,
Чоршанбе, 27-август
Санаи 22.08.2025 Абдуллоева Меҳринисо Менгуловна- муаллими кафедраи умумидонишгоҳии психология диссертатсияи илмии худро дар мавзуи "Роҳнамоии психологӣ-педагогии оилаи донишҷӯён дар шароити муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ” зери роҳбарии доктори илмҳои педагогӣ, профессор Юнусова Нафисахон Муродовна барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои психология аз рӯи ихтисоси 19.00.07 - Психологияи педагогӣ дар Шурои диссертатсионии 6D.КОА-002 назди Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бомуваффақият дифоъ намуд.
Раёсат ва ҳайати профессорону омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ муҳаққиқ ва роҳбари илмияшро барои муваффақона дифоъ намудани рисолаи илмӣ табрику шодбош гуфта, дар фаъолияти минбаъдаи илмиву таҳқиқотияшон барору музаффариятҳои нав ба нав таманно менамоянд.