, Ҷумъа, 12-июн

БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИИ РАЁСАТИ ДОНИШГОҲ


БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИИ РАЁСАТИ ДОНИШГОҲ

Имрӯз, 10.06.2026, дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҷаласаи ҷамъбастии Раёсати донишгоҳ баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои муҳимми фаъолияти таълимӣ, илмӣ ва ташкилии донишгоҳ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Ҷаласа таҳти роҳбарии ректори донишгоҳ, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Сафарзода Мунир Ватан ва бо иштироки аъзои раёсат доир гардид.

Дар оғоз, доир ба масъалаи “Ҳолати татбиқи “Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030” ва иҷрои Конвенсия дар бораи барҳам додани тамоми шаклҳои табъиз нисбати занон ва тавсияҳои ниҳоии Кумитаи СММ дар донишгоҳ” раиси шурои занон Қаюмова Мубина маърӯза намуда, доир ба тадбирҳои амалигардида, натиҷаҳои бадастомада ва вазифаҳои минбаъда дар самти баланд бардоштани мақоми занон ва таъмини баробарии гендерӣ маълумот пешниҳод намуд.

Сипас, вобаста ба масъалаи “Ҳолати раванди таълим ва машғулиятҳо дар таълими ғоибонаи факултетҳои донишгоҳ дар нимсолаи дуюм” роҳбари гурӯҳи корӣ, Саидзода Муҳаммад гузориш дод. Дар ҷараёни муҳокима масъалаҳои вобаста ба сифати таълим, иштироки донишҷӯён дар машғулиятҳо ва иҷрои нақшаҳои таълимӣ мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҳамчунин, доир ба масъалаи “Ҳолати омодагии боғи истеҳсолӣ-таҷрибавии “Истиқлол”-и назди донишгоҳ дар ноҳияи Муъминобод барои ташкили лагерҳои истироҳатӣ” Мухторзода Мумин – муовини ректор оид ба идора ва хоҷагӣ маърӯза намуд. Қайд гардид, ки ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид барои истироҳату фароғат ва дар сатҳи зарурӣ омода намудани инфрасохтори лагер корҳои муайян ба анҷом расонида шудаанд.

Инчунин котиби ҷаласаи раёсат Холматов Баҳром доир ба “Ҷамъбасти кори раёсат дар соли таҳсили 2025-2026 ва вазифаҳо барои соли таҳсили 2026-2027” баромад намуда, натиҷаҳои фаъолияти раёсатро дар давраи ҳисоботӣ ҷамъбаст карда, вазифаҳои афзалиятнок ва самтҳои асосии фаъолиятро барои соли таҳсили оянда муайян намуд.

Дар бахши масъалаҳои ҷорӣ аъзои раёсат вобаста ба самтҳои фаъолияти худ баромад намуда, оид ба раванди корҳои таълимӣ, илмӣ, тарбиявӣ ва ташкилии донишгоҳ маълумот пешниҳод карданд.

Дар фарҷоми ҷаласа роҳбарияти донишгоҳ ба масъулин ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои мавҷуда, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, тақвияти корҳои тарбиявӣ ва иҷрои саривақтии вазифаҳо дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Таъкид гардид, ки баланд бардоштани масъулиятшиносӣ ва татбиқи босамари нақшаҳои корӣ аз вазифаҳои муҳими ҳар як корманди донишгоҳ ба ҳисоб меравад.




Ба рӯйхат