,
Шанбе, 27-сентябр
Имрӯз, 24 сентябри соли 2025, Усмонзода Сорбон Субҳон - муаллими калони кафедраи сиёсатшиносӣ, ҷонишини декан оид ба таълими факултети таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, диссертатсияи илмии худро дар мавзуи «Инъикоси самтҳои асосии сиёсати давлатӣ дар Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон: ҳолат ва имкониятҳои нав» бо роҳбарии доктори илмҳои сиёсӣ Сафарализода Хуҷамурод Қуддусӣ бо муваффақият ҳимоя намуд.
Диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои сиёсӣ аз рӯйи ихтисоси 23.00.02 - Ниҳодҳо, равандҳо ва технологияҳои сиёсӣ дар Шурои диссертатсионии 6D.КОА-079 назди Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дифоъ гардид.
Раёсат ва ҳайати профессорону омӯзгорони Донишгоҳ муҳаққиқи ҷавон ва роҳбари илмии ӯро бо ин дастоварди арзишманди илмӣ сидқан табрик гуфта, дар роҳи минбаъдаи таҳқиқот ва фаъолияти илмӣ ба онҳо барору комёбиҳои нав орзу менамоянд.