, Панҷшанбе, 19-Феврал


ХУШХАБАР!

 30.01.2024

ХУШХАБАР!

29 январи соли 2026, Мирзоев Суҳроб – муаллими калони кафедраи фалсафаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, диссертатсияи илмии худро дар мавзуи «Афкори ахлоқии Абурайҳони Берунӣ» бо роҳбарии доктори илмҳои фалсафа, профессор Шамолов Абдулвоҳид бо муваффақият ҳимоя намуд.

Диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои фалсафа аз рӯйи ихтисоси 09.00.05 дар Шурои диссертатсионии 6D.КОА-092-и назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дифоъ гардид.

Раёсат ва ҳайати профессорону омӯзгорони донишгоҳ муҳаққиқ ва роҳбари илмии ӯро бо ин дастоварди арзишманди илмӣ сидқан табрик гуфта, дар роҳи минбаъдаи таҳқиқот ва фаъолияти илмӣ ба онҳо барору комёбиҳои нав орзу менамоянд.

Лутфан барномаи моро насб намоед!