, Шанбе, 15-ноябр

ҶОН ДАР ПАЙКАРИ МИЛЛАТ


ҶОН ДАР ПАЙКАРИ МИЛЛАТ

(Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон)

Таърих гувоҳ аст, ки дар марҳилаҳои сипаригардидаи ҳаёти башар халқу миллатҳое дар арсаи ҷаҳон аз худ номи мондагору пурифтихор ва таърихсозу умедбахшанда дар хотираи наслҳо ба ёдгор мегузоранд, ки соҳиби фарзандони далеру шуҷоъ ва худогоҳу хирадманд бошанд. Боиси ифтихору шоистаи таҳсин ва ҷойи шукру омили сипосгузорист, ки таърихи давлатдории тоҷикон дар масири пурифтихори давлатсозиҳову давлатдориҳо шоҳиди фарзонафарзандоне будааст, ки онҳо тавонистаанд бо ақлу андеша, иродаи қавӣ ва садоқат ба марзу бум сарнавишти миллатро дигар созанд, ҳамчунин ба шуҳрати он нуфузу ҷойгоҳи мондагор зам намоянд. Дар ин баробар бо ифтихор аз аслияту аз тоҷик будани худ дар рушди фарҳангу тамаддуни башарӣ саҳми бузург гузошта, роҳи ҷаҳониёнро ба сӯйи ҳамзистиву ҳамбастагӣ мунаввар намоянд.

Дар қатори чунин шахсиятҳои бузурги ниёгон ва фарзандони фарзонаи миллат номи Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат ва Қаҳрамони Тоҷикистон бо ҳарфҳои заррин сабт гардидааст. Ӯ бузургмардест, ки дар замони душвортарини марҳилаи нави давлатдории тоҷикон, яъне давраи парокандагӣ ва ҷанги бародаркуш ба саҳнаи сиёсат қадам гузошт ва бо иродаи матин, хиради азалӣ, шоистагиҳои сарварӣ ва садоқати беандоза ба халқу Ватан Тоҷикистонро ба сӯи сулҳ, ваҳдату пешрафт ва шукуфоии бемисл раҳнамун сохт.

Аз сарчашмаҳои таърихӣ маълум аст, ки соли 1992 дар тақдири миллати тоҷик сахттарин лаҳзаҳо фаро расиданд. Ҷанги шаҳрвандӣ, ноамнӣ ва парокандагии сиёсиву иҷтимоӣ Ватанро ба вартаи нобудӣ ва мардумро ба марг оварда буд. Дар чунин шароити фоҷеабор ва умеди аз даст рафта Иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қасри Арбоб баргузор гардид. Маҳз дар ҳамин Иҷлосия, ки баъдан дар таърих ҳамчун “наҷотбахши давлатдорӣ ва ҳастии миллӣ” таъриф ёфт, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати Раиси Шурои Олӣ интихоб гардиданд.

Он рӯз суханони пурмеҳру пурмаънии ӯ, ки гуфтанд: «Ман ба шумо сулҳ меорам. То даме охирин гурезаро ба Ватан барнагардонам, худро осуда намеҳисобам» дар қалби мардум шуълаи умед афрӯхт.

Албата, гуфтани ин суханон бо боварии том ва масъулияти баланд дар он рӯзгори даҳшатбор осон набуд. Иҷрои ин ваъда бошад, аз он мушкилтар маҳсуб мешуд. Гуфт ва кафолати амнияташро низ дод.

Панҷ соли минбаъда (1992-1997) барои Тоҷикистони азиз давраи озмоиши бузург буд. Аммо фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо диди фаррохи сиёсӣ, хирадмандӣ ва дипломатияи созанда тавонистанд тарафҳои даргирро ба мизи музокирот биёранд. Дар заминаи талошҳо, ҷонфидоиҳо, аз худ гузаштанҳои фарзандони ғаюру номбардори халқи Тоҷикистон бо роҳнамоиву ҳидоятҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 1997 дар шаҳри Москва Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид. Дар он рӯзгор имзои ин санади муҳимму таърихӣ муждаи саодатбору умедбахш барои тамоми мардуми кишвар буд, ки поёни низоъ ва оғози давраи нави ваҳдату бунёдкориро ба армуғон овард. Ин рӯйдоди таърихӣ яке аз дастовардҳои нодир ва сарнавиштсози миллат ба ҳисоб меравад, ки бо иродаи қавии сиёсӣ ва фарҳанги ваҳдатофарӣ тавонист пояҳои суботи давлат ва ҳамбастагии ҷомеаро таҳким бахшаду мустаҳкам намояд.

Дарвоқеъ, баъди ҳамин қарори қатъӣ  кишвари мо аз вартаи ҳалокат  наҷот ёфта, хатари аз байн рафтани  давлату миллат бартараф шуд. Ба шарофати Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаёти осоишта ва хушу хуррамонаи шаҳрвандон таъмин ва шуҳрати Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ боз боло рафт. Дар ҳошияи ин рӯйдоди таърихӣ устоди равоншод Лоиқ Шералӣ басо рамзиву пурифтихор фармуда:

Раҳми Парвардигори мо омад,
Нури Ҳақ бар диёри мо омад.
Ҷанги бунёдсӯзи мо бигузашт,
Сулҳи бунёдкори мо омад.
Ахтари наҳс аз сари мо рафт,
Ахтари сабз ёри мо омад.
Ҷанги девонавори мо бигзашт,
Сулҳи деринтизори мо омад.

Таърих гувоҳ аст, ки дар саргаҳи ин музаффарияту дастовардҳои ба сулҳу ваҳдат расидани халқи тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меистад. Ин фарзанди фарзонаи миллат Пешвои сулҳовари тоҷик аст, зеро танҳо бо сарварии хирадмандонаи он кас ба ҷанги хонумонсӯзи ҳамдигаркушӣ, ки анҷоми чунин ҷангҳо гирудори даҳсолаҳоро талаб мекунад, хотима бахшида шуд. Гурезаҳо ба хонаҳои худ баргаштанд ва вайронаҳои ҷанг обод гардиданд.

На, балки гурезаҳоро ба Ватан баргардонд ва барои обод сохтани харобаҳо шароиту имкониятҳоро фароҳам овард.

Ин ҳама аз суханони Сарвари давлат дар он рӯзгор аст: “Баргардед, ба шумо биҳишт ваъда намекунам, аммо як пора ноне, ки дорем, бо ҳам мебинем, ин ватанро, ин сарзамини аҷдодиро обод месозем”.

Басо шоистаи таҳсину ифтихори халқи Тоҷикстони азиз аст, ки дар кишвар аз самари талошҳову ҷонфидоиҳои ин фарзонафарзанд сулҳ барқарор гардиду пойдор.

Ин сарзамини аҷдодӣ обод шуду рӯ ба тараққию пешрафт овард. Ҳар соҳибватан имрӯз ин ободию шукуфоӣ ва пешрафту музаффариятҳоро дида меболад ва шукри Сарвари сулҳовару ободгарро менамояд.

Ифтихори бузург аст, ки имрӯз СММ ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ таҷрибаи сулҳи тоҷиконро ҳамчун “намунаи нодири мусолиматомез” арзёбӣ мекунанд. Пешвои миллат, ки дар он солҳо ҳамчун “меъмори сулҳи тоҷикон” маъруф шуданд, на танҳо ҷангро поён доданд, балки халқро аз нав муттаҳид карданд.

Маҳз ҳамин ваҳдат буд, ки ба халқи Тоҷикистон неруи нав бахшид ва роҳи рушди устуворро боз намуд. Акнун арҷгузорӣ ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ на танҳо рамзи сулҳу оромӣ, балки нишони эҳтиром ба фарзонагии Сарвари хирадманду ватандӯст, ваҳдатовару ваҳдатгаро, роҳбарест, ки сулҳро ба арзиши муқаддас табдил дод.

Тоҷикистони биҳиштосо пас аз бадастории сулҳу субот ба марҳилаи давлатсозии нав ворид гардид. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати худро ба таҳкими пояҳои ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии давлат равона карданд.  Ташкили низоми давлатдорӣ, ҷорӣ кардани асъори миллӣ - сомонӣ ва бунёди ниҳодҳои муосири идорӣ аз муҳимтарин қадамҳои ин давра буданд.

Бо роҳбарии шарофатмандонаву хирадмандонаи Сарвари давлат барои марҳилаҳои баъдӣ Стратегияи миллии рушд таҳия ва амалӣ гардид, ки Тоҷикистонро ба кишвари дорои иқтисоди устувор табдил доду дода истодааст. Пешвои миллат доимо таъкид мекунанд “...дар ҳама ҳолат ва дар ҳар гуна вазъият ҳимояву ҳифозати манфиатҳои олии миллӣ иборат аз таъмини истиқлолу озодӣ, тамомияти арзӣ ва суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва рушди устувори кишвар меҳвари фаъолияти сиёсии моро ташкил медиҳад”. Дар заминаи ҳамин сиёсати хирадмандона садҳо иншооти стратегӣ, неругоҳҳои барқи обӣ, роҳҳои байналмилалӣ, нақбҳо, пулҳо, корхонаҳои саноатӣ ва марказҳои илмӣ-фарҳангӣ сохта шуданд.

Имрӯз Тоҷикистонро ҳамчун кишвари дорои иқтисоди рӯ ба рушд ва сиёсати устувори иҷтимоӣ мешиносанд. Дар радифи дастоварҳои пурифтихори давлатдории навини тоҷикон Неругоҳи барқи обии Роғун, ки Пешвои миллат онро «пораи дили миллат» меноманд, рамзи қудрат ва худшиносии миллӣ гардидааст.

Боиси ифтихор ва саодати бузурги халқи тоҷик аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикстон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо корномаи бемисл ва роҳбарии хирадмандонаву устувор натанҳо барои мардуми кишвар азизу маҳбуб ва мутакову  умедбахшандаи дилҳо гардид, балки аз самари сиёсати дурусту пешгирифта ва инсонмеҳварона дар сатҳи ҷаҳон низ ба сифати абармарди дунёи сиёсат шинохта мешавад. Пешвои миллат аз шумори он сиёсатмадорони ҷаҳонист, ки тавонистааст масъалаҳои муҳимтарини ояндаи инсониятро, ба монанди ҳифзи пиряхҳо ва идоракунии захираҳои об ва таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои ояндаро ба мавзуи муҳими глобалӣ табдил диҳад.

Бо пешниҳоди муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Созмони Милали Муттаҳид соли 2003-ро Соли байналмилалии оби тоза, солҳои 2005-2015-ро Даҳсолаи байналмилалии амалиёти “Об барои ҳаёт”, соли 2013-ро Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, солҳои 2018-2028-ро Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” ва соли 2025-ро Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон кард. Ҳамчунин тибқи қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ аз соли 2025 ба баъд ҳар сол 21 март ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо таҷлил карда мешавад.

Шарафи бузург аст, ки аксари чорабиниҳои ҷаҳониву минтақавии вобаста ба об дар чаҳорчӯби Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” гузаронда мешаванд ва рӯзномаи оби СММ “Раванди Душанбе” ном гирифтааст, ки боиси ифтихору сарфарозии ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон аз ин иқдоми Роҳбари давлати худ мебошад.

Роҳбари давлати тоҷикон борҳо аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид суханронӣ карда, дар баробари мушкилоти Тоҷикистон, таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба қазияи Афғонистон, масъалаҳои мубориза бо терроризму экстремизм, қочоқи маводи мухаддир, рушди нобаробари давлатҳои ҷаҳон, масъалаи таъминоти оби тоза ва дигар масъалаҳои глобалӣ ҷалб кардаанд.

Пешвои миллат бо ташаббусҳои пайдарпай ва сиёсати дурбинонаи худ, Тоҷикистонро аз як кишвари кӯҳистонии дорои имкониятҳои маҳдуд ба минбари муҳими сиёсати экологӣ ва иқлимии ҷаҳон табдил доданд. Ин ҳама аз сиёсати созандаву дипломатияи сатҳи баланди Пешвои миллат сарчашма мегирад.

Дар ин баробар ҳайсияти Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ ҳамчун Пешвои сулҳ, дипломат ва сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ пазируфта шудааст.

Ифтихорбахш аст, ки имрӯз роҳбарони давлатҳо Пешвои халқи Тоҷикистонро ҳамчун меъмори сиёсати нави экологии ҷаҳонӣ мешиносанд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз зумраи роҳбаронест, ки сиёсати худро дар доираи фалсафаи умумибашарӣ мебинанд.

Лозим ба таъкиди хос аст, ки дар марҳалаи нави бунёди давлати ҷавони Тоҷикистон тақдири баланди миллати куҳанбунёди тоҷик дар симои шахсияти беназири таърихӣ - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон олитарин сифатҳои инсонӣ - бузургдиливу шуҷоат, раҳму шафқат ва қобилияти нотакрори ваҳдатофариро ато кард ва маҳз таҷаммӯи ҳамин хислатҳои олии инсонӣ ҷомеаи кишварро ба сӯйи худогоҳиву хештаншиносӣ сафарбар сохт.

Ба поси заҳмату хизматҳои бузурги Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қаҳрамони Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ, эҳё ва рушди давлатдории навини тоҷикон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2015 Ӯро ба сифати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат эътироф намуда, бо қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат” ба ин рӯйдоди ифтихориву инсонгароёна шукӯҳи таърихӣ бахшид.

 Дар ин радиф Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарори бисёр муҳимеро соли 2016 қабул кард, ки  тибқи он дар баробари гиромидошти Рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Ваҳдати Миллӣ, Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Парчами миллӣ, Рӯзи забон, ҷашнҳои Наврӯз, Меҳргон ва як қатор санаҳои таърихӣ ҳар сол 16-уми ноябр ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

Мусаллам аст, ки ҷашнҳои милливу давлатӣ моҳияти тарбиявӣ дошта, пеш аз ҳама ба худогоҳии мардум равона шудаанд. Ҳамон гуна ки Рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тантана доир гардида, таваҷҷуҳи ҳамдиёронамонро ба муқаддас донистани мустаъқилияти кишвар, озод будани мардумонаш аз банди бегонагон ҷалб мекунад, ё ҷашни Наврӯз ки биниши мардумро ба арҷгузории ойину кешҳои ниёкон, парвариши зебоӣ, нигаҳбонии хуррамиву сарсабзии замини аҷдодон равона месозад, ҷавҳари таҷлили Рӯзи Президент, ба андешаи ғолиби мо он аст ки ҳамдиёрон манзалати сарвар доштанро дарк намоянд. Хурду бузург ин ҳикматро дар андешаи хеш ҷой бидиҳанд, ки миллати солиму саломат бе пешво наметавонад ваҳдатро, ки омили аслии ҳастии миллат аст, ба даст оварад.

Имрӯз Тоҷикистон бо ҳидоятҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвоии миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари сулҳу субот ва амнтарини ҷаҳон гардида, бо рушди устувору дастовардҳои нусратбахш бо дурахши оламгири хуршеди истиқлол ба амалигардонии ормонҳои ҳазорсолаҳои давлатдорӣ музаффарона пеш меравад. Дар ин масири таърихофарӣ Ӯ абармарди дунёи сиёсат аст, ки бо заковат, садоқат ва меҳрубонӣ халқи худро дӯст медорад ва барои шукуфоии кишвараш тамоми ҳастияшро бахшидааст.

Дарвоқеъ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷон дар пайкари миллат, меъмори сулҳ, поягузори ваҳдат ва асилтарин Пешвои мардумист, ки номи ӯ бо номи Тоҷикистон ҳамеша ҳамсадо хоҳад монд.

Муҳаммадҷони Абдувоҳид, муаллими калони кафедраи адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!