,
Сешанбе, 16-июн
Ваҳдати миллӣ яке аз бузургтарин дастовардҳои халқи тоҷик дар даврони соҳибистиқлолӣ ба ҳисоб меравад. Он неъмати бебаҳоест, ки барои ҳар як шаҳрванд шароити зиндагии осоишта, рушди устувор ва пешрафти ҷомеаро фароҳам меорад.
Ваҳдати миллӣ фақат набудани ҷанг нест. Он, пеш аз ҳама, ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтироми якдигар, дӯстӣ ва ҳамкории тамоми қишрҳои ҷомеаро дар бар мегирад.
Аз он рӯзе, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳи Истиқлолияти давлатиро пеш гирифт, ҳамакунун аз 35 сол сипарӣ гардида истодааст. Дар ин муддат бузургтарин дастоварди халқу давлати соҳибистиқлоли мо ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ буд, ки роҳи рушди устувор ва пешрафти кишварро ҳамвор намуд.
Хидмати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи миллат ва давлатдории тоҷикон абадан боқӣ хоҳад монд. Дар ҳама давру замон барои идораи давлат ва рушди ҷомеа роҳбарони оқилу донову бомаҳорат зарур буданд ва ҳастанд, ки ҷомеаро бо андешаҳои созанда ба сӯи эҳё ва ташаккул роҳнамоӣ намуда, дар заминаи ҳофизаи таърихӣ давлатдориро таҳким бахшанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумлаи шахсиятҳое мебошанд, ки барои кишвари мо ва сокинони он ин рисолати таърихиро иҷро намуда, барои рушди бесобиқаи Тоҷикистони азиз пайваста талош менамоянд.
Дар ин замина суханони қаҳрамони миллии Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд ҷолиби таваҷҷуҳ мебошанд: «Ман дидам, ки чӣ гуна Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ҷон ба кафи даст, зери тиру тӯп ба Афғонистон омад. Роҳбаре, ки барои мардумаш ҷонашро дареғ намедорад, қодир аст сулҳ оварад. Бояд атрофи ӯ муттаҳид шуд ва манзалаташро гиромӣ дошт. Бадбахтии миллати мо - афғонҳо дар он буд, ки чунин роҳбари ғамхор надоштем».
Воқеан ҳам, агар ба таърихи давлатдории мардуми тоҷик назар афканем, дар тӯли садсолаҳо шахсиятҳои бузурге чун Куруши Кабир, Исмоили Сомонӣ ва Спитамен бо сиёсати хирадмандона, ватандӯстӣ ва ҳимояи манфиатҳои давлату миллат дар саҳифаҳои таърих ҷойгоҳи арзанда касб намудаанд.
Эмомалӣ Раҳмон низ дар таърихи навини тоҷикон ҳамчун сиёсатмадори барҷаста ва роҳбари дурандеш мақоми махсус доранд. Дар тӯли солҳои давлатдорӣ эшон тавонистанд аз арзишҳои миллӣ, забон, фарҳанг ва мероси таърихии халқамон ҳимоя намуда, барои таҳкими пояҳои давлатдорӣ саҳми арзанда гузоранд.
Сарвари давлат аз рӯзҳои аввали фаъолияти сиёсии худ сиёсати муколама ва оштии миллиро пеш гирифта, хуб дарк мекарданд, ки танҳо тавассути гуфтушунид ва созиш метавон ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима бахшид.
Билохира, 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид, ки барои таърихи навини Тоҷикистон рӯйдоди сарнавиштсоз гардид. Пас аз қабули ин санади муҳим ҷанги шаҳрвандӣ хотима ёфта, заминаи ташаккули ҷомеаи осоишта ва рушди минбаъдаи давлат фароҳам омад.
Аз ин рӯ, унвони «Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат» инъикоскунандаи нақши таърихии Эмомалӣ Раҳмон дар сарнавишти миллати тоҷик мебошад. Хизматҳои фарзанди фарзонаи тоҷик ҳамчун меъмори сулҳ, ваҳдати миллӣ ва давлатдории навини тоҷикон дар саҳифаҳои таърих абадан боқӣ хоҳанд монд.
Нозимова Саодат Баротовна, муаллими калони кафедраи адабиёти тоҷики ДДК ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ