, Чоршанбе, 20-май

ҲАЙАТИ БОНУФУЗИ ДДК ДАР ДАВИ МИЛЛӢ


ҲАЙАТИ БОНУФУЗИ ДДК ДАР ДАВИ МИЛЛӢ

Бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2007, № 255 «Дар бораи Рӯзи дави миллӣ» ва супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 майи соли 2026, №26/10-57 бо мақсади таҳкими тарзи ҳаёти солим, рушду инкишофи соҳаи варзиш ва оммавияти он байни аҳолӣ санаи 17.05.2026 дар шаҳри Кӯлоб низ чун дигар шаҳру навоҳии мамлакат Дави миллӣ  баргузор гардид.

Ҳайати устодону кормандон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо ҳисси масъулиятшиносӣ ва ватандӯстӣ зери роҳбарии ректори муассиса, профессор Сафарзода Мунир Ватан дар ин чорабинии муҳимми ҷумҳуриявӣ фаъолона иштирок намуданд.




Ба рӯйхат