, Чоршанбе, 04-Феврал


ЭЪЛОН!


Ба таваҷҷӯҳи омӯзгорон ва кормандони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ расонида мешавад, ки Маркази таълимӣ – машваратии “Дурахшон”-и донишгоҳ ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи забондонии омӯзгорон ва кормандон дар нимсолаи дуюми соли таҳсили 2025-2026 курси семоҳаи омӯзишии “Забони русӣ”-ро ба нақша гирифтааст.

Курси омӯзишӣ аз 1- уми феврали соли 2026 шуруъ мегардад. Раванди баргузории машғулиятҳо дар давоми ҳафта 2 рӯз (Сешанбе ва Панҷшанбе) ва дар ду баст (басти якум аз соати 11:00  то 12:30 ; басти дуюм аз соати 15:00  то 16:30 ) муқаррар гардидааст.

Дар робита ба ин, хоҳишмандон метавонанд худро то рӯзи оғози машғулиятҳо номнавис намоянд.

Телефон барои тамос: 556.69.00.66; 976.11.23.23.

 26.01.2026
Лутфан барномаи моро насб намоед!