, Ҷумъа, 24-октябр

ҚАДРШИНОСӢ ВА ЭҲТИРОМИ ЗАҲМАТ


ҚАДРШИНОСӢ ВА ЭҲТИРОМИ ЗАҲМАТ

(Дар ҳошияи истиқбол аз ҷашни 80-солагии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ)

Имрӯз, 23-юми октябри соли 2025, дар остонаи таҷлили ҷашни пуршукӯҳи 80-солагии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, толори барҳавои муассиса шоҳиди лаҳзаҳои эҳсосбарангез ва арҷгузории самимӣ ба заҳмати устодону кормандони фидокори ин боргоҳи маърифат гардид. Ҳамоиши «Қадршиносӣ ва эҳтироми заҳмат», ки бо ҳузури роҳбарияти донишгоҳ, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, фаъолони соҳаҳои илму маориф, ҳайати профессорону олимон ва омӯзгорони собиқадору кормандон баргузор шуд, дар фазои рӯҳбаландӣ ва муҳаббати хосса ба таъриху сарнавишти ин даргоҳи пурифтихор сурат гирифт.

Ректори донишгоҳ, дотсент Сафарзода Мунир Ватан зимни ироаи сухани ифтитоҳиву шодбошӣ бо таваҷҷуҳ ба таърихи пурифтихор ва ҷойгоҳи ин боргоҳи илму маърифат дар тарбияву омоданамоии мутахассисон таъкид доштанд, ки Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, ки имсол ба синни пурифтихори 80-солагӣ расид, дар тӯли мавҷудияти хеш ҳамчун яке аз нахустин ва муассиртарин марказҳои илмӣ-таълимии мамлакат мақоми шоиста пайдо кардааст. Ин кохи илму маърифат дар замони гузашта ва имрӯз дар рушду таҳкими неруи зеҳнӣ, тарбияи кадрҳои болаёқат ва таҳкими худшиносии миллӣ нақши таърихӣ дошта, ҳамчун рамзи устувори фарҳангу дониш дар кишвар шинохта мешавад. Имрӯз Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо татбиқи сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рисолати муқаддаси худро дар тарбияи мутахассисони соҳибкасбу ватандӯст бо садоқату устуворӣ идома дода, имрӯз ҳамчун яке аз марказҳои пурнуфузи илмӣ ва маърифатии кишвар ба ҳисоб меравад.

Ҳамчунин ишора шуд, ки ҳаштод соли пуршарафи донишгоҳ ба таърихи таҳаввулоти маънавию илмии минтақа ва кишвар сахт пайванд дорад ва ҳар як устод бо қаламу заҳмати содиқонааш дар рушду нумуи он саҳми мондагор гузоштааст.

Дар идомаи ҳамоиш суханронии Салим Сайвализода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб, Амрохон Тоҷов, директори телевизиони Кӯлоб ва дотсент Холиқов Сафар, дотсенти кафедраи химия ва методикаи таълими он, ироа гардид. Ҳар яке аз онҳо зимни баромад аз мақому ҷойгоҳи устодон, паҳлуҳои нодири таърихи донишгоҳ ва нақши он дар таҳкими худшиносии миллӣ ёдовар шуданд.

Дар бахши дигари ҳамоиш қадршиносӣ аз собиқадорон ва омӯзгорони муассиса доир шуд. Тибқи қарори Шурои олимон ба 13 нафар устодони собиқадор Шаҳодатнома ва нишони фахрии “Ифтихори донишгоҳ” супурда шуд. Ҳамчунин ба як гурӯҳ омӯзгорону кормандон аз ҷониби мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ Ифтихорномаҳо ва Сипосномаҳо тақдим гардид. Толор пур аз эҳсоси шукргузорӣ ва эҳтиром ба заҳмати омӯзгор гашт.

Ҳамоиши “Қадршиносӣ ва эҳтироми заҳмат” бо эҳсоси ифтихор ва сипосгузорӣ ҷамъбаст ёфт. Ҳозирон бо кафкӯбиҳои самимӣ ба устодону собиқадорони донишгоҳ арҷ гузоштанд.




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!