, Чоршанбе, 17-декабр


ЭЪЛОН!


Раёсати Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ба диққати донишҷӯёни шакли таҳсили ғоибона, равия ва ихтисосҳои омӯзгорӣ мерасонад, ки машғулиятҳои дарсии ҳузурии нимсолаи якуми соли таҳсили 2025-2026 тибқи нақшаҳои амалкунандаи таълимӣ ва фармоиши ректори донишгоҳ аз 10.10.2025, №272 «Оид ба тартиби ташкил ва гузаронидани машғулиятҳои дарсии ҳузурӣ ва сессияи санҷишию имтиҳонотии донишҷӯёни шакли таҳсили ғоибона барои нимсолаи якуми соли таҳсили 2025-2026» барои донишҷӯёни курсҳои 1, 2, 3 ва 4 аз санаи 22.12.2025 оғоз  гардида то 10.01.2026 идома хоҳад кард.

Ҳамзамон сессияи санҷишию имтиҳонотии нимсолаи якуми донишҷӯёни курсҳои 1, 2, 3 ва 4 шакли таҳсили ғоибона аз санаи 12.01.2026 то 20.01.2026 ба роҳ монда мешавад.

Иштироки донишҷӯён дар машғулиятҳои ҳузурӣ ва сессияи санҷишию имтиҳонотӣ ҳатмист!

Раёсати Донишгоҳ

 17.12.2025
Лутфан барномаи моро насб намоед!