, Ҷумъа, 12-июн

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ-ЗАМИНАИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ


ВАҲДАТИ МИЛЛӢ-ЗАМИНАИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

«Ваҳдати миллӣ асоси оромиву осудагии халқ, кафолати инкишофи давлат ва муҳимтарин омили рушди ҷомеа мебошад».

Эмомалӣ Раҳмон

Ҳар сол мардуми тоҷик 27 июн - Рӯзи Ваҳдати миллиро бо шукуҳу шаҳомати хоса ҷашн мегиранд. Ин рӯзи таърихӣ оғози марҳилаи нави давлатдории тоҷикон буда, барои татбиқи раванди созандагии давлат заминаи устувору мусоидро фароҳам овард.

27 июни соли 1997 рӯзест, ки Тоҷикистони азизи мо ба марҳилаи нави таърихӣ ворид гашт ва ҷиддан ба корҳои ободониву созандагӣ оғоз намуд. Дар ин фархундарӯз тоҷикон боз бо як санҷиши сангину фоҷеабори таърих рӯ ба рӯ шуда, пас аз ихтилофоту музокироти бардавом ниҳоят ба дарки асли воқеият расиданд, боз якдилу якмаром гаштанд, ҳамдигарро самимона ба оғӯш кашиданд ва зери Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ имзои муборак гузоштанд. Ва «сулҳи деринтизори мо омад». Ваҳдат омад! Мамлакат нафаси тоза кашид, аз зулмат вораҳид, субҳ дамид.

Чӣ рӯзи саодатбору пурнишоте буд ин рӯз барои тамоми тоҷикистониёни азиз!

Таърих гувоҳ аст, ки солҳои 1992-1997 дар Тоҷикистон ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ шуда гузашт. Дар натиҷа беш аз сад ҳазор шаҳрвандони мо ҷони худро аз даст доданд, қариб як миллион нафар иҷборан хонаву дари худро тарк карда, ба кишварҳои ҳамсоя фирор карданд. Ҷанги шаҳрвандӣ ба иқтисодиёти мамлакат, дар маҷмӯъ, беш аз 10 миллиард доллари амрикоӣ зарари моддӣ расонид. Садҳо хонаҳо сӯзонда шуда, ҳазорҳо иншоот харобу валангор гардиданд. Зарари маънавии ҷанг ҳадду ҳисоб надорад, зеро бар асари он ҳазорҳо занон аз шавҳаронашон маҳрум гардида, зиёда аз 50 ҳазор кӯдак ятим монданд. Тоҷикистон аз марҳилаи рушди ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ ба муҳлати 40-50 сол ба қафо партофта шуд.

Дар чунин вазъият, ки ба кишвар парокандашавӣ таҳдид менамуд, ниёз ба роҳбаре буд, ки иродаи қавӣ дошта бошаду сарсупурдаи миллату Ватан бошад ва ба хотири ба даст овардани Ваҳдати миллӣ ва барқарор намудани сулҳу субот дар кишвар қудрати барқарор намудани ҳокимияти устувори давлатиро дошта бошад.

Иҷлосияи тақдирсози XVI Шурои Олӣ (16 ноябри соли 1992), ки наҷоти миллат масъалаи асосии он буд, бояд роҳбареро интихоб менамуд, ки миллати парокандаро муттаҳид карда тавонад. Мушкилӣ дар дарёфти шахс набуд, балки дар гирифтани масъулият буд, зеро замоне, ки яроқ кишварро идора мекарду иқтисодиёт фалаҷ ва хазина холӣ буд, зимоми идораи кишварро на ҳар кас ба дӯш мегирифт. Шукр, ки чунин шахс он замон пайдо шуд. Он фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд. Ӯ ба хотири миллат, давлат ва халқи Тоҷикистон масъулияти сангин ва вазнинро ба дӯш гирифт ва таърих собит сохт, ки ин интихоб дуруст ва саривақтӣ буд.

Оре, мо ба Ваҳдати миллӣ расидем, аммо боре фикр мекунем, ки Ваҳдати миллӣ ва сулҳу амонӣ чӣ гуна ба даст омад? Ё ин ки барои имзои ин Созишнома ҷонибҳо дасти оштӣ сӯи ҳам дароз карданду халос? Албатта не. Дар ин роҳ он қадар ҷонбозиҳову қурбониҳое сурат гирифтанд, ки ҳамаро наметавон тасаввур кард.

Бояд тазаккур дод, ки Созишномаи сулҳи тоҷикон 8 даврро дар бар гирифт, ки ба таври зайл аст:

Даври аввал: 5-19 апрели соли 1994 дар шаҳри Маскав;

Даври дуюм: 18-28 июни соли 1994 дар шаҳри Теҳрон;

Даври сеюм: 20 октябр - 1 ноябри соли 1994 дар пойтахти Ҷумҳурии Исломии Покистон - шаҳри Исломобод;

Даври чорум: 22 май - 1 июни соли 1995 дар шаҳри Алмаато;

Даври панҷуми бетанаффус: Ашқобод:

Марҳилаи аввал: 30 ноябр - 22 декабри соли 1995;

Марҳилаи дуюм: 26 январ - 19 феврали соли 1996;

Марҳилаи сеюм: 8-21 июли соли 1996;

Даври шашум: 23 декабри соли 1996 дар шаҳри Маскав;

Даври ҳафтум: 26 феврал - 8 марти соли 1997 дар шаҳри Маскав;

Даври ҳаштум: 22 ва 28 майи соли 1997 дар шаҳри Теҳрон. «Протокол оид ба кафолати амалигардонии Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон» ба имзо расид.

Ва тавре Роҳбари давлат зикр намудаанд, барои амалӣ намудани ҳадафҳои созанда 21 маротиба бо Иттиҳоди мухолифин музокира анҷом дода, 40 ҳуҷҷати барои миллат муҳимро ба имзо расондем.

Ҳамин тавр, 29 сол пеш, дар натиҷаи музокироти тӯлонӣ, ки зиёда аз 40 моҳ идома ёфт, 27 июни соли 1997 дар шаҳри Маскав Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, роҳбари Иттиҳоди мухолифини тоҷик марҳум Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ва намояндаи вижаи Муншии умумии СММ Гард Меррем «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон»-ро ба имзо расониданд. Бо имзои ин созишнома ба моҷарои мусаллаҳона дар кишвар хотима гузошта шуда, яке аз саҳифаҳои фоҷиавии таърихи кишвар пӯшида шуд ва аз он рӯз Тоҷикистони азизи мо ба марҳилаи нави таърихӣ ворид гашт ва ҷиддан ба корҳои ободониву созандагӣ оғоз намуд.

Пас аз он рӯзи нусратбор, 27 июн ҳамчун Рӯзи Ваҳдати миллӣ, яъне ягонагии миллӣ ва баҳамоии миллӣ пазируфта шуд ва асоси рушди ҳамаи самтҳои ҳаёти ҷомеа дар таърихи навини давлати соҳибистиқлоламон гардид.

Сулҳу субот, ризояти ҷомеа ва Ваҳдати миллӣ хизмати бениҳоят бузургу таърихии халқи азизи Тоҷикистон аст. Маҷмӯи дастовардҳои сиёсиву иқтисодӣ, фарҳангиву маънавие, ки солҳои охир дар ҷомеаи мо ба вуқӯъ мепайванданд, самараи Ваҳдати миллӣ ва сулҳу осоиш, ҳамдигарфаҳмӣ ва меҳнати созандаи мардуми меҳнатдӯсти кишвар мебошанд.

Маҳз истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ тавонистанд Тоҷикистонро ба ҷаҳониён шиносонанд. Самараи Ваҳдати миллӣ буд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ дар мавриди ҳалли бисёр масъалаҳои ҷаҳонӣ, ба монанди терроризм, экстремизм, мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва масъалаҳои глобалии экологӣ пешниҳодҳои Ҳукумати Тоҷикистонро пазируфта, мавриди амал қарор дод.

Ҳамгироӣ ва дар муҳити солим, яъне бо иттиҳоду иттифоқ ва муруввату мадоро зистан, аз ҷумлаи фаризаҳои асосии ҳамбастагии башарият дар ҳамаи давру замонҳо ба ҳисоб меравад.

Иттиҳоди миллӣ ҳамеша бар ҷангу ҷидол ва нифоқу ҷудоӣ пирӯз мегардад. Сулҳу ваҳдат ва таҳаммулпазирӣ дар табиату хислати мардуми тоҷик ба арзишҳои муқаддас табдил ёфтаанд, ки бо ҷону равони мо сиришта шуда, дар ташаккули ахлоқу фарҳанг ва зиндагии маънавии ҷомеаи мо қадру манзалати баланд доранд.

Имрӯз мо низ бояд барои таҳкими рушду нумӯъ ва ифтихори миллӣ эҳтиёҷмандии хеш ва ҷомеаро ба идеяҳои нав ба нави миллӣ таъмин намоем. Азамати сарнавишти андешаҳои миллии хешро барои рушду нумуи кишварамон истифода намуда, ваҳдати тоҷиконро ба дигарон фаҳмонда тавонем.

Ваҳдат ҳамеша ифодагари сурату сирати халқи тоҷик ва марому ҳадафи он, ҳимояву посдории ҳастии хеш, арзишҳои фарҳангии худ ва таъмини ояндаи дурахшони миллат аст.

Имрӯз мо маҳз ба шарофати Ваҳдати миллӣ ва дар ин замина муттаҳид сохтани неруҳои сиёсӣ, таъмин кардани ризояти ҷомеа тавонистем истиқлолияти давлатӣ ва тамомияти арзии кишварамонро ҳифз кунем ва сарҷамъии мардуми Тоҷикистонро таъмин намоем. Бинобар ин, бо гузашти солҳо мо аҳамияти таърихии ин санади сарнавиштсоз, арзиши сулҳу субот ва моҳияти Ваҳдати миллиро ҳамчун неъмати бебаҳо беш аз пеш дарк ва қадр бояд намоем ва барои пойдору устувор мондани он ҳамеша саъю талош варзем.

Ҷавонони азиз! Чун дар арафаи ҷашни Ваҳдат қарор дорем, зарур аст, ки ба он рӯзҳое, ки баҳри ба даст овардани Ваҳдати миллӣ ҷонбозиҳо сурат гирифт, назаре андозем. Дар он солҳои пурдаҳшат бештар ҷавонон фирефтаи хоҷагони мансабхоҳу мансабталош шуда, ба хотири манфиати дигарон дар майдонҳои набард ҷони ҷавони худро аз даст медоданд. Он афроде, ки ҷавононро ба майдони ҷанг мекашиданд ва ташвиқ менамуданд, ки «бо мурдан дар роҳи Ҳақ ба дараҷаи шаҳидӣ мерасӣ», барои манфиатҳои нопоку ғаразноки худ ҷавононро қурбон мекарданд.

Имрӯз ин тарҳи нави худро ҷаҳонталабон дар симои терроризму экстремизм амалӣ намуда истодаанд. Онҳо ба ваҳдату истиқлолияти давлатҳои тозабунёд хатар эҷод мекунанд. Моро боз мехоҳанд иғво андозанд, аз ҳам ҷудо намоянд ва ҷавонони моро гумроҳ созанд. Аммо мо дигар Тоҷикистони солҳои 90 нестем. Имрӯз мо беш аз ҳар вақти дигар қавитар ҳастем, зеро ваҳдати миллӣ ва иттиҳод дорем, роҳбари зирак ва дӯстони пурқувват дорем.

Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ ва, алалхусус, Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки як ҷузъи он мебошад, нигаронӣ аз он дорад, ки ҳар гуна падидаҳои номатлуб - тундгароӣ, ифротгароӣ ва терроризм доман афрохта, ҷавонони моро низ ба коми худ мекашанд. Мутаассифона, баъзе ҷавонони тоҷик низ фирефтаи таблиғоту ташвиқоти дурӯғин шуда, ба ҳар гуна гурӯҳҳои ифротгароӣ шомил гардида, ҷони азизи худро аз даст медиҳанд, ки боиси таассуф, шарм ва маломат мебошад.

Магар ҷанги шаҳрвандӣ барои мо сабақ нашуд? Халқи тоҷик ин марҳиларо як маротиба паси сар карда, сабақи фаромӯшнопазир ҳам гирифт.

Ин ҳушдоре барои мо буд, ки хеле гарон афтод. Пас мо, бахусус ҷавонон, набояд бигузорем, ки ваҳдати мо халалдор шавад.

Фазои имрӯзаи сиёсии минтақа ва ҷаҳон моро водор мекунад, ки тамоми неруҳои созандаи ҷомеаро барои ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳкими давлатдорӣ, Ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва рушди ҳамаҷонибаи иқтисодиву иҷтимоии мамлакат равона созем.

Дар ин амри хайр ҷавонони кишвар ҳамчун неруи пешрав ва бунёдкори ҷомеа бояд нақши арзанда дошта бошанд, зеро ояндаи ҳар як давлату миллат ба ҷавонон вобаста мебошад. Ин нукта нисбат ба Тоҷикистон маънии хоса дорад, чунки 70 фоизи аҳолии кишвари моро ҷавонон ташкил медиҳанд. Бинобар ин, мо ҷавононро дар татбиқи сиёсати давлатӣ такягоҳи асосӣ медонем.

Бинобар ин, ҳар як сокини мамлакат бояд бо шукронаи сулҳу субот ва оромиву осудагии кишвар ҳамеша барои таҳкими Ваҳдати миллӣ, тақвияти пояҳои давлатдории миллӣ ва вусъати раванди бунёдкориву созандагӣ саъю талош намояд.

Муродова Гулчеҳра, номзади илмҳои сиёсӣ, дотсент, мудири кафедраи сиёсатшиносии ДДК ба номи А.Рӯдакӣ




Ба рӯйхат