, Сешанбе, 16-июн

СУЛҲИ ДЕРИНТИЗОР


СУЛҲИ ДЕРИНТИЗОР

Ҳар гоҳе ки сухан дар мавриди сулҳу якдилӣ меравад, пеш аз ҳама симои фарзанди фарзонаи миллати тоҷик, Президенти маҳбуби кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пеши назар меояд, ки бо туфайли сиёсати созандаву хирадмандонаи он кас ба ин рӯзҳои хуб расидем.

Сулҳу субот ва осоиштагӣ ин мафҳуми арзишманду муқаддасанд, ки онро мардуми кишвари мо ба осонӣ ба даст наовардаанд. Хизматҳои Пешвои миллатамон дар ин масъала арзиши худро ҳеҷ гоҳ гум намекунанд. Ин корнамоии як нафар фарзанди ҷоннисори миллат аст, ки шуруъ аз аввалин рӯзҳои роҳбарии хеш ба қавлашон: «…То вақте ки дар қайди ҳаёт ҳастам, барои халқам, барои ватанам хизмат мекунам» устувор истоданд.

Беш аз 34 сол боз нангу номуси миллатдориву ватандориро дар пояи як сиёсатмадори барҷаста ва роҳбари сатҳи олӣ бо сари баланд Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бар дӯши худ доранд ва тамоми ҳастиву вуҷуди худро барои миллат, барои беҳбудиву шукуфоии ватани хеш бахшидаанд. Дар навбати аввал, мо бояд таъкидҳои роҳбари мамлакатамонро дар мавриди ҳушёриву зиракии сиёсӣ дар ҷаҳони босуръат тағйирёбандаи авзои ҷаҳон фаромӯш накунем, зеро ки ҳаёти пурмоҷарои сиёсии асри бистуяк исбот намуд, ки барои ҳар як давлату миллат ҳифзу нигаҳдории амнияти милливу давлатӣ дар ҷои аввал меистад.

Бесуботиву бенизомии ҷаҳони имрӯз зарбаҳои сангин ва бениҳоят хашин ба давлатдории кишварҳои рӯ ба тараққиниҳодаи осиёӣ мезанад ва ин як ҳодисаи тасодуфӣ нест. Дастандаркорони ин ҳаводиси мудҳиш ва фоҷиабор кишварҳое мебошанд, ки барои амалӣ сохтани ғаразҳои геополитикии хеш бо роҳу василаҳои гуногун сабаби ҷангу муноқишаҳо, даргириву бесуботиҳо дар манотиқи гуногуни сайёраи мо мешаванд. Дар ин росто, моро мебояд дар зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарҷамъу муттаҳид шуда, барои тинҷиву оромии кишвари азизамон пайваставу пайваста талош намоем, чунки мо ин мусибату бадбахтиро аллакай авохири асри бист сипарӣ намудем. Ҳар қадаре ки аз он рӯзҳои сангини ибтидои солҳои 90-уми асри XX вақти зиёд сипарӣ мешавад, арзиши оромиву осудагӣ ва сулҳ барои мардуми тоҷик ҳамон қадар баланд мегардад. Орзумандам, ки он рӯзҳои мудҳиши ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ҳеҷ гоҳ ба сари миллати баргузидаи тоҷик барнагардад.

Насли калонсол ва солхӯрда он замонҳои мудҳишу нооромиро хуб дар хотир доранд, аммо мо пайваста бояд бар он кӯшиш намоем, ки насли ҷавон аз он огоҳ бошанд ва ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд, билхусус дар шароити кунунӣ, ки авзои ҷаҳон басо мушкилу пурошӯбу пурмоҷаро мебошад.

Ногуфта намонад, ки Тоҷикистони азизи мо дар баробари дигар кишварҳои собиқ Шуравӣ баъди пошхурии давлати бузурги Иттиҳоди Ҷамоҳири Шуравии Сотсиалистӣ ва ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ аз рӯзҳои аввал ба мушкилоти зиёди сангин рӯ ба рӯ гашт. Душманони миллати таъриху тамаддуни куҳандоштаи мо ҳеҷ намехостанд, ки баъди ҳазор сол соҳиби давлату ҳукумати худ шавем, барои ҳамин бо ҳар роҳу восита кӯшиш менамуданд, ки дар сарзамини мо нооромиву носуботиро ба роҳ андозанд ва сулҳу суботро аз байн бубаранду халқи тоҷикро аз миллату сарзамини хеш маҳрум созанд. Ва мутаассифона, дар саргаҳи роҳи Истиқлолияти давлатӣ тавонистанд то андозае ба ин ниятҳои нопоки худ муяссар шаванд.

Бо дасисаи душманони миллати хориҷии тоҷик бо баҳонаи озодии дину демократияву сухан тавонистанд миллати моро зидди якдигар шӯронанд, мафкураи мардумро махлут созанд.

Боиси таассуф аст, ки дар ин нооромиҳо аз сабаби ҷаҳолату гумроҳӣ, баъзе афроди алоҳида аз мардуми мо низ ҳамчун зархариди хориҷа дар ин нооромиҳо даст доштанд. Дар як муддати кӯтоҳ дар мамлакати начандон калони мо чандин ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, тундрави сиёсӣ ва динӣ ташкил гашта, ҳар кадоме бо баҳонаи ҳимоя аз дину манофеи миллӣ авзои бе ин ҳам ноороми сиёсиро нооромтар сохтанд. Сохти давлатдорӣ қариб ки фалаҷ шуда буд ва аз сабаби талабҳои пайвастаи мухолифин мамлакат, намояндагони мардумӣ дар Шурои Олӣ қарорҳои муҳими давлатиро, ки барои ором намудани вазъият равона шуда буд, қабул карда наметавонистанд, чунки бо баҳонаҳои гуногун аз тарафи намояндагони гурӯҳи иртиҷоӣ рад карда мешуданд. Мардуми аз сиёсат дури навоҳии гуногуни Тоҷикистон бо дурӯғу ваъдаҳои пучи мухолифин бовар карда, ба майдон кашида шуданд.

Аз тарафи дигар, барои дифоъ аз сиёсати давлату ҳукумати қонунии ҳамонвақта намояндагони мардумӣ аз минтақаҳои дигари кишвар, махсусан шаҳру навоҳии Кӯлоб ба майдон баромаданд. Билохира, кор ба задухӯрди тарафайн анҷом ёфт. Мухолифини силоҳбадаст аз яроқу аслиҳаи ҷангӣ сарукор гирифтанд. Аввалин қурбониёни ин дасисаву муноқишаҳои душмани миллати тоҷик мардуми оддӣ ва зиёиён буданд. Пеш аз ҳама, сармуҳаррири «Садои мардум» Муродалӣ Шерализода (Шералӣ) аз тарафи мухолифини силоҳбадаст кушта гардид. Намояндагони мардумӣ аз тарафи мухолифин гаравгон гирифта шуданд ва чанде аз ҷавонмардони кӯлобӣ низ дар ин ҳаводис ба тарзи ваҳшиёна кушта шуданд. Хулосаи калом, ҷанги бародаркуш оғоз гардид.

Ба ёд овардани он замон хеле дардовар аст, вале зикр намудани воқеияташ барои огоҳ намудани насли ҷавон, ки ҷангу хархаша бадбахтӣ меорад ва ба фиребу найранги душманони миллати тоҷик гирифтор нашаванд, хеле муҳим аст.

Дар ҳамон шабу рӯзҳои мудҳиши ибтидои солҳои навадум баъди гирдиҳамоиву майдонбозиҳо дар натиҷаи ошӯбу даргириҳо ба вуҷуд омад, ки оқибат ба ҷанги шаҳрвандӣ сабаб шуд. Акнун аз он замони осоиштагӣ чизи боқӣ намонда буд. Ҳазорон хонаву кошонаҳо, биноҳои ҷамъиятиву маъмурӣ вайрону валангор гашта, мардум сарсону саргардон шуданд. Бар асари қатлу куштор падару модарон аз фарзандон маҳрум ва фарзандон бе падару модар монданд.

Бештар аз ҳама, бадбахтии мудҳиш дар он буд, ки бар асари мағзшӯии мардум, махсусан дар он минтақаҳое, ки мафкураи иртиҷоии динии ифротӣ зуҳур кардаву таъсирпазир буд, тарғиби ғояҳои бегонапарастӣ ва оштинопазирӣ бо сиёсати ҳамонвақтаи ҳукуматӣ роҳандозӣ мешуд, ки натиҷаи он боиси ҷангу куштор ва хунрезӣ гардид. Фитна аллакай кори худро карда буд, бародар қотили бародар, писар душмани падар гашт. Мардуми осоишта аз тарси хавфи ҷони хеш дар ба дару хонабардӯш гашт, тоҷик ба хотири ҳимоят аз хатари ҷони хеш маҳрум аз хонаву дар гардид. Дар гӯшаҳои гуногуни мамлакат, махсусан ба шаҳри Кӯлобу баъзе навоҳии он ва кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Афғонистон ҳазорон-ҳазор мардуми осоишта бо аҳлу авлод фирорӣ шуданд. Сад афсӯс, ки авбошиву ғоратгарӣ ва бетамизиву бадахлоқӣ ҷои маърифату маданият ва фарҳангро гирифт. Вазъият то рафт муташанниҷ мегардид. Қурбониёни ин фоҷиаи миллӣ рӯз аз рӯз меафзуд. Ҳазорон ҳамватанони мо дар ғурбат умр ба сар мебурданд. Шумораи фавтидагони ғариби дур аз ватан, махсусан фирориёни дар Афғонистон буда рӯз аз рӯз зиёд мегардид. Муҳоҷирони тоҷик дар шароитҳои бениҳоят мушкил, гуруснагиву қаҳтӣ зиндагӣ мекарданд.

Хулоса, вазъият бениҳоят мушкилтару печидатар мегардид. Дар ин миён ақли созандае лозим буд, ки мардуми тоҷикро ба ҳамдигарфаҳмӣ ва сулҳу суботу оромӣ расонад ва дар баробари ин, барои роҳбарӣ ва масъулияти раҳоии миллат аз ин вазъияти ноором шахсияти фидоӣ ва ҷоннисору дурандешу миллатдӯст лозим буд.

Хушбахтона, ба бахти миллати тоҷик ақли солим ғалаба кард ва баъди маслиҳату машварат дар Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарии давлатро аввал ба ҳайси Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баъдан дар интихобот бо раъйи мардуми Тоҷикистон ҳамчун Президенти мамлакат ба зимма гирифт.

Дар он вазъияти бениҳоят хатарноку вазнин ин масъулияти бузург ва ҷоннисориро талаб мекард. Аммо Президенти маҳбуби мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар он вақт хеле ҷавону дурандеш ва марди оқилу ҷасур буд, ба хотири наҷоти миллат натарсида, наҳаросида тамоми кӯшишу ғайрат ва нерӯи худро барои ба эътидол овардани вазъият ва сулҳу субот, баъдан ободии кишвари азизамон сарф намуду ҷони худро ба хатар андохта, барои наҷоти миллат корнамоӣ кард. Махсусан, сафари он кас ба Афғонистон ва мулоқот бо роҳбарони онвақтаи ин кишвар равоншодҳо профессор Бурҳониддини Раббонӣ - Президенти Афғонистон ва вазири мудофиаи он Аҳмадшоҳи Масъуд барои созиши сулҳ миёни тоҷикон ва баргардонидани муҳоҷирони тоҷик дар шароити бисёр хатарноки кишвари зикршуда, бозгӯи ҷасорату мардонагӣ ва родмардиву вафодорӣ ба қавлу амали ин марди баору номуси миллати тоҷик мебошад. Шахсан, банда ҳар гоҳе ки навори суҳбати пурдарди Раҳбари муаззами миллатамонро бо гурезаҳои дар хоки Афғонистон тамошо мекунам, оби чашмамро дошта наметавонам. Мазмунан чунин аст: «…Солҳо сипарӣ ва ҳар касе ки аз ин ҷо мегузарад, мегӯяд, ки ин қабристони гурезаҳои тоҷик аст. Ин магар барои мову шумо айб нест. Айб нест, ки ҳамватанони мо дар ғурбат умр ба сар баранд, дар ғурбат тарки ин дунё кунанд». Ва муроҷиатҳои пайвастаи он кас барои баргардонидани ғарибони аз ватан дурафтода ҳеҷ гоҳ аз ёд намеравад: «…Ҳамватанони азиз, шуморо хонаву даратон, пайвандону наздиконатон интизор аст. Ба ватани аҷдодии худ баргардед». Дар баробари ин, бо дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ташвиқу тарғиби баргардонидани гурезаҳои тоҷик ва сулҳу ҳамдигарфаҳмӣ даҳҳо барномаҳои давлативу ҳукуматӣ роҳандозӣ шуда буданд.

Ҳамин тариқ, барои расидан ба Ваҳдати миллӣ роҳбари муаззаму маҳбуби кишвари Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заҳматҳои зиёд кашиданд, то ки мардуми тоҷику тоҷикистонӣ дар фазои сулҳу оромӣ зиндагӣ ба сар барад. Шуруъ аз рӯзҳои аввали роҳбарӣ дақиқае ҳам ором нагирифта, ҷони худро ба хатар андохта, бо нерӯву хиради азалии хеш барои сулҳи тоҷикон тамоми қуввату қудрат ва шуҷоату ҷавонмардии хешро истифода намуданд ва билохира бо ташаббуси он кас бо намояндагони мухолифини тоҷик 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Маскави Федератсияи Россия Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид, ки ин рӯз барои миллати тоҷик тақдирсоз мебошад. Маҳз бо тавассути сулҳу осоиштагӣ мо тавонистем ба ваҳдати миллӣ бирасем, ки боиси дар оянда шукуфоиву пояндагии Истиқлолияти давлатӣ гардад ва мамлакати азизи мо таҳти роҳбарии Президенти маҳбуби кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба як мамлакати амну аз ҷиҳати иқтисодиву иҷтимоиву фарҳангии пешрафтаи дунё табдил ёбад.

29 сол боз мо дар фазои оромишу осоиштагӣ умр ба сар бурда истодаем ва хизматҳои раҳбари муаззами миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама ҷодаҳо, махсусан дар ин самт ҷуброннопазир аст ва мо бояд ба қадри ҷонбозиҳову сарсупурдагиҳои ин марди шариф бирасем.

Худованд ҳеҷ гоҳ он рӯзҳои пурдаҳшатро ба сари мо наорад. Мо ин фоҷиаи хунинро пушти сар намудем ва намехоҳем, ки он бори дигар такрор шавад. Мо бояд дар атрофи сиёсати хирадмандонаи созандаву ободкоронаи Пешвои маҳбубамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар чӣ бештар муттаҳид шуда, намегузорем, ки касе осоиштагии кишвари моро барҳам занад.

Мо мардуми соҳибтамадну соҳибфарҳангем ва барои ҳимояти арзишҳои миллӣ ҳамеша омода ҳастем.

Мо сулҳу осоиштагӣ ва истиқлолияти давлату кишвари хешро ҳамчун гавҳараки чашм азиз медорем ва барои ҳифзи он тамоми нерӯи ақлониву ҷисмонии хешро истифода мебарем.

Дар охир, мехостам матлаби худро бо суханони бениҳоят арзишманди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳусни анҷом бахшам: «Биёед, ба қадри ин Ватан, ин сарзамини биҳиштосои аҷдодӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва нону намаки он расем. Мо кишварамонро худамон соҳибӣ мекунем. Ҳеҷ кас аз берун омада кишвари мову шуморо обод намекунад».

Поянда бод Тоҷикистони азиз! Поянда бод Истиқлолияти давлатӣ! Поянда бод сулҳу ваҳдати миллӣ!

Тоиров Шермуҳаммад-муаллими калони кафедраи забоншиносӣ ва таърихи забони ДДК ба номи А. Рӯдакӣ




Ба рӯйхат