, Чоршанбе, 18-март


ХУШХАБАР!

 18.03.2026

ХУШХАБАР!

Имрӯз, 18 марти соли 2026, Нодирзода Комилҷон Алимурод - муаллими кафедраи физикаи умумӣ ва назариявии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, диссертатсияи илмии худро дар мавзуи “Тағйирёбии иқлим дар кишварҳои Осиёи марказӣ” бо роҳбарии доктори илмҳои физикаю математика, профессор Абдуллозода Сабур Фузайл бо муваффақият ҳимоя намуд.

Диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD) - доктор аз рӯи ихтисоси 6D060400 - Физика (6D060424 - Метеорология, иқлимшиносӣ, агрометеорология) дар Шурои диссертатсионии 6D.КОА-055 назди Институти физикаю техникаи ба номи С. У. Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дифоъ гардид.

Раёсат ва ҳайати профессорону омӯзгорони Донишгоҳ муҳаққиқи ҷавон ва роҳбари илмии ӯро бо ин дастоварди арзишманди илмӣ сидқан табрик гуфта, дар роҳи минбаъдаи таҳқиқот ва фаъолияти илмӣ ба онҳо барору комёбиҳои нав орзу менамоянд.