, Ҷумъа, 17-апрел

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ ФАРҲАНГИИ “МАЪРИФАТ” ДАР ДДК


БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ ФАРҲАНГИИ “МАЪРИФАТ” ДАР ДДК

Имрӯз (09.04.2026) Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ба як саҳнаи нодири адабӣ мубаддал гашт. Ҷилои маърифат, нурҳои сухан ва ҳавои дӯстдорӣ ба китоб фазои донишгоҳро фаро гирифт. Баргузории маҳфили фарҳангии “МАЪРИФАТ” дар доираи “Корвони китоб”-и Вазорати фарҳанги ҷумҳурии Тоҷикистон ва нашриёти “АДИБ”, ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ на танҳо як рӯйдоди фарҳангӣ, балки паёми зиндаи худшиносии миллӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои маънавӣ буд.

Иштироки ҳайати раёсати маҳфили фарҳангӣ:  Давлат Сафар-муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон, Сафарзода Мунир Ватан-ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, доктори илмҳои педагогӣ, Даминзода Арафамо-муовини раиси шаҳри Кӯлоб, Раҳмоналӣ Мирализода-директори нашрияи “Адиб”, Ҳақназар Ғоиб, Алимуҳаммад Муродӣ-Шоирони халқии Тоҷикистон, аҳли илму фарҳанг, Файзалӣ Ҳасанов - Ҳофизи халқии Тоҷикистон, Қурбон Собир- Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, Лутфулло Давлатзода - Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, фаъолони шаҳр ва устодону донишҷӯён шукӯҳу шаҳомати чорабиниро боз ҳам зиёда гардонид.

Ректори донишгоҳ, доктори илмҳои педагогӣ Сафарзода Мунир Ватан зимни ироаи сухани ифтитоҳӣ ва пазироии маҳфили фарҳангӣ аҳли илму адаб ва ҳайати ҳамроҳонро ба Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ самимона хайрамақдам гуфта, ҳузури онҳоро боиси шодии афзуни ҷомеаи меҳнатӣ ва донишҷӯёни донишгоҳ арзёбӣ намуд.

Зимнан таъкид дошт, ки мардуми фарҳангдӯсту адабгустари тоҷик аз шарафи истиқлоли давлатӣ ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рушди худшиносии миллӣ, ташаккули эътимоди қавии мардум ба фарҳангу арзишҳои деринбунёди ниёгон даст ёфта, ба муаррифии чеҳраҳои маъруфу маҳбуби илму адаб, осори пурҳикмат ва рӯзгори ибратомӯзи эшон, ки сафобахши масири ташаккулу худшиносии наслҳои миллат гардидааст, шарафёб гардид.

Баргузории иқдоми наҷибу фарҳангии “Корвони маърифат”, чун идомаи мантиқии сиёсати фарҳангпарваронаи Роҳбарияти олии кишвар ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз зумраи тадбирҳои муассиру судбахш дар роҳи расидан ба ҳадафҳои нек ва бунёди давлатории миллист.

Ишора рафт, ки Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ мизбонӣ аз ин ибтикори бошукӯҳи фарҳангиро боиси ифтихор ва шарафи масъулияти худ дониста, онро қадаме устувор дар роҳи сармоягузорӣ ба маърифат, таҳкими ҷаҳонбинии ҷомеа ва эҳёи анъанаҳои пурғановати китобдӯстӣ арзёбӣ менамояд.

Тибқи барнома масъулияти пешбурди кори маҳфилро Раҳмоналӣ Мирализода-директори нашрияи “Адиб” бар уҳда дошт.

Муовини вазири фарҳанг, Шоири халқии Тоҷикистон-Давлат Сафар дар баромади хеш оид ба аҳамияти китоб ва фарҳанги мутолиаи он дар ҷомеа ва нақши Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тарғиби ин арзишҳо ва ҳифзу гиромидошти ваҳдату субот ва якпорчагиву муттаҳидди халқи Тоҷикистони азиз андешаронӣ намуд. Ӯ дар баромади худ  зикр кард, ки фарҳанги китобу китобдӯстӣ,  дар сиёсати давлатдорӣ на танҳо дар сатҳи баланд қарор дорад, балки он дар тамоми барномаҳои давлатӣ таҷассум ёфтааст. Ҳикмату арзиши ин фарҳанг имрӯз дар ҳар иқдоми созанда эҳсос мегардад.

Ҳамчунин Даминзода Арафамо-муовини раиси шаҳри Кӯлоб, Раҳмоналӣ Мирализода-директори нашрияи “Адиб”, Ҳақназар Ғоиб, Алимуҳаммад Муродӣ-Шоирони  халқии Тоҷикистон, Қурбон Собир-Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, Лутфулло Давлатзода - Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон доир ба масъалаҳои зиракии сиёсӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва дӯстдории Ватани маҳбуб ибрози назар намуда, ҳозиринро ба муттаҳидиву иттиҳодӣ ва гиромидошти арзишҳои фарҳангиву маънавии ниёгони тамаддунофар ва Тоҷикистони соҳибистиқлол даъват намуданд.

Баромадкунандагон ташкилу баргузории маҳфилҳои фарҳангиро дар тарбияи худогоҳиву худшиносии насли ҷавон муҳимму саривақтӣ арзёбӣ намуда, онро омили муассир дар роҳи татбиқи ҳадафмандонаи сиёсати ватандӯстонаву фарҳангпарваронаи Роҳбарияти олии мамлакат донистанд.

Иҷрои сурудҳо ва мусиқиҳои дилнишин аз ҷониби Файзалӣ Ҳасанов-Ҳофизи халқии Тоҷикистон ва Лутфулло Давлатзода-Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон ба маҳфил ранги тоза бахшида, фазоро пур аз шодиву нишот намуд.

Дар анҷоми маҳфили фарҳангӣ Давлат Сафар-муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нутқи пурмуҳтаво, изҳори сипосу миннатдории хешро ба унвони раёсати донишгоҳ ва тамоми ташкилкунандагони ин чорабинии фарҳангиву маърифатӣ баён дошт. Ӯ омодагии Вазорати фарҳангро ҷиҳати роҳандозии силсилаи чорабиниҳои фарҳангию ватандӯстӣ ёдовар гардида, баргузории маҳфили фарҳангии “Маърифат”-ро ҳамчун саҳми арзандае дар тарғиби китобу китобдорӣ ва арҷгузорӣ ба илм арзёбӣ карда, бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ ба мардуми Тоҷикистон сулҳу оромӣ, ваҳдати пойдор ва пешрафту шукуфоии ҳамешагӣ орзу намуд.




Ба рӯйхат