,
Ҷумъа, 12-июн
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳамоиши илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Гуфтугӯи тамаддунҳо ва аҳамияти он дар ҷаҳони зудтағйирёбанда» бахшида ба 10 июн-Рӯзи байналмилалии гуфтугӯ миёни тамаддунҳо баргузор гардид.
Ҳамоишро муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, дотсент Камолзода Шодмон ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ ва таҳаввулоти босуръати сиёсиву фарҳангӣ тақвияти гуфтугӯ миёни тамаддунҳо ҳамчун воситаи муҳими таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ, таҳаммулпазирӣ ва сулҳу субот аҳамияти хос пайдо намудааст.
Сипас, муовини ректор оид ба муносибатҳои байналмилалӣ Аюбзода Сафар дар мавзуи «Тамаддуни рақамӣ ва тағйирёбии арзишҳои инсонӣ», мудири кафедраи фалсафа, номзади илмҳои фалсафа Ҳасанов Муҳаммадсаид дар мавзуи «Фаҳмиши фалсафии фарҳанг ва тамаддун», омӯзгори кафедраи фалсафа Шокирзода Аёз дар мавзуи «Тоҷикистон ва нақши он дар таҳкими фарҳанги сулҳ ва гуфтугӯи тамаддунҳо» ва Ҳакимова Шарофат Абдусатторовна, номзади илмҳои география, дотсенти Донишгоҳи давлатии педагогии Тирмиз тариқи маҷозӣ (онлайн) дар мавзуи «Муколамаи тамаддунҳо ва аҳамияти он дар ҷаҳони босуръат тағйирёбанда» маърӯза намуданд.
Зимни баромадҳо таъкид гардид, ки гуфтугӯи тамаддунҳо яке аз роҳҳои муассири пешгирии низоъҳо, таҳкими ҳамдигарфаҳмии байни миллатҳо ва ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ дар шароити ҷаҳони муосир ба ҳисоб меравад. Иштирокчиён инчунин нақши Тоҷикистонро дар пешбурди ташаббусҳои байналмилалии сулҳҷӯёна ва таҳкими фарҳанги муколама дар арсаи ҷаҳонӣ муҳим арзёбӣ намуданд.