,
Сешанбе, 16-июн
(дар заминаи арҷгузорӣ ба хизматҳои омӯзгорону мураббиёни варзида ва таъсиси синфхонаҳо дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ)
Раёсати Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо баҳрамандӣ аз сиёсати маорифпарварона ва варзишпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбия ва арҷгузорӣ ба хизматҳои шахсиятҳои барҷастаи илму маориф ва варзиши кишвар тадбирҳои муассирро роҳандозӣ намуда истодааст.
Дар ин росто, дар ҳошияи истиқболи Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва дар доираи тадбирҳо бахшида ба таҷлили сазовори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, имрӯз 12 июни соли 2026 дар факултети тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбии донишгоҳ дарсхона ба номи омӯзгори соҳибтаҷриба, мураббии варзида ва Мураббии шоистаи Тоҷикистон Қурбонов Бозор Ҳусайнович ифтитоҳ гардид.
Дар маросими ифтитоҳи дарсхона ректори донишгоҳ, профессор Сафарзода Мунир Ватан, муовинони ректор, омӯзгорону кормандони факултет, собиқадорони соҳаи маориф ва варзиш, шогирдон ва аҳли пайвандони устод иштирок намуда, бо шароити муҳайёгардида дар синфхонаи навтаъсис шинос шуданд.
Зимни суханрониҳо таъкид гардид, ки таъсиси чунин синфхонаҳо дар доираи тадбирҳои ободониву созандагии донишгоҳ роҳандозӣ гардида, онҳо бо таҷҳизоти зарурии таълимӣ ва воситаҳои муосири омӯзиш муҷаҳҳаз гардонида шудаанд. Ҳамзамон иброз гардид, ки номгузории синфхона ба номи Қурбонов Бозор Ҳусайнович нишонаи эҳтиром ва қадршиносӣ аз фаъолияти пурсамар ва хизматҳои арзишманди ӯ дар рушди соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва омодасозии насли ҷавон мебошад.
Қурбонов Бозор Ҳусайнович 12 майи соли 1943 дар деҳаи Чорбоғи ноҳияи Кӯлоб ба дунё омада, тамоми фаъолияти меҳнатии худро ба таълиму тарбия ва рушди варзиш бахшидааст. Ӯ хатмкардаи факултети забон ва адабиёти руси Институти давлатии педагогии Кӯлоб ва Институти тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон буда, аз соли 1973 то охири умри хеш (2024) дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ба ҳайси муаллим, муаллими калон ва мураббии кафедраи тарбияи ҷисмонӣ фаъолият намудааст.
Устод Қурбонов ҳамчун варзишгари соҳибном ва Устоди варзиши Тоҷикистон оид ба гӯштини миллӣ дар рушди варзиши ватанӣ саҳми назаррас гузошта, солҳои зиёд ба тарбия ва омодасозии варзишгарони ҷавон машғул буд. Бо саъю кӯшиши ӯ даҳҳо нафар шогирдон ба унвони чемпионҳои ҷумҳурӣ ва устодони варзиш мушарраф гардида, имрӯз дар рушди соҳаи варзиш ва тарбияи ҷисмонии кишвар фаъолияти босамар доранд.
Фаъолияти омӯзгорӣ ва ҷамъиятии устод ҳамеша бо қадрдонӣ рӯ ба рӯ гардида, ӯ бо Ифтихорномаҳои Кумитаи тарбияи ҷисмонии Ҷумҳурии Тоҷикистон, медали ҷашнии «ХХ соли Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945», нишони сарисинагии «Аълочии маорифи Тоҷикистон» ва унвони фахрии «Мураббии шоистаи Тоҷикистон» сарфароз гардидааст.
Мактаби омӯзгорӣ ва мураббигии устод Қурбонов, ки бар пояи меҳнатдӯстӣ, ватандорӣ, масъулиятшиносӣ ва садоқат ба касб бунёд ёфтааст, имрӯз низ ҳамчун намунаи ибрат барои омӯзгорон, мураббиён ва донишҷӯён хизмат менамояд. Аз ин рӯ, таъсиси синфхона ба номи ӯ арҷгузорӣ ба хизматҳои мондагори ин фарзанди фарзонаи миллат буда, дар тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва қадршиносии бузургон нақши муҳим хоҳад дошт.
Дар умум, таъсис ва ифтитоҳи чунин синфхонаҳо нишонаи эҳтиром ба хизматҳои омӯзгорону мураббиёни варзида буда, идомаи мантиқии сиёсати маорифпарварона ва инсонмеҳваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб меёбад, ки ҳамеша ба баланд бардоштани мақоми омӯзгор, рушди илму маърифат ва тарбияи ҷисмонии ҷавонон таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд.