, Ҷумъа, 16-январ


ХУШХАБАР

 14.01.2026

ХУШХАБАР

Имрӯз 14.01.2026 муаллими калони кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва методикаи таълими онҳо, факултети омӯзгорӣ ва фарҳанги Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Раҳмонзода Гулдона Соҳибназар рисолаи илмии худро дар мавзуи «Таҳқиқи қиёсии асарҳои «Асрор» ва «Фарзанди ҳукумат»-и Ғаффор Мирзо (масъалаҳои матншиносӣ)» зери роҳбарии узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои филологӣ, профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Кӯчарзода Аламхон барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD) – доктор аз рӯйи ихтисоси 6D021400 - Адабиётшиносӣ (6D021401 - Назарияи адабиёт. Матншиносӣ, нусхашиносӣ), дар ҷаласаи Шурои диссертатсионии 6D.KOА-099-и назди Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бомуваффақият дифоъ намуд.

Ҳайати профессорону омӯзгорони Донишгоҳ муҳаққиқи ҷавонро ҷиҳати ин дастоварди илмӣ табрику таҳният гуфта, дар корҳои минбаъдаи илмиаш комёбиҳоро таманно менамояд.

Лутфан барномаи моро насб намоед!