, Сешанбе, 12-май

НАҚШИ МУАССИСАҲОИ БОТАНИКӢ ДАР ҲИФЗИ ГУНОГУНИИ БИОЛОГӢ


НАҚШИ МУАССИСАҲОИ БОТАНИКӢ ДАР ҲИФЗИ ГУНОГУНИИ БИОЛОГӢ

Имрӯз, 6 май Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ мизбони конфронси байналмилалии «Нақши муассисаҳои ботаникӣ дар ҳифзи гуногунии биологӣ» буд. Конфронс бо ибтикори Марказии илмии Хатлони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба 35- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 75-солагии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва 40-солагии фаъолияти Боғи ботаникии Кӯлоб ба номи Тилло Бобоев баргузор гардид.

Дар кори конфронс президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, муовини ректор оид ба таълими Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, дотсент Абдусамадзода Эраҷ, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ва олимону муҳаққиқон аз дохил ва хориҷи кишвар иштирок намуданд.

Нахуст, муовини ректор оид ба таълим, дотсент Абдусамадзода Эраҷ зимни суханронии ифтитоҳӣ меҳмонон ва иштирокчиёни конфронсро хайрамақдам гуфта, баргузории чунин ҳамоишҳои илмиро дар тақвияти ҳамкориҳои илмӣ, мубодилаи таҷриба ва рушди минбаъдаи таҳқиқоти соҳаи табиатшиносӣ муҳим арзёбӣ намуд.

Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт зимни суханронии хеш иброз дошт, ки дар шароити тағйирёбии иқлим ва афзоиши таъсири омилҳои антропогенӣ ҳифз ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, аз ҷумла гуногунии биологӣ, ба яке аз масъалаҳои калидии илми муосир табдил ёфтааст. Қайд гардид, ки муассисаҳои ботаникӣ ҳамчун марказҳои муҳими илмӣ-назаравӣ ва таҷрибавӣ дар самти омӯзиш, ҳифз, барқарорсозӣ ва ғанисозии олами наботот нақши арзанда доранд.

Таъкид гардид, ки Боғҳои ботаникӣ на танҳо ҳамчун пойгоҳи илмӣ, балки ҳамчун марказҳои маърифатӣ ва таълимӣ барои баланд бардоштани сатҳи дониш ва маърифати экологии ҷомеа хизмат менамоянд. Дар ин замина, таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ, татбиқи технологияҳои муосир ва ҷалби мутахассисони ҷавон ба корҳои илмӣ аз самтҳои афзалиятнок маҳсуб меёбанд.

Зикр гардид, ки сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист ва истифодаи устувори захираҳои табиӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, барои рушди илмҳои табиатшиносӣ ва густариши фаъолияти муассисаҳои илмӣ заминаҳои мусоид фароҳам овардааст.

Дар идома узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Саидов Абдусаттор ва дигар олимону муҳаққиқон дар суханрониҳои хеш ба масъалаҳои муҳими рушди илмҳои ботаникӣ ва ҳифзи гуногунии биологӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд. Зикр гардид, ки омӯзиши амиқи захираҳои флористӣ, муайянсозии навъҳои нодир ва зери хатари нобудшавӣ қарордошта, инчунин таҳияи механизмҳои муассири ҳифзи онҳо аз вазифаҳои аввалиндараҷаи муассисаҳои илмӣ ба ҳисоб меравад.

Ҳамзамон, иштирокчиён таъкид карданд, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ ва тағйирёбии босуръати иқлим зарурати таҳкими корҳои таҳқиқотӣ, ҷорӣ намудани усулҳои инноватсионӣ ва истифодаи технологияҳои муосир дар самти ҳифзи муҳити зист беш аз пеш меафзояд. Дар ин замина, густариши ҳамкориҳои илмӣ бо марказҳои бонуфузи байналмилалӣ ва татбиқи барномаҳои муштарак ҷиҳати нигоҳдории экосистемаҳо муҳим арзёбӣ гардид.




Ба рӯйхат