, Сешанбе, 16-июн

ҚАДАМИ МУҲИМ ДАР РОҲИ ДИФОИ РИСОЛАИ ДОКТОРӢ


ҚАДАМИ МУҲИМ ДАР РОҲИ ДИФОИ РИСОЛАИ ДОКТОРӢ

Имрӯз, 12 июни соли 2026, дар ҷаласаи муштараки кафедраи назарияи иқтисодӣ ва кафедраи иқтисодиёти корхонаҳо ва соҳибкории Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ муҳокимаи диссертатсияи доктории номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент-Маҳмудов Баҳриддин Нуриддинович, дар мавзуи «Такмили механизми истифодабарии устуворонаи захираҳои обу энергетикӣ дар минтақа: назария ва амалия (дар мисоли ҷанубу шарқи Тоҷикистон)» баргузор гардид.

Диссертатсия таҳти мушовирии Раҳимзода Ҳисайн Раҳим-доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, мудири кафедраи иқтисодиёти миллӣ ва амнияти иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илмҳои иқтисодӣ пешниҳод шудааст.

Дар кори ҷаласа намояндагони садорати факултети молиявию иқтисодӣ, мудирони кафедраҳо, ҳайати профессорону омӯзгорон ва олимону мутахассисони соҳа иштирок намуда, андешаву пешниҳодҳои худро вобаста ба мавзуи таҳқиқот иброз доштанд.

Дар ҷараёни муҳокима муқарризон - Қурбонов Абдулҳайт Каримович, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессори кафедраи таҳлили иқтисодӣ ва аудити Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Обидзода Фозил Саид, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессори кафедраи «Фаъолияти бонкӣ»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон иштирок намуда, ҷанбаҳои назариявӣ ва амалии диссертатсияро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд. Инчунин, тақризи Одиназода Комрон Сайдаброр-доктори илмҳои иқтисодӣ, дотсент, мудири кафедраи соҳибкорӣ ва иқтисодиёти соҳавии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, ки бинобар сабаби истеҳсолӣ дар ҷаласа иштирок дошта натавонист, тавассути котиби ҷаласа ба самъи ҳозирин расонида шуд.

Иштирокчиёни ҷаласа аҳамияти илмӣ ва амалии мавзуи таҳқиқотро таъкид намуда, доир ба такмил ва беҳтар намудани баъзе ҷанбаҳои рисола пешниҳоду тавсияҳои судманд ироа карданд. Дар натиҷаи муҳокима диссертатсия бо дарназардошти эроду пешниҳодҳои баёншуда анҷомёфта ҳисобида шуда, барои баррасӣ дар марҳилаи минбаъда тавсия гардид.

Раёсати Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ин дастовардро ба муҳаққиқ ва мушовири илмии ӯ самимона табрик гуфта, дар фаъолияти минбаъда барояшон барору комёбиҳо ва дастовардҳои нав орзу менамояд.




Ба рӯйхат