,
Панҷшанбе, 21-май
Бо чунин унвон имрӯз-20.05.2026, дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳамоиши илмӣ-маърифатии ҳайати олимону донишмандон ва устодону донишҷӯёни муассиса дар ҳошияи маросими ба Ватан баргардондани мушти хоки оромгоҳи қаҳрамонони миллӣ баргузор гардид.
Дар ҳамоиш ректори донишгоҳ, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Сафарзода Мунир Ватан, муовинони ректор, ҳайати устодон, муҳаққиқон ва донишҷӯён иштирок намуданд.
Кори ҳамоиш бо садо додани Суруди миллӣ ва намоиши филми мустанад доир ба рӯзгор, фаъолияти сиёсӣ ва корнамоиҳои фарзандони фарзонаи миллат оғоз гардид, ки дар он саҳми мондагори Нусратулло Махсум, Шириншо Шотемур ва Нисор Муҳаммад дар роҳи ташаккули давлатдории миллӣ ва ҳифзи арзишҳои фарҳангиву маънавии тоҷикон бозтоб ёфт.
Зимни ироаи сухани муқаддамотӣ ректори донишгоҳ, профессор Сафарзода Мунир Ватан таъкид доштанд, ки дар таърихи давлатдории халқҳо рӯйдодҳое ҳастанд, ки на танҳо ҳамчун воқеаи сиёсӣ, балки ҳамчун эҳёи виҷдон, бедории хотираи миллӣ ва рамзи адолати таърихӣ ҷовидона боқӣ мемонанд. Иқдоми наҷибона ва пурифтихори Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба Ватан баргардондани мушти хоки оромгоҳи фарзандони фарзонаи миллат-Нусратулло Махсум, Шириншо Шотемур ва чеҳраи маъруфи маърифатпарвари тоҷик Нисор Муҳаммад маҳз аз ҷумлаи ҳамин гуна рӯйдодҳои сарнавиштсоз мебошад.
Таъкид гардид, ки ин иқдом танҳо маросими рамзии интиқоли мушти хок набуда, балки таҷассумгари эҳтироми давлат ба таърих, қадршиносии миллат аз фарзандони содиқ ва зуҳури сиёсати фарҳангсолоронаи Роҳбарияти Олии кишвар мебошад. Дар воқеъ, миллате, ки қаҳрамонони худро пос медорад ва хотираи онҳоро зинда нигоҳ медорад, ҳеҷ гоҳ дар саҳнаи таърих гум намешавад. Нусратулло Махсум ва Шириншо Шотемур аз ҷумлаи он чеҳраҳои нодире буданд, ки дар марҳилаи ниҳоят ҳассоси таърихи тоҷикон барои ташаккули давлатдории миллӣ мубориза бурданд. Онҳо дар замоне қадам ба майдони сиёсат гузоштанд, ки сарнавишти миллатҳои Осиёи Марказӣ дар чорроҳаи тақсимоти сиёсиву маъмурӣ қарор дошт. Маҳз бо ҷасорат, хирад ва иродаи ин фарзандони ватандӯст Тоҷикистон аз як воҳиди маҳдуди маъмурӣ ба Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон табдил ёфта, пояҳои давлатдории тоҷикон таҳким пайдо кард.
Дар идома Холиқзода Сафар, дотсенти кафедраи химия ва методикаи таълими муассиса дар мавзуи “Қудуми ин мусофир қаҳрамонҳоят муборак, Тоҷикистонам” маъруза намуда, таъкид дошт, ки бозгашти мушти хоки фарзандони фарзонаи миллат ба Ватан на танҳо рӯйдоди таърихӣ, балки рамзи пирӯзии ҳақиқат, эҳёи хотираи миллӣ ва таҳкими руҳияи ватандӯстӣ дар ҷомеа мебошад. Зикр гардид, ки ин иқдоми башардӯстона ва таърихии Пешвои миллат дар замири мардум эҳсоси баланди арҷгузорӣ ба таърих ва муқаддасоти миллӣ ба вуҷуд оварда, ҷавононро ба омӯзиши амиқи мероси сиёсию маънавии қаҳрамонони миллат ҳидоят менамояд. Ҳамчунин, иброз дошт, ки хизматҳои Нусратулло Махсум, Шириншо Шотемур ва Носир Муҳаммад дар роҳи ҳифзи манфиатҳои тоҷикон ва ташаккули давлатдории миллӣ барои наслҳои имрӯзу фардо ҳамчун мактаби ҷовидонаи худшиносӣ ва ватандорӣ хизмат хоҳанд кард.
Зимнан, Изатов Умедҷон, дотсенти кафедраи сиёсатшиносӣ ҳангоми ироаи маъруза дар мавзуи “Ба Ватан баргардондани мушти хоки оромгоҳи қаҳрамонони миллӣ ҳамчун таҷассуми сиёсати эҳёи адолати таърихии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон” таъкид намуд, ки арзиши сиёсӣ ва маънавии ин иқдом ниҳоят бузург буда, он ҳамчун нишонаи эҳтироми давлат ба таърихи миллат ва қадршиносӣ аз хизматҳои фарзандони содиқи Ватан арзёбӣ мегардад. Қайд гардид, ки ба таври бошукӯҳ ва тантанавӣ ба Ватан овардани мушти хоки қаҳрамонони миллӣ аз ғурбат на танҳо эҳёи адолати таърихӣ, балки таҳкими ваҳдати миллӣ ва бедории шуури таърихии ҷомеа мебошад. Таъкид шуд, ки чунин иқдомҳо симои давлатдории миллиро таҳким бахшида, нишон медиҳад, ки Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат ба арзишҳои таърихӣ, хотираи миллӣ ва эҳтироми фарзандони фарзонаи миллат ба таври шоиставу ифтихорӣ арҷ мегузорад.
Дар идома Бадалов Исфандиёр, ёвари ректори донишгоҳ дар мавзуи “Эҳёи адолати таърихӣ ва нақши қаҳрамонони миллӣ дар таҳкими давлатдории тоҷикон” баромад намуда, иброз дошт, ки эҳтиром ба корнома ва мероси шахсиятҳои барҷастаи миллат яке аз заминаҳои асосии ташаккули худшиносии миллӣ ва тарбияи насли ватандӯст мебошад. Таъкид гардид, ки қаҳрамонони миллат дар давраҳои пуртазоди таърихӣ бо фидокорӣ ва иродаи қавӣ барои ҳифзи ҳастии миллат, забон, фарҳанг ва давлатдории тоҷикон мубориза бурдаанд ва имрӯз пос доштани хотираи онҳо рисолати маънавии ҳар як фарди худогоҳи ҷомеа ба шумор меравад. Номбурда инчунин зикр намуд, ки сиёсати фарҳангпарварона ва инсонмеҳваронаи Пешвои миллат барои эҳёи ҳақиқати таърихӣ ва муаррифии чеҳраҳои барҷастаи миллат заминаи мусоиди илмӣ ва маънавӣ фароҳам овардааст.
Дар умум, таъкид гардид, ки ҳамоиши илмӣ-маърифатии ҳайати олимону донишмандон, устодон ва донишҷӯёни донишгоҳ таҳти унвони «Поси хотири қаҳрамонони миллӣ ва таҳкими худшиносии тоҷикон дар партави сиёсати Пешвои миллат» бо баҳрамандӣ аз сиёсати инсондӯстонаи Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун арҷгузорӣ ба корнома ва ҷоннисориҳои фарзандони фарзонаи миллат ва бозгӯи эҳтироми амиқи ҷомеаи илмии ин боргоҳи илму маърифат ба таърихи давлатдории тоҷикон мебошад.
Зикр шуд, ки ин иқдоми таърихӣ - ба Ватан баргардондани мушти хоки оромгоҳи қаҳрамонони миллӣ, дар замири ҷомеа, бахусус ҷавонон эҳсоси баланди худшиносӣ, ватандӯстӣ, ҳифзи ҳофизаи таърихӣ ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллиро таҳким мебахшад. Изҳори умед карда шуд, ки чунин ҳамоишҳо барои омӯзиши амиқи мероси сиёсиву маънавии қаҳрамонони миллат заминаи мусоид фароҳам оварда, ҳамчун майдони муҳими илмӣ барои таҳқиқ, тарғиб ва ҳифзи арзишҳои давлатдории миллӣ хизмат менамоянд ва дар таҳкими ваҳдати миллӣ, эҳёи тафаккури таърихӣ ва тарбияи насли худогоҳу содиқ ба Ватан нақши муассир хоҳанд гузошт.