,
Ҷумъа, 17-апрел
Имрӯз, 13.04.2026, дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар ҳамоиши бошукӯҳ ва илҳомбахш ҷамъбаст ва натиҷагирии “Ҳафтаи илм”, ки дар доираи конференсияи илмӣ-назариявии ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯён баргузор гардид, сурат гирифт.
“Ҳафтаи илм” дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бахшида ба Рӯзи илми тоҷик, инчунин татбиқи ҳадафҳои муҳими давлатӣ- эълон гардидани солҳои 2025-2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия», солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ» ва соли 2026 «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияти худшиносиву худогоҳии миллӣ» ва истиқболи шоиста аз 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 6 то 13 апрел идома дошт.
Дар ҳамоиши ректори донишгоҳ, доктори илмҳои педагогӣ Сафарзода Мунир Ватан, муовинони ректор, деканони факултетҳо, роҳбарони сохторҳо, ҳайати профессорону омӯзгорон, донишҷӯён ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.
Ректори донишгоҳ зимни суханронӣ ва натиҷагирӣ таъкид дошт, ки “Ҳафтаи илм” ҳамчун як марҳилаи муҳим бори дигар неруи зеҳнӣ, иқтидори илмӣ ва ҷаҳонбинии созандаи ҳайати донишгоҳро ба таври шоиста муаррифӣ намуд. Ин чорабинӣ на танҳо саҳми арзандаи устодону муҳаққиқонро дар рушди илм ва тайёр намудани мутахассисони баландихтисос нишон дод, балки нуфузи донишгоҳро дар фазои илмиву иттилоотии кишвар боз ҳам таҳким бахшид.
Ҳамзамон, бо ишора ба таъкидҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр гардид, ки “Асри XXI давраи пешрафти босуръати илму технология буда, давлате, ки ба илм такя мекунад, ояндаи худро устувор месозад. Зеро илм пояи асосии рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа мебошад”.
Боиси ифтихор аст, ки дар Тоҷикистони соҳибистиқлол, зери роҳбарии хирадмандонаи Сарвари давлат ба соҳаи илму маориф таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардида, рушди он яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ маҳсуб меёбад.
Натиҷаҳои “Ҳафтаи илм” дар донишгоҳ низ бозгӯи амалисозии ҳамин сиёсати созанда мебошанд. Дар маҷмӯъ, дар доираи чорабинӣ 957 мақолаи илмӣ аз ҷониби 429 омӯзгор, 24 докторанти PhD, 169 магистрант ва 335 донишҷӯ пешниҳод гардид. Аз миёни онҳо 76 маърӯзаи беҳтарин интихоб шуда, бо сипосномаҳои раёсати донишгоҳ қадрдонӣ шуданд.
Ректори донишгоҳ инчунин таъкид намуд, ки дастгирии илм ва муҳаққиқон самти афзалиятноки фаъолияти раёсат боқӣ мемонад. Дар ин замина, қарор аст аз соли таҳсили 2026-2027 нашри ройгони монографияҳо ва авторефератҳои рисолаҳои доктории кормандон аз ҳисоби маблағҳои донишгоҳ ба роҳ монда шавад.
Дар бахши музокира баромадкунандагон- Зулфиев Гадомад, дотсент, декани факултети филологияи тоҷик ва журналистика, Холиқзода Сафар, дотсенти кафедраи химия ва методикаи таълими он, ба сатҳи баланди ташкил ва роҳандозии чорабиниҳои илмӣ баҳои баланд дода, таъкид карданд, ки “Ҳафтаи илм” бо фарогирии васеъ, мазмуну муҳтавои амиқ ва сатҳи баланди илмӣ ба як мактаби воқеии такмили дониш ва табодули таҷриба табдил ёфт. Зикр гардид, ки ҳамоҳангсозии муназзам, иштироки фаъолонаи муҳаққиқон ва фароҳам будани шароити мусоид барои муҳокимаи озоди масъалаҳои илмӣ аз омилҳои асосии муваффақияти ин чорабинӣ ба ҳисоб мераванд”.
Дар анҷоми чорабинӣ аз ҷониби раёсати донишгоҳ ба устодони собиқадор барои саҳми арзанда дар рушди илм ва тарбияи шогирдон, инчунин ба омӯзгорону донишҷӯён барои маърӯзаҳои беҳтарин сипосномаҳо тақдим гардиданд.