,
Ҷумъа, 17-апрел

Имрӯз, 9 апрели соли 2026, Давлаталии Абдусаломзода-ассистенти кафедраи баҳисобгирии муҳосибӣ ва аудити Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, диссертатсияи илмии худро дар мавзуи “Хусусиятҳои ташаккул ва рушди маркетинг дар корхонаҳо (дар мисоли корхонаҳои саноатии вилояти Хатлон)” бо роҳбарии номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Наврӯз Носирӣ бо муваффақият ҳимоя намуд.
Диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа PhD - доктор аз рӯйи ихтисоси 6D051100 – Маркетинг (6D051101 – Маркетинг) дар Шурои диссертатсионии 6D.КОА-063 назди Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дифоъ гардид.
Раёсат ва ҳайати профессорону омӯзгорони Донишгоҳ муҳаққиқи ҷавон ва роҳбари илмии ӯро бо ин дастоварди арзишманди илмӣ сидқан табрик гуфта, дар роҳи минбаъдаи таҳқиқот ва фаъолияти илмӣ ба онҳо барору комёбиҳои нав орзу менамоянд.