими ниҳодҳои демократӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ мусоидат менамояд.

Доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Диноршо Азиз дар мавзуи “Конститутсияи экологӣ ҳамчун асоси рушди устувор” баромад намуда, таъкид дошт, ки Конститутсия ҳамчун сарчашмаи асосии қонунгузорӣ на танҳо пояи низоми ҳуқуқиро муайян мекунад, балки барои устувории сохтори ҳокимияти давлатӣ, таъмини волоияти қонун ва амалисозии адолати иҷтимоӣ заминаи устувор фароҳам меорад.

Дотсент Қодиров Ҷурабек аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо маърӯзаи худ таҳти унвони “Асосҳои ҳуқуқии рушди идоракунии маҳаллӣ дар шароити муосир” ба равандҳои такмили сохторҳои идоракунии давлатӣ, тақвияти нақши мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва зарурати афзудани самаранокии идоракунии маҳаллӣ дар заминаи Конститутсия ишора намуд.

Ин ҳамоиш, ки дар ҳошияи истиқбол аз 31-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 80-солагии таъсиси Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ баргузор гардид, ба як минбари муҳими муҳокимаву мубодилаи андешаҳои илмӣ табдил ёфт. Дар ҷараёни он иштирокчиён аз равандҳои таҳаввулёбандаи давлатдории миллӣ, нақши Конститутсия дар таҳкими пояҳои ҳуқуқӣ, сиёсӣ ва иҷтимоии ҷомеа, инчунин аҳамияти он дар рушди ниҳодҳои демократӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ андешаҳои судманд баён намуданд.

Дар поёни ҳамоиш муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, дотсент Камолзода Шодмон, ки ровигии ҳамоишро ба зимма дошт, зикр кард, ки баргузории чунин ҳамоишҳои илмӣ-назариявӣ барои таҳкими ҷаҳонбинии ҳуқуқӣ, баланд бардоштани фарҳанги сиёсӣ ва тарбияи ҳисси ватандӯстиву масъулияти шаҳрвандии насли ҷавон аҳамияти вижа дорад.




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!