, Ҷумъа, 12-июн

МУҲОКИМАИ РИСОЛАИ ИЛМӢ


МУҲОКИМАИ РИСОЛАИ ИЛМӢ

Имрӯз, 9-уми июни соли 2026 дар ҷаласаи кафедраи методикаи таълими информатикаи факултети физика, математика ва информатикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ муҳокимаи рисолаи илмии докторанти PhD-и кафедраи мазкур-Қурбонзода Некруз Нураҳмад дар мавзуи “Шаклҳои инноватсионии рушди салоҳиятҳои касбии омӯзгори фанни технологияи иттилоотии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ дар низоми такмили ихтисос”, зери роҳбарии дотсенти кафедраи таъминоти барномавӣ ва WEB-дизайни муассиса Аюбзода Сафар Аюб барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа PhD, доктор аз рӯи ихтисоси 6D011102-Назария ва технологияи таълими информатика (таҳсилоти касбӣ) баргузор гардид.

Дар муҳокима мудири кафедра, дотсент-Муродализода Раҳмоналӣ, узви Шурои диссертатсионии 6D.KOA-048 дар назди Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, доктори илмҳои физика ва математика, профессор-Сафаров Ҷумабой, роҳбари илмӣ, дотсент-Аюбзода Сафар Аюб, мудири кафедраи таъминоти барномавӣ ва WEB-дизайн, н.и.п.- Шоҳсанами Ризо, мудири кафедраи умумидонишгоҳии информатика ва технологияи информатсионӣ, дотсент-Сафаров Сайтоҷиддин ва ҳайати устодону омӯзгорон иштирок доштанд.

Дар ҷараёни муҳокима муқарризони холис, профессор Сафаров Ҷумабой, дотсент Муродализода Раҳмоналӣ ва иштирокчиён ҷанбаҳои муҳими рисолаи илмиро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, оид ба такмил ва беҳтар намудани он пешниҳоду тавсияҳои судманд ироа намуданд. Рисолаи илмӣ бо дарназардошти эроду тавсияҳо анҷомёфта ҳисобида шуда, барои баррасӣ дар марҳилаи минбаъда тавсия карда шуд.

Раёсати Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ба муҳаққиқ ва роҳбари илмиаш барору комёбиҳо таманно намуда, дар фаъолияти минбаъдаи илмӣ ба онҳо муваффақиятҳои нав орзу менамояд.




Ба рӯйхат