,
Сешанбе, 18-ноябр
Дар кафедраи география ва сайёҳии факултети география ва иқтисодиёти рақамии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ семинари навбатии илмӣ-назариявии назди кафедра бо иштироки ҳайати омӯзгорон баргузор гардид.
Дар ҷараёни семинар ассистенти кафедра Камолзода Амир бо маърӯзаи илмӣ дар мавзуи “Баҳодиҳии ҳолати муосири раванди рушди муҳоҷирати дохилӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баромад намуда, ҷанбаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва ҷуғрофии ин равандро мавриди баррасӣ қарор дод.
Ҳамчунин ассистенти кафедра Мирзозода Арафа дар мавзуи “Истифодаи аёниятҳо дар дарси география” маърӯза карда, ба аҳамияти васоити аёнӣ дар боло бурдани сифати таълим ва дарки беҳтари маводи дарсӣ таваҷҷуҳ ҷалб намуд.